Главная / Гуногун / Ҳусули ризқ тавассути дуо аз хазонаи ғайбии Аллоҳ

Ҳусули ризқ тавассути дуо аз хазонаи ғайбии Аллоҳ

Ҳазрати Абӯҳурайра (раз) ривоят мекунад, ки дар замони Расулуллоҳ (с) шахсе ба назди хонаводааш омад. Вақте ки онҳоро дар ҳолати фақру тангдастӣ дид, (ба хотири дуо намудан ба сурати илҳоҳу зорӣ) ба тарафи ҷангал рафт. Вақте ки ҳамсари некаш дид, ки шавҳараш ба хотири хостан аз Аллоҳ рафт, ӯ ҳам бар фазлу карами Илоҳӣ эътимод намуда, шуруъ ба омодагӣ намуд, чунончи ба назди осиёи дастӣ омад ва онро омода намуд, то бинобар ҳукми Илоҳӣ агар аз ҷое гандуме омад, онро фавран орд намояд.

Ҳазрати Абӯҳурайра

Сипас танурро ҳам равшану омода намуд, то дар пухтани нон ҳеҷ гуна таъхире беш наояд. Сипас худаш ҳам зимни дуо намудан гуфт: «Худоё, ба мо ризқ иноят фармо». Пас аз он муваҷҷеҳ гардид, ки осиё ба ҳаракат даромада ва маконе ки махсуси ордҳо буд, пур аз орд шуда буд. Ва ҳангоме ки танӯрро нигоҳ кард, дид ки танӯр пур аз нон аст.

Пас аз он шавҳараш ба манзил омад ва ба ҳамсараш гуфт:

  • Оё баъд аз рафтани ман дар хона чизе пеш омад?

Зан гуфт:

  • Оре, аз ҷониби Аллоҳ миқдори чизе ҳосил гардидааст.

Бо шунидани ин сухан ба назди осиё рафт ва аз шиддати шавқ як тарафи осиёро баланд карду саҳнаро тамошо намуд. Дар рӯзи дигар вақте моҷароро ба Расулуллоҳ (с) арз намуд, Расулуллоҳ (с) фармуд:

– Агар як тарафи он осиёро баланд намекардӣ ва онро ба ҳолати худаш мегузоштӣ, то қиёмат ин осиё барои ту орд берун мекард.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …