Главная / Ҷамъият / ҲИКОЯҲО АЗ «ДАСТУР-УЛ-МУЛУК»

ҲИКОЯҲО АЗ «ДАСТУР-УЛ-МУЛУК»

Оварданд, ки яке аз вузарои мозӣ (гузашта) бар шахсе гуфт, ки аз омадшуди мардум ба танг омадаам. Он шахс гуфт: эй вазир, болиши иззат аз пеш бардор ва аз маснади вазорат бархез, ман зомин, ки туро касе озор надиҳад, дубора пеши ту як кас наёяд. Чунон ки гуфтаанд:

 Пеши он кас, ки ихтиёраш ҳаст,

Халқ бе ихтиёр меоянд.
Дигар он ихтиёр рафт зи даст
Бар дараш бо чӣ кор меоянд?

Вазир

Яке аз мулуки мозӣ (гузашта) дасти тааддӣ бар моли музореъон кушода буд ва пои туғён аз ҷодаи адолат берун ниҳода. Раъоё даст ба дуъо бардоштанд ва забон ба нафрини ӯ кушоданд.

Рӯзе он золим бозе ба даст гирифта, ба шикор рафта буд. Чун аз шикор боз омад, мунодӣ фармуд, ки дасти ман, ки бар рӯи мазлумони меҳнат расида буд ва теғи ситам кашида буд, кӯтоҳ кардам ва дар мақоми раъиятпарварӣ собитқадам шудам. Умед аст, ки бадалявм дасти тааддии ҳеч золиме ҳалқаи ташвиш бар дари хонаи ҳеч мазлуме назанад ва пои ҳеч ситампешае бар дари тавилаи фақире нарасад.

Раъоёро аз ин мужда ҷони нав дар бадан даромад ва фақиронро аз ин башорат гули мурод дар чамани умед шукуфта шуд.

Байт

Аз ин навиди муборак, ки ногаҳон омад,
Башорате ба дилу муждае ба ҷон омад.

Охир адолаташ ба ҷое расид, ки барра аз пистони шер шир мехӯрд ва меш бо шир лаби шерро мешуст. Юз бо буз бо назари тез намедид, мурғи даштӣ бар фарқи баҳрӣ ошён мекард ва мурғи обӣ бо боз ҳамроҳ мешуд.

Яке аз маҳрамони ҳарими салтанат дар вақти фурсат аз кайфияти ин ҳол суол кард ва аз табдили афъол истифсор намуд (пурсид). Подшоҳ гуфт:

Имрӯз, ки дар шикор будам, дидам, ки саге пои рӯбоҳеро шикаст ва пиёдае санге бияндохт ба пои саг расид, ӯ низ шикаста шуд. Чун ҷазои мукофотро дидам, ба худ омада гуфтам.

Байт

Ба чашми хеш дидам дар гузаргоҳ,
Ки зад бар ҷони мӯре мурғаке роҳ.
Ҳанӯз аз қайди минқораш напардохт,
Ки мурғи дигар омад, кори ӯ сохт.

Азизи ман, марди рӯзгор вақте бо арӯси мамлакат даст дар оғӯш тавонад кард, ки ба оби шамшери оташбор номи хасми бадандешро аз лавҳи ҳаёт бишӯяд ва шуҷоъмард он замон соғари мурод бар лаби роҳат тавонад расонд, ки паймонаи таманнои душмани шӯхчашмро ба санги зафар бишканад. Чунон ки гуфтаанд.

Байт

Дар он рӯз бинӣ зи душман фароғ,
Ки шаб дар мазораш фурӯзӣ чароғ.

Азизи ман, то қомати найзаро бо қомати ёр ташбеҳ насозӣ, шоҳиди матлуб дар канор натавонӣ гирифт. То новаки хунборро ғамзаи дилдор тасаввур накунӣ, рӯи мақсуд аз оинаи шамшер рух нанамояд.

Ҳалқаи гесӯи дилбар вақте дар гарданат ҳамоил гардад, ки турраи парчамро зулфи пурхам тасаввур кунӣ. Арӯси орзу вақте дар гӯшае нишонӣ, ки обрӯи камонро бар камонабрӯе пайванд диҳӣ. Яъне бе таҳаммул ранҷе ба таҳмили ганҷе натавон расид ва бе шавкати хори дилозор тамошои гулзор натавон кард.

Байт

Касе ба гардани мақсуд даст ҳалқа занад,
Ки пеши тири балоҳо сипар тавонад буд.

Азизи ман, ҳар ки бо душман мубтало бошад, то аз вай халос нагардад, рӯз аз шаб ва шаб аз рӯз надонад ва аз парешонӣ пой аз сару кафш аз дастор нашносад, чунон ки гуфтаанд, то беморро сиҳҳат ҳосил нашавад, аз хӯрданӣ баҳра наёбад ва ҳаммол, то бори гарон аз пушт бар замин наниҳад, наосояд, то марди парешон аз хавф эмин нагардад, нафасе бо фароғат натавонад кашид.

Байт

Сари вопаси мулк то дар тан аст,
Тани мулкро фитна пироҳан аст.

Азизи ман, тарбияти аҳли басорат кимиёест, ки хоки тираро зари соф бисозад ва санги ноқисро гавҳари комил гардонад. Чунон ки гуфтаанд:

Байт

Аз тарбият аст, ки хок гавҳар гардад.
Хун дар таҳи нофа мушки асғар гардад.
Он оҳани тирарӯи беҳимматро
Иксир чу тарбият кунад, зар гардад.

Азизи ман, сабаби бузургӣ ақлу адаб аст. Ҳар ки ақли софу хиради комил дорад, хешро аз пояи ҳазизӣ (пастӣ) ба мартабаи шарифӣ тавонад расонд.

Байт

Ба пешкории ақли шарифу рои дуруст
Тавон каманди тасарруф бар осмон афканд.

Азизи ман, ақли дурандеш ва ройи оламоройро дар ҳар сурат, ки пеш ояд ва ба ҳар ҳодисае, ки рӯй намояд, ҳокими одил ва мумайизи (зираки) комил бояд донист, ки шарафи ҷавҳари одамӣ ба сафои хирад аз дигарон имтиёз дорад.

Байт

Ақл аст, ки бунёди шараф маҳкам аз ӯст,
Афзунии ҳурмати банни одам аз ӯст.

Азизи ман, мушоварат иҷтимоъи уқул аст. Ҳар ҷо, ки аҳли ақл дар муҳимме шурӯъ намоянд, агар шар бувад ба хайр анҷомад. Сухани Мавлавӣ, ки маъдани ҷавоҳири маънавист, шоҳиди ин қавл аст:

Чу ояд мушкиле пеши хирадманд,
Аз он мушкил фитад дар кори ӯ банд,
Кунад ақли дигар бо ақли худ ёр,
Ки то дар ҳалли он гардад мададгор.
Зи шамъе чун нагирад нур хона,
Фурӯзад шамъи дигар дар миёна,
Вале ҳаст ин сухан бо ростбинон
Ба садри ростӣ болонишинон.
На дар каҷрав ҳарифони каҷандеш,
Ки гардад аз ду каҷрав каҷравӣ беш.

Азизи ман, дар ҳудуси воқеъот ва вуқӯъи ҳодисот аз мушоварот гурезе нест. Замири ту ҳарчанд ваҳйошност,

Дари машварат нокушудан хатост.

Бояд, ки мушовиратро бо аҳли ҳикмат ва асҳоби таҷриба кунӣ, ки:

Муаммост ин машварат филмасал,

Ки ҳар кас тариқи дигар карда ҳал.

Тадбири ин тоифа соиб аст ва табиъат ба тадбир аст табъ кардан воҷиб. Чунон ки гуфтаанд.

Байт

Рои равшан зи бузургони кӯҳансол талаб,

Обҳо соф дар айёми хазон мегардад.

Ва дигар пири тадбирро беҳ аз ҷавонони шуҷоъатосор аст.

Байт

Дар сафи разм бо ҷавонон пӯй,

Лек тадбири он зи пирон ҷӯй.

Гарчи барно ба разм коргар аст,

Кӯшиши кордидагон дигар аст.

Азизи ман, нӯшдоруи насиҳат мебояд хушмаза ва ширин бошад, то тановули он беморро осон намояд. Чун табъи бемор шикаста аст, аз сухани сахт шикастатар гардад.

Чунон ки гуфтаанд,

Байт

Майкашиҳои ман аз панди ту бошад, зоҳид,

Сухани сахти туам тавбашикан гардидаст.

Азизи ман, сипоҳӣ бояд ки нӯки синони обдор барои ҷавҳари ҷон дар хазинаи дили душман фурӯ занад ва дами шамшери заҳрпоши худро монанди сарҳангоми айёрпеша ба қасди гавҳари рӯҳи хасм ташна дорад.

Байт

Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст,

Агар рӯбаҳ далер афтад, чу шер аст.

Азизи ман, битарс аз кина, ки дар синаи мулук қарор ёфта бошад. Чаро, ки эшон ба нахвати (ғурури) салтанат дар боби интиқом мутаассибанд. Чун фурсат ёбанд, ба ҳеч узр нагзоранд. Ташбеҳи кина дар синаи подшоҳ чун ангишти фусурда бошад, агарчи алҳол оташ надорад ва зарари ӯ намерасад, аммо вақте ки шарораи ғазаб ба ӯ расид, афрӯхта гардад. Ва дуди интиқом, ки аз сари оташи кина хезад, басе димоғҳоро хушк созад ва дидаҳоро тар гардонад. То заррае аз ангишти кина дар синаи мулук боқӣ бошад, аз мазаррати (зарари) шӯълаи хашм эмин натвон буд.

Байт

Хатарҳост дар кори шоҳон басе,

Ки бо шоҳ хешӣ надорад касе.

Ва баъзе аз ҳукамо подшоҳонро низ ба оташ ташбеҳ кардаанд, агарчи гоҳҳо ба партави иноят (дастгирӣ) кулбаи торики дардмандонро рӯшноӣ мебахшад ва ба шӯълаи сиёсат низ хирмани савобиқи (шиносоиҳои) хизматгоронро месӯзад. Аз ин ҷиҳат гуфтаанд: дар қаъри дарё бо наҳанг ғӯтта хӯрдан ва аз лаби мори думбурида заҳр макидан, аз мулозимати салотин ба саломат наздиктар аст.

Азизи ман, ҳар киро роиҳае (бӯи хуше) аз гулзори хирад ба машоми дил расида бошад, донад, ки тухми озор корад, ҷуз маҳсули мазаррат (зарар) бар надиҳад ва ҳар ки ниҳоли манфиъат нишонад, ғайр аз меваи осоиш начинад.

Чунон ки гуфтаанд:

Деҳқони солхурда чӣ хуш гуфт бо писар,

К-ай нури чашми ман, ба ҷуз аз кишта надравӣ.

Азизи ман, ба зиёдатии манасабу тақарруби (наздикии) мулук (подшоҳон) мағрур нагардӣ, ки мизоҷи мулук ҳукми обу оташ дорад ва эътимодро нашояд. Яқин дон, ки ҳар илалеро иззате дар ақиб аст ва ҳар давлатеро илале дар пай. Чунон ки гуфтаанд,

Байт

Чӣ менозӣ ба ин давлат, ки ҳар гаҳ бахт баргардад,
Кулоҳи хусравиро косаи дарюза месозад.

Азизи ман, ба зиёдатии мансабу тақарруби мулук илтифоти подшоҳ бодаест, ки кораш хубрубоист. Халоиқро бо чунин кас кор бисёр ва ин касро ба ҳуш будан бисёр душвор. Агарчи гоҳе худро ба мадади ақл бар ҷой орад, аммо мастии он бода ба ҳолаш нагзорад. Мустақимтабъ бояд, ки

 

ба бодаи давлат аз ҷо наравад, балки дар кори дармондагони мазлум бипардозад Чаро, ки дунё ҷои бемадор аст ва давлати ӯ нопойдор, чунон ки гуфтаанд:

З-он пештарак, ки соқии даҳр

Дар шарбати давлатат кунад заҳр.

Аз сар биниҳӣ кулоҳу дастор,

Ҷаҳде бикуну диле ба даст ор.

Ин сар ҳама сол бо кулаҳ нест,

Ин рӯ ҳамеша ҳамчу маҳ нест.

Азизи ман, бидон, ки корсозии мухлисон ва муҳимбарории бекасон василаи ҳусули динию дунявист. Ва сабаби дараҷоти суварӣ ва маънавӣ чунон ки гуфтаанд:

ДАР ҲОЛИ ВАЗИРОН

Азизи ман, вазир бояд, ки барои равшанӣ ва шамъи шабистони мамлакат бошад. Ва ба фикри савобандеши худ ҳазор уқдаи мушкил баркушояду киштии дарёи фитнаро ба гирдоби изтироб бинад, ба ҳукми гаронсанги худ фурӯ нишонад ва шохсори хористони домангири бедодро ба тундбоди сиёсат аз беху бунёд барандозад.

Байт

Барандоз бехе, ки хор оварад.

Дарахте бипарвар, ки бор оварад.

Азизи ман, яке аз ройҳои (андешаҳои) дуруст ва аз тадбирҳои ростон аст, ки чун шавқату қудрати душман зоҳир гардад ва эҳтимоли он бошад, ки ба сабаби хусумат мулк ба фасод равад ва раъият дар марази (бемории) талаф афтанд, бояд, ки нақши ҳила бароварда, каъбатайни (гардишҳои) хасмро (душманро) ба лутфу инъом боздорӣ, чаро ки дар бисоти таҷарруду такаббур нақши мурод ба номи хасм баста аст. Дар ин вақт дов талабидан назди мухосамат (душман) аз хирад дур менамояд ва аз пирояти (зебу зинати) таҷриба маҳҷур (дур). Чунон ки гуфтаанд:

Ҳаме то барояд ба тадбир кор,

Мадорои душман беҳ аз корзор.

Чу натвон адуро ба қувват шикаст,

Ба неъмат бубояд дари фитна баст.

Азизи ман, душманро ба мулоимат аз пой андохтан беҳтар бошад, ки ба тундиву ҷанг. Набинӣ, ки оташ ба он тундӣ агар бар дарахте дарафтад, он чӣ дар рӯи замин аст, месӯзад, (агар) об аз роҳи мулоимат бар дарахте дарафтад, аз беху бунёд барандозад. Аз ин ҷиҳат гуфтаанд, ки душмани қавиро ба лутфу тамаллуқ ром тавон кард ва сайди саркашро ба мадоро дар дом тавон овард.

Байт

Ту нармӣ кун, ки ҳар коре, ки сахт аст,

Ба нармию мадоро метавон кард.

Азизи ман, бар вузаро лозим аст, ки дар таскини фитна кӯшиш намоянд. Чаро ки хубтарини ройҳо (чораҳо) ва беҳтарини тадбирҳо фитна фурӯ нишонидан аст, на дар хашму ситеза шудан. Чунон ки гуфтаанд:

Ситеза макун, з-он ки боди ситез

Кунад боғи инсофро баргрез.

Ситеза ба ҷое расонад сухан,

Ки вайрон кунад хонумони кӯҳан.

Азизи ман, агар рои (андешаи) подшоҳ аз ғурури ҷабборӣ ва нахвати (ғурури) шаҳриёрӣ аз вартаи хилму бурдборӣ мунҳариф гардад (аз роҳи рост берун равад), бояд ки вазири росттабъ ӯро ба тариқи маслиҳат ба роҳи салоҳ орад ва ба нӯшдоруи мавъиза он мизоҷи мунҳарифро бар маркази адолат нишонад.

Азизи ман, шоҳу вазир аз рӯи иттиҳод бар як гӯшаи бисот нишинанд, аз савдои аспу фил пиёда шаванд, ба бозии фарзин банди хаёлоти фосид, ки аз бурудаоти арсаи тааллуқот аст, рухи ҳиммат бартобанд, то кори душман сохта шавад ва ба аҳволи дӯст пардохта гардад, зеро ки дасти душман ба домани давлати мардуми мувофиқ нарасад ва ба нохуни меҳнат чеҳраи ҳоли муҳолифонро харошад.

Азизи ман, саъй кун, ки санги тафриқа дар маҷмаи душман афтад, чаро ки ихтилофи хасмон (душманон) муҷиби фароғи дили дӯстон аст:

Чу дар лашкари душман афтад хилоф,

Ту бигзор шамшери худ дар ғилоф.

Чу душман ба душман шавад муштағил,

Ту бо дӯст биншин ороми дил.

Чу гургон писанданд бар худ газанд,

Баросояд андар миён гӯсфанд.

ДАР САНҶИДА ГУФТАН

Азизи ман, сухани андеша нокарда чун зари носанҷида аст. Аввал бояд ки ба худ андеша бикунӣ ва нақди ҳар фикреро бар маҳаки имтиҳон бизанӣ. Он чи аз хаёлот тамоми ёр афтад, онро ба зуҳур орӣ.

Байт

Сухане, к-он сари андеша н-ояд, Навиштанрову гуфтанро нашояд.

Азизи ман, забони сулҳомез ба як нукта сад уқдаи мушкилро ҳал намояд ва сухани шӯрангез ба як ишорат гардани гӯяндаро баста гардонад. Чунон ки гуфтаанд:

Агар ба чашми хирад дар сухан нигоҳ кунӣ, Бизоъатест, ки ҳам суду ҳам зиён дорад.

ҲИКОЯ

Гӯянд, ки Акбар подшоҳ ба иродаи сайри Кашмир аз шаҳри Аҷмир баромад ва аз дарёи Лоҳур бар киштӣ нишаста убур мекард. Яке аз сухансароёни мизоҷдони ӯ ба арз расониданд, ки он гӯли бахтбаргашта Мирзо Ёдгор кулли мардуми фитнаангези рӯзгорро бар худ мехондааст. Суханҳое зиёда аз ҳоли худ бар забон мерондааст. Акбар подшоҳ баъд аз истимоъи ин сухан сафинаи ақли худро дар уммони (баҳри) тафаккур андохта, ҳамчун гирдоб дар ҷайби худ печид. Чун мавҷи об лаби худро меҷунбонид, мулҳами Ғайбӣ бар забони Акбар подшоҳ ин байт ҷорӣ гардонид:

Байт

Кулоҳи хусравию тоҷи шоҳӣ Ба ҳар гӯл кай расад, ҳошо ва калло.

Охир даъвои баланд он гӯлро дар пояи пастӣ афканд ва сухани калони ӯ бар сараш расид.

Байт

Хор, ки дорад забон нештар,

Ҳам ба халидан шиканад бештар

Азизи ман, касеро ки мӯҳри сукут бар ҳуққаи (қуттичаи) нутқ шуд, дар чамани зиндагонии ӯ ҳама раёҳини саломат рӯяд ва ниҳоли ҳаёташ самараи роҳат бахшад. Чун гулбуни балоғат дар табассум ояд ва чун булбули басоҳат дар тараннум дарояд, эмин натавон буд, ки роиҳои (бӯи) гулзори сухан ба сабаби тафреҳи (шодиафзойи) димоғ аст, на боиси зуком…

Чун чашми Имомқулихон аз нур тиҳӣ шуд, камаррикоби Надир Муҳаммадхон аз Балх баромада ба сӯи вилояти Ҳисор гардида, Давлатбий, ки ҳокими вилояти мазкур буданд, ба истиқбол баромада қалъаро пешкаш кард. Ҳасанбеки Рафеъ аз рӯи табъ ин рубоӣ (байт) имло намуд.

РУБОӢ (БАЙТ)

Шоҳо, ба кафи Ҳисор гардун омад,

Аз чархи фалак бахти ту афзун омад.

ҲИКОЯ

Гули чамани маъонӣ Соибои Исфаҳонӣ рӯзе дар боғи «Ҳазор Ҷариб»-и Сифоҳон бо ҳамроҳии моҳталъатон (моҳрӯён) боданӯшӣ мекард ва яке аз он касон, ки Соиборо ба ӯ тааллуқе буд, дар олами мастӣ ба чашми пурхумораш аз

 

дасти рӯзгор халале расида. Соибо аз ин боб мутааллим (аламзада) шуда, ин рубоиро имло намуд.

РУБОӢ

Дар гулшани зебои ту, ай дурри хушоб,

Ғамгин машавӣ, ки наргисат шуд бе об.

Дар маҷлиси ноз ҳар ду май мехурданд,

Бедор яке монду яке рафт ба хоб.

Азизи ман, нодон касе, ки ҷавҳари гаронмояи ҳастиро дар чаҳорсӯи муғолатгоҳи рӯзгор раҳини (шарти) ошноӣ ва сарфи ношиносии бебасаре (бехабаре), ки чашми дилаш холӣ аз кӯҳли (сурма) ҷавоҳирманиш бошад, намояд ва он гаҳ марде, ки нақди комили иёри (фиребандаи) зиндагониро дар муғолатгоҳи айём ба дасти худношиносии чанде баамдан (аз рӯи қасд) супорад, узраш ноқабул ва тақсираш (хатояш) нописанд хоҳад буд.

Байт

Инон ба дасти фурӯмоягон мадеҳ, зинҳор,

Ки дар масолеҳи худ харҷ мекунанд туро.

Эй умри азиз ва эй асли фикрати (ақли) ботамиз, ба хотири ман, ки ошнохонаи наздики ғам ва сарои бемонеъи кулфат аст, чунон мерасад, ки хори вуҷуди ту, ки мавзӯъ аз барои сӯхтан аст, чаро бояд, ки домангири аҳбоб (дӯстон) гардад ва хоки ҳастии ту, ки мавҷуд аз барои бехтан аст, чун шояд ки ғубори хотири асҳоб (ҳамсӯҳбатон) шавад?

Байт

Нест холӣ зи халал сӯҳбати абнои ҷаҳон,

Пой берун манеҳ аз гӯшаи вайронаи хеш.

Азизи ман, аз феъли бад мунҳариф (ҷудо) гаштану аз мардуми бад канор гирифтан оқилонро лозим аст ва кори худ ба салоҳ овардану нийат бар ҳасана доштан хирадмандонро аз фароизу лавозим аст.

Пас марди оқил бояд, ки тарҳи дӯстӣ бо мардуми оқил афканад ва аз сӯҳбати дӯсти нодон бигрезад, чунон ки гуфтаанд:

Байт

Зи зиндону ҳарифи ҳабс бигрез,

Зи пастону зи ноаҳлон бупарҳез.

ҲИКОЯ

Овардаанд, ки дузде доно рӯи ҷуръат дар хазинаи подшоҳи вақт овард. Дид, ки подшоҳ бар тахти заррин хобида, аснофи қумоши (навъҳои газвори) шоҳию анвоъи ҷавоҳири подшоҳӣ бар рӯи бисот рехта ва шамъи кофурӣ чун рӯи тавонгарон афрӯхта ва парвонаи мискин мисли дили дарвешон паёпай сӯхта. Дузд ба назари эҳтиёт бар чапу рост мулоҳиза намуд ва дид, ки шамшере, ки қарори мулку миллат вобастаи ӯст, маймуни беқароре ба даст гирифта, қасди мӯрча, ки дар синаи подшоҳ нишаста буд, кард. Дузд чустӣ намуда, дасти маймунро бо ҳамроҳии шамшер маҳкам гирифт. Аз гирудори онҳо подшоҳ бедор шуда чунон аҳволро иттило ёфта гуфт:

Чун инояти (меҳрубонии) яздонӣ шавад, дузд посбону душман меҳрубон гардад.

Дузд қабои дониш дар бар дошт, тоҷи давлат бар фарқаш ниҳоданд, чун хори нодонӣ домангири маймун буд, либоси ҳирсаш баркашиданд.

Байт

Хасми доно, ки офати ҷон аст,
Беҳтар аз дӯсте, ки нодон аст.

Азизи ман, аз сӯҳбати ҷабборон (золимон) бипарҳез, ки зимоми (лаҶомӣ) аҳди эшон суст ва бинои олии ин тоифа заъиф афтода. Ҳамеша рухсораи мурувватро ба нохуни ҷафо харошида доранд ва сарчашмаи футувватро (ҷавонмардиро) ба хоки бадаҳдӣ тира созанд. На ихлосу ошноӣ наздики эшон ҳурмате дораду на собиқаи хидмату робитаи мулозимат (хизматгузорӣ) қадрею қиммате.

Байт

Барои хидмати он кас, ки нашносад ҳақи хидмат,
Макун ту вақти худ зоеъ, ки не музд асту на миннат.

Азизи ман, ҳузур дар ваҳдат асту фароғат дар узлат (гӯшанишинӣ), зеро ки сӯҳбати абнои замону (ҳамзамонон) муҷоласати (ҳамнишинии) дӯстони ин ҷаҳонӣ аз заҳри афъӣ (як навъ мори калони заҳрнок) зиёнкортар аст. Ва муҷолисати эшон аз мухотираи ҷон додан душвортар. Аз ин ҷиҳат аст, ки баъзе аз ҳукамо кунҷи ғоре ё таги чоҳе ихтиёр кардаанд.

Азизи ман, бисёр бошад, ки дарвеши комил ва сӯфии софдил аз худ хилват созад, бо вуҷуди ин ҳол куҷо бо дигаре пардозад. Чунон ки гуфтаанд.

Байт

Ба хилвате, ки забонбаста роз мегӯям,
Садои шаҳпари Ҷабрил дарди сар бошад.

Бирав, ай ақли номаҳрам, ки имшаб бо хаёли ӯ
Чунон хуш суҳбате дорам, ки ман ҳам нестам маҳрам.

Азизи ман, бояд ки бухлу ҳасадро дар дили худ роҳ надиҳӣ, ки ҳасад хонабарандози давлату барҳамзади чамани иззат аст. Чунон ки гуфтаанд:

Байт

Ҳасад ҳар ҷо, ки оташ барфурӯзад,
Ҳам аз аввал ҳасудонро бисӯзад.

Азизи ман, ҳар киро дидаи басират (биноӣ) ба кӯҳли (сурмаи) ҷавоҳири тавфиқи азалӣ мунаввар шуда бошад ва гулшани дилаш ба равоеҳи (бӯйҳои) раёҳини инояти (меҳрубонии) лоязолӣ (абадӣ, худоӣ) муаттар гашта, ҳар чӣ бар худ написандад, бояд ки бар дигаре низ написандад, чаро ки ҷазои амал ҳақ аст:

Хоҳӣ, ки туро ҳам бадие н-ояд пеш,
То битвонӣ, бадӣ макун аз каму беш.
Чун неку бади ту бар ту мегардад боз,
Бингар, ки чӣ кор мекунӣ дар ҳақӣ хеш.

Азизи ман, гаҳ соқии рӯзгор шарбати нӯши мурод чашонад ва гоҳҳо заҳри қаҳр ба ҷуллоби (шарбати қанд) роҳат расонад. Пас, марди собитқадам он аст, ки ба пӯшидани хилъати давлат лаби нишот ба ханда наёрад ва дар нӯшидани ҷуръаи муҳаббат аз дидаи андӯҳ ашки ҳасрат наборад, чунон ки гуфтаанд:

Ғамгин машав, ки соқии қудрат зи Ҷомӣ даҳр
Гаҳ нӯши лутф медиҳаду гоҳ неши қаҳр.

Азизи ман, домани таҷарруд (танҳоӣ) аз ғубори ағёр бияфшону сари тафрид (танҳоӣ) дар гиребони таваккул (умед ба Худо) каш ва наволаи (ғизои) заҳролудаи дунёро ба коми орзу марасон, ки гуфтаанд:

Байт

Бар хонаи даҳр дасти иродат макун дароз,
К-олуда кардаанд ба заҳр ин наволаро.

Азизи ман, қаноъат мулкест, ки ба ҳар дун (одами паст) надиҳанд ва пирояест (зебу зинатест), ки ба дасти ҳар забун (дармонда) нагузоранд. Қаноъат либосест, ки ҷуз тани подшоҳон напӯшанд ва туғроест (хатест), ки ғайр аз маншури (фармони) подшоҳ бад-он макашанд.

Рустам касе бувад, ки барояд ба хӯи хеш,
Дар вақти эҳтиёҷ бигирад гулӯи хеш.
Обест обрӯ, ки наёяд дигар ба ҷӯй,
Аз ташнагӣ бимиру марез обрӯи хеш.

Дарвеше дар бешае мегашт… ва андеша менамуд. Дид, ки шоҳбози тезпарвозе қадре гӯшт дар чанголи худ гирифта, назди зоғе бе пару боле фуруд омад. Аз гӯшт порае, ки ба қадри ҳавсалаи зоғ бошад, бад ӯ дод. Дарвеш гуфт: Хуш розест, ки мурғе, ки на қуввати тайрон (паридан) дораду на андешаи ҷавлон, дар ин беша бе тӯша намегузорад.

Азизи ман, муносиб чунон аст, ки ҳушёрони олами маънӣ мастони Ҷомӣ ғафлатро ба гӯшмоли насиҳат ҳушёр созанд. Ва лоиқ чунон аст, ки бедорони арсаи дониш бехабарони кӯи мусолеҳатро ба силии (зарбаи) адаб бедор кунанд. Агарчи сухани ҳақ аз рӯи ҳақиқат арақи инфиъол (шарм) бар рӯи хубрӯён давонад, шояд, ки яке аз ин миён обрӯи худ мулоҳиза карда, аз феъли зишти худ ва аз сӯҳбати бадон иҷтиноб намояд.

Байт

Арақ нишаст зи пандам рухи накӯи туро,
Зи ман маранҷ, ки мехоҳам обрӯи туро.

Азизам, аз сӯҳбати ҷоҳили фосиқ барҳазар бош ва хидмати оқили комилро илтизом намой (лозим шумор), ки мувосалати (пайвастагии) фисқу фуҷур чун тарбияти мор аст: рӯзе безарар нахоҳад буд ва мулозимати аҳли хирад монанди таблаи аттор аст, ки беманфиат нахоҳад буд:

Бош чу аттор, ки аз хӯи ӯ
Ҷомӣ муаттар шавад аз бӯи ӯ.

Азизи ман, исмат (поқдоманӣ) он аст, ки чун шаҳват ғолиб гардад, ту синони (найзаи) нафс боздорӣ ва домани исмат аз лабуси (либоси) ҳаром поқ созӣ ва ҷуз тариқи шаръ дар ин роҳ иқдом нанамоӣ, назар аз амали ношоиста бардорӣ, то дари хайру салоҳ бар рӯи ту кушода гардад.

Байт

Исмат он ҷо, ки роят афрозад,
Дилу динро мудом бинвозад.

Азизи ман, то пои талаб ба хорзори таъаб (ранҷ, азоб) маҷрӯҳ нагардад, дасти висол ба гиребони гули мақсуд нарасад. Ҳеҷ касро бе такопӯйи саъйе болиғ офтоби мурод аз машриқи умед толеъ нашуд ва бе ҷустуҷӯю такупӯйрӯй аз даричаи умед рух нанамуд, зеро ки бе хори таъаб натавон гул чид ва дари ганҷи мурод ҷуз ба калиди ранҷ натавон кушод. Пас, муҷоҳида бисёр бояд кард, то кас ба давлати мушоҳида расад, чунон қи гуфтаанд:

Нобурда ранҷ ганҷ муяссар намешавад,
Музд он гирифт, ҷони бародар, ки кор кард.

Азизи ман, ҳар қи қадам дар талаби қоре мениҳад, бояд қи меҳнат ӯро мутаҳаммил (бордоштноқ) бошад, он қи рӯй ба каъбаи мақсуд орад, аз таъаби бодияи (саҳрои) меҳнат набояд андешад, чунон ки гуфтаанд:

Дар биёбон чун зи шавқи Каъба хоҳӣ зад қадам,
Сарзанишҳо гар кунад хори муғелон, ғам махӯр.

Азизи ман, дар сафар таҷриба бисёр ба даст ояд ва фоидаи бешумор рӯй намояд. Набинӣ, ки осмон, ки пайваста дар сафар аст, аз ҳама болотар аст ва замин, ки ҳамеша дар сутун аст, лагадкӯби ҳар дун аст.

Байт

Дилаш аз ғами ину он абтар аст.
Вале аз ҷафои ватан беҳтар аст.

Азизи ман, бозро ба сабаби он ҷой бар соиди (шикорчии) салотин муқаррар аст, ки сар бар ошёна фурӯ намеорад ва ҷуқд ба воситаи он дар паси девор мондааст, ки дил аз ватани вайрон барнамедорад.

Байт

Чу шоҳбоз ба ҷавлон дарову сайр бикун,
Ки ҷуғд чанд тавон буд дар паси девор.

Азизи ман, алами ғурбат ба гӯши ту нарасидааст ва самуми (шамоли гармсери сӯзона) узлат (гӯшанашинӣ) ба гулшани ту навазидааст. Сафар дарахтест, ки ғайр аз хори фироқ бор н-орад ва ғурбат абрест, ки ғайр аз борони мазаллат (хорию зорӣ) қатрае наборад. «Ас-сафар қалъатун мин ас-сақар» (яъне сафар қалъаест пурмашаққат) ва шӯълаест синасӯзу тири дилшикоф ва «ҷилоун аъзам-ул-бало» (яъне ҷилои ватан балоест бузург), новакест ҷигардӯз. Пас, беҳтар ҳамон ки дӯстон иззи (шарафи) ҳузурро ба базли (харҷи) сафар бадал накунанд.

Ва фироқи ёру диёр, ки натиҷааш ҷуз нолаи зору дидаи ашкбор нест, ба ихтиёр қабул нафармоянд, чунон ки гуфтаанд: Ҷилои ватан сахт бошад басе,

Куҷо оварад тоби ӯ ҳар касе.

Ҷудоӣ дарахтест орӣ зи бар,

Ки гар бар диҳад, ҳаст маргаш самар.

Ман имрӯз он корафтодаам,

Ки домони ёрӣ зи каф додаам.

На дар дил ҳузуру на дар дида об,

Гирифтори сарпанҷаи сад ғуруб.

Азизи ман, мардуми дида аз он бар сар омадаанд, ки қадам аз зовияи (гӯшаи) худ берун наниҳодаанд ва қатароти ашк аз он поймол шудаанд, ки дар гӯшаи кошонаи худ қарор нагирифтаанд.

Байт

Даруни хонаи худ ҳар гадо шаҳаншоҳ аст,
Қадам берун манеҳ аз ҳадди хеш, султон бош!

Азизи ман, шунида будам, ки аз сафар таҷриба бисёр ба даст ояду фоидаи бешумор рӯй намояд, маро ин таҷриба шуд, ки то зинда бошам, ёди сафар накунам ва ба ихтиёр давлати мушоҳидаи дӯстонро ба меҳнати муҷоҳадаи (кӯшиши) ғурбат бадал накунам.

Байт

     Дигар муҷоҳадаи ғурбаташ ҳавас нашавад,

Ки дар мушоҳидаи дӯстон хуш аст мудом.

Азизи ман, дарди фироқи ёрону ранҷи ҳиҷрони дӯстдорон саъбтарин (сахтарин) дардҳосту сахттарин ранҷҳо. Маълум аст, ки тафарруҷи (сайру гашти) атрофи оламу тамошои риёзи (боғҳои) банни одам ба ёрони ҳамдам ва дӯстони хуррам хуш аст. Чунон ки гуфтаанд:

Байт

Баҳори умр мулоқоти дӯстдорон аст,
Чӣ ҳай (зинда) кунад Хизр аз умри ҷовидон танҳо.

Азизи ман, муддате умри худро дар шодмонию комронӣ гузаронидӣ ва баҳори ҷавониро ба хазони пирию нотавонӣ расонидӣ, акнун осори заъф дар атрофи баданат падид омада, сурур аз дилу нур аз басарат рахти раҳил (кӯч) барбаста ва ниҳоли қувватат, ки меваи мурод баровардӣ, акнун ба самуми аҷзу бечорагӣ рӯй ба пажмурдагӣ ниҳода. Одати рӯзгорон аст, ки гулшани ҷавониро ба хасу хошоки мазаллати (хорию зории) пирию муфлисӣ муқаддам гардонад. Агар марди хирадмандӣ, дидаи дилро ба кӯҳли (сурмаи) ҷавоҳири фааббар равшан созу матоъи дунёро нобуда дониста, рӯй ба ҷустуҷӯи давлати боқӣ ор. Чунон ки гуфтаанд:

Нишоти ҷавонон зи пирон маҷӯй,

Ки оби равон боз н-ояд ба ҷӯй.

Бибояд ҳавас кард аз сар бадар,

Ки даври ҳавасбозӣ омад ба сар.

Чу бар сар нишинад зи пирӣ ғубор,

Дигар айши софӣ таваққуф мадор…

Азизи ман, донистаӣ, ки дам ба дам кӯси (дойраи) раҳил фурӯ хоҳанд кӯфт ва сармояи ҳаёт, ки матоъест дар хонаи бадан амонат ниҳода, боз хоҳанд талабид. Муқаддимаи сипоҳи марг, ки иборат аз заъфи пирист, бар мамлакати бадан тохтан орад. Ва талояи (гурӯҳи пешгардӣ) лашкари аҷал, ки иборат аз мӯи сафед аст, атрофи ҳисори вуҷуд фурӯ гирад.

Навбати пирӣ гавҳарест латифу зиндагонӣ ҷавҳарест шариф, дубора ба даст наёяд, ночор аз даст равад. Ғанимат дор, ки нақдест пурҳосил. Азизаш шумор, ки мусофирест мустаъҷил (шитобанда).

Байт

Хабар дорӣ, ай устухони қафас,

Ки ҷони ту мурғест, номаш нафас.

Чу мурғ аз қафас рафт, бигсаст қайд,

Дигар раҳ нагардад ба сайъи ту сайд.

Нигаҳ назди доно беҳ аз оламест.

Даме назди доно беҳ аз оламест.

Азизи ман, ҳар ҷо,ки ишқест, ҳуснест ва ҳар ҷо, ки ҳуснест, ишқест ва ин ҳар ду як чизанд.

Азизи ман, дурри ишқ дар ҳар баҳр қарор нагирад ва райҳони муҳаббат дар ҳар бӯстон нарӯяд ва мурғи олиҳиммати ишқ дар ҳар шох ошён насозад ва ҳар тардомане тоқати неши анқои муҳаббат наёрад. Ошиқоне, ки гули мурод аз гулзори умед чидаанд ва аз мазраъаи ҳаёт ба ҳусулу самар расидаанд, аз неши ҳар хор чандин ҳазор озор кашидаанд ва аз ранҷи меҳнати ағёр балои бешумор дидаанд, то аз насими бӯи ҷонон гуле шамидаанд ва дар базмгоҳи ҷон нафасе орамидаанд, чунон ки гуфтаанд:

Хуни худро мушк кардан кори ҳар бедард нест,
Ноқаро гардид аз ин андеша мӯи сар сафед.

Азизи ман, аҷаб рангест лолазори ишқро, соъате тамошо куну дили ғамдидаи худро дар ин гулзори меҳнат ғунчасон аз насими шавқ дида во кун. Шукуфаи ин гулистон аз машшота талаби навбаҳор аст ва хуррамии ин гулзор аз абри найсони чашм хунбор аст. Ҳар шефтае, ки дар дашти Зоварони ишқ дар сайр аст, ҳасбулҳолаш мақолаи (гуфтан) Абӯсаид Абулхайр аст:

Андар ҳама дашти Ховарон санге нест,

К-аз хуни дилу дида дар ӯ ранге нест.

Дар ҳеҷ замин ҳеҷ фарсанге нест,

К-аз дасти ғамат нашаста дилтанге нест.

Муаллиф: САМАНДАРХОҶАИ ТИРМИЗӢ

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …