Главная / Маданият ва санъат / Хосиятҳои оби найсон

Хосиятҳои оби найсон

Борони оби найсонро[1] гирифта, бар он об ҳафтод бор сураи «Фотиҳа» ва ҳафтод бор «Ояту-л-Курсӣ» ва ҳафтод бор сураи «Кофирун» ва ҳафтод бор калимаи «Субҳоналлоҳи ва-л-ҳамду лиллоҳи ва ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу Акбару ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳи-л-Алийи-л-Азим» ва ҳафтод бор калимаи «Ваҳдаҳу ло шарика Лaҳy Илоҳан Воҳидан ло илоҳа иллаллоҳу мухлисина Лаҳ-у-дини ва лав кариҳа-л-мушрикун» ва ҳафтод бор салавот фиристад ва ҳафтод бор «Астағфируллоҳу ва атубу Илайҳ» хонда, бар он об бидамад ва аз он об бомдоду шабонгоҳ ҳафт рӯз пайваста бинӯшад.

boronҲар кӣ ин обро дар ин ҳафт рӯз бинушад, Худои таоло ҳама бемориҳоро аз вай бибарад ва мар вайро офият арзонӣ дорад ва ҳама дарду бемориҳоро аз рагу пайвандҳо ва устухонҳои вай бибаранд.

Агар занеро, ки фарзанд нашавад, аз он об бинушад фарзанд шавад, агарчи марди анин[2] ва зани ақима[3] бошад. Агар зан писардӯст бошад, писар зояд ва агар духтардӯст бошад, духтар зояд, ба қудрати Худои таоло.

Агар касеро дарди cap бошад, аз он об бинӯшад сокин шавад. Ва агар дарди чашм бошад, қатрае аз он об чаконад ва ҳам бинӯшад, дарди чашм сокин шавад. Ва бехҳои дандони вай сахт шавад ва бӯи даҳан нест шавад ва об аз даҳани вай наравад ва балғам кам шавад ва таоме, ки бихӯрад ҳазм шавад ва дарди қулинҷро бибарад ва зуком ва дарди шикаму дарди пушт ва дарди меъдаву дарди носур ва девонагӣ ва оби сиёҳ дар чашм ва ба ҳеҷ беморӣ, ки гирифтор нагардад.

Мавсими оби найсон он гоҳ аст, ки Офтоб дар бурҷи ҳамал[4] омада бошад, аз понздаҳум найсон мебошад. Ва ба ривояти дигар аз ҳамал ҳабдаҳ рӯз гузарад, аз ҳаждаҳуми ҳамал то ҳаждаҳуми савр дар ин мобайн оби найсон аст.[5]

[1] Найсон – моҳи  ҳафтум аз моҳҳои румӣ; моҳи  дуввум аз фасли баҳор

[2] Анин – безурриёт.

[3] Ақима — нозо.

[4] Муддати мондани Офтоб бар бурҷи ҳамал, ки ин моҳро фарвардин мегӯянд ва ба 21 март – 20 апрел рост меояд. Мавсими оби найсон аз 15 ҳамал то 15 сарв мебошад, ки он аз 5 апрел то 5 май давом мекунад.

[5] «Каҷкӯли воҷибу-л-ҳифз ва воҷибу-н-назар».

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …