Главная / Маданият ва санъат / Ҳикояи Ҳазрати Сайиду-с-содот

Ҳикояи Ҳазрати Сайиду-с-содот

Овардаанд, ки марде буд, ки бар Ҳазрати Сайиду-с-содот (с) дар салавот коҳилӣ мекард ва эҳтимом дар он боб наменамуд. Шабе он Ҳазрат (с)-ро ба хоб дид. Он Ҳазрат (с) ба вай илтифот нанамуданд ва аз ҳар ҷониб, ки меомад он Ҳазрат (с) аз вай эъроз менамуд. Он бечора гуфт:

  • Эй Расулаллоҳ (с), магар аз ман дар ғазабӣ?

Фармуд, ки:

-Не.

Гуфт:

  • Чаро ба ҳоли ман илтифот наменамоӣ?

Фармуд, ки:

  • Туро намешиносам, чӣ илтифот кунам?

Гуфт, ки:

  • Ман яке аз умматони туам ва аз уламо чунин шунидаам, ки ту умматони худро аз фарзанд шиносотарӣ.

Фармуд, ки:

  • Чунин аст, аммо ту маро ба салавот ёд намекунӣ ва маърифати ман ба уммати ман ба қадри салавоти эшон аст бар ман.

Чун он мард бедор шуд, ҳар рӯз сад бор бар он Ҳазрат (с) салавот мефиристод. Ва баъд аз он он Ҳазрат (с)-ро дар хоб дид, ки вайро гуфт:

  • Акнун туро мешиносам ва ба шафоати ту дар рӯзи қиёмат қиём менамоям, аммо ту дуруди худро тарк макун.[1]

[1] «Маориҷу-н-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 129-130.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …