Главная / Маданият ва санъат / Ҳикояи Танбеҳу-л-ғофилин

Ҳикояи Танбеҳу-л-ғофилин

Дар «Танбеҳу-л-ғофилин» овардааст, ки Суфёни Саврӣ (paҳ) гуфт: «Дар тавофгоҳ будам, мардеро дидам, ки қадам аз қадам барнамедошт, то бар Ҳазрати Рисолат (с) салавот намефиристод». Ва Суфён (paҳ) мегӯяд, аз вай пурсидам, ки:

– Чӣ ҳолат аст, ки туро ба тасбеҳу таҳлил он эҳтимом намебинам, ки бар салавот. Бо он ки дар ҳар мақоме вирде муайян асту ту ба ҳеҷ вирде ба ғайр аз салавот мубодират[1] наменамоӣ?

Гуфт:

  • Эй азиз, ту кистӣ?

Гуфтам:

  • Суфёни Саврӣ (paҳ)».

Гуфт:

  • Ту агар бегона мебудиву аз аҳли замона, ман ифшои ин сир бо ту наменамудам. Бидон, эй шайх ману падарам аз билоди худ ба ҳаҷ берун омадем ва дар роҳ падарам бемор шуд, ҳарчанд дар муолиҷааш ҷидду эҳтимом намудам, муфид наёмад. Охир падарам фавт кард. Баъд аз фавти вай дидам, ки рӯйи падарам сиёҳ гашта ва чашмони ӯ азрақ[2] ва сараш сари хук гаштааст. Аз он ҳол муқаддар[3] гаштам ва гуфтам «зоҳиран падарам мунофиқ будаасту нифоқи худро пинҳон мекардааст». Рӯйи падарамро пӯшидам ва маҳзуну ғамгин ба хоб рафтам. Бидидам, ки марде омад, ки хубрӯйтар аз ӯ надида будам ва хушбӯйтар аз бӯйи ӯ ҳеҷ бӯе нашунида будам ва покизатар аз ҷомаи ӯ ҳаргиз ҷомае мушоҳида накарда будам. Он шахс ба виқору тамкин меомад, то ба сари болини падарам расид ва парда аз руйи ӯ бардошт ва дасти муборак бар руйи ӯ фурӯд овард, зулмат ба нур ва мотам ба сурур мубаддал гашт ва кабудии чашми ӯ зоил гашту сараш боз ба ҳолати аввала бозомад. Чун ин соҳибдавлат аз сари падарам бархост, ман даст бар домани ӯ задаму гуфтам:

– Эй Абдуллоҳ[4], ту кистӣ, ки дар зиммаи ману падарам ин Ҳақ исбот кардӣ ва дар замони ғурбат маро аз ин курбат[5] наҷот додӣ?

Фармуд:

– Магар маро намешиносӣ? Ман Муҳаммад (с) ибни Абдуллоҳ ибни Абдулмуталлиб ибни Ҳошим ибни Абдуманоф – соҳиби Қуръон ҳастам. Бидон, ки падари ту дар гуноҳу исён бисёр густох ва мушарраф буд, валекин бар ман бисёр салавот мефиристод, чун падаратро ин мусибат пеш омад, аз ман фарёд хост, ман ба фарёди ӯ расидам ва ӯро аз ин мӯҳлика наҷот додам.

Ва ривояге он, ки: «Чун фариштагони азоб бар вай фурӯд омаданд, малоикае, ки бар салавоти банда муаккаланд, биёмаданд ва маро аз ҳоли вай хабар карданд. Омадам ва ӯро аз ин варта ба саломат бигузаронидам».

Бедор шудам ва ба сари болини падарам омадам. Рӯйи ӯро сафед ва чашмони ӯро сиёҳ ва сарашро чун сари одамиён дидам. Акнун то зиндаам салавоти Муҳаммадӣ (С) вирди забои ва аз он Ҳазрат (с) чашми шафоат ва халосӣ аз шанаот дорам.

Суфён (paҳ) гуфт:

  • Рост мегӯӣ.

Ва шогирдони худро далолат фармуд, то ин воқеаро ба уммати Муҳаммад (с) гӯянд ва дар китобҳо бинависанд, то мардум ба баракати салавоти он Ҳазрат (с) аз азобҳои дунёву охират наҷот ёбанд.[6]

[1] Мубодират – пайваста анҷом додани коре.

[2] Азрақ — кабуд.

[3] Мукаддар – дилтанг.

[4] Яъне: Бандаи Худо.

[5] Курбат – бало.

[6] «Маориҷу-н-нубувват фи мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 129.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

shoh-podshoh

Ғазали Мавлавӣ Фоиқ

Он ки бар ӯ бувад раво, салли алайҳ ва олиҳи, Хдст ҷаноби Мустафо, салли алайҳ …