Главная / Гуногун / Ҳикояи қарзи Ҳазрати Рисолат

Ҳикояи қарзи Ҳазрати Рисолат

Нақл аст, ки яке аз зуҳҳодро понсад дирам қарз баромада буд ва Ҳазрати Рисолат (с)-ро ба хоб дид, ки ӯро гуфт:

– Бирав, назди Абӯлҳасани Кисоӣ, ки мардест аз машоҳири[1] Нишопур ва ҳар сол даҳ ҳазор бараҳнаро ҷома мепӯшонад. Ӯро бигӯй, ки: «Расули Худо (с) туро салом мефиристад ва мефармояд, ки понсад дирам қарзи маро ато фармоӣ. Ва агар аз ту нишонаи сидқи[2] ин воқеаро талабад, бигӯй: «Нишони он аст, ки ҳар шаб сад бор дуруд бар он Ҳазрат (с) мефиристодӣ, дӯш фаромуш кардӣ ва дуруди худро ба тақдим нарасонидӣ».

Чун дарвеш воқеаи худ назди Абӯлҳасан арз кард, Абӯлҳасан чандоне илтифот ба ҳоли ӯ нанамуд. Дарвеш гуфт:

  • Маро Ҳазрати Рисолат (с) ба ту фиристода ва нишоневу пайғом ба ту чунин дода.

Чун нишонӣ бигӯфт Абӯлҳасани Кисоӣ худро аз тахт бияндохт ва Ҳазрати Худовандиро ҷалла ва ало саҷда ба ҷо оварду гуфт:

  • Эй дарвеш, ин сирре буд миёни ман ва Ҳақ таоло ва ҳеҷ офарида бар он иттилоъ надошт ва иттифоқо дӯш ба ин давлат мустаид нагашта будам.

Бифармуд, то ду ҳазору понсад дирам ба он дарвеш карам намуданд. Гуфт:

  • Ҳазор дирам аз барои башорате, ки аз он Ҳазрат (с) ба ман овардӣ ва ҳазор дирами дигар туфайли қадамҳои шарифи ту, ки аз барои ман омадаӣ ва понсад дирам итоати фармони Пайғамбар (с)-ро.

Ва дархост намуд, ки:

  • Ҳар гоҳ ки туро эҳтиёҷе бошад, боз ба назди ман биёӣ.[3]

Ҳикояти панҷум. Дар «Заҳрату-р-риёз» мегӯяд, ки зане назди Имом Ҳасани Басрӣ (paҳ) омаду гуфт:

  • Эй имом, духтаре ҷавон доштам, аз олам нақл кард ваоташи фироқаш дар конуни синаам иштиғол ёфта ва орому қарор аз ман рафта. Маро намозе биёмӯз ва дуое таълим намоӣ, ки чун ба тақдим расонам, фарзанди худро дар хоб бинам.

Имом вайро дуруде биёмухт, то фарзанди худро ба хоб дид, аммо дар азобу уқубат ҷомае аз қатрон пӯшида ва ғуле бар гардан ва банде дар пой. Аз ин хоб мушаввашхотир гашта ба хизмати имом омаду воқеаи худро ба ӯ гуфт. Имом низ аз ин воқеа ғамгин шуд, то бад-ин муддате бигузашт. Шабе имом дар воқеа мебинад, ки зане дар ғояти ҳусну ҷамол дар биҳишт ба зебу камол мехиромад, тоҷе бар cap дораду давоҷе дар бар. Гуфт:

  • Эй имом, маро мешиносӣ? Ман духтари фалон заифаам, ки руҷуъ ба остонаи Шумо дорад ва таълиму равиш намуда будед, то маро ба хоб бинад.

Имом гуфт:

  • Аз воқеаи модарат бағоят ғамгин будам, акнун туро ба ин нозу ниам[4] мебинам, сабаб чист?

Гуфт:

  • Эй имом, воқеаи модарам мутобиқи воқеъ буд, фааммо дар ин асно марде бар ин гӯристон гузашт ва як бор бар Мустафо (с) салавот фиристод ва дар он гӯристон понсаду панҷоҳ нафар ба азоб мубтало буданд, нидое шунидам, ки гуфтанд: «Бардоред азобро аз аҳли гуристон ба баракати салавоте, ки ин мард бар Ҳабиби мо (с) фиристод».[5]

Нукта. Эй дарвеш, аҷнабие, ки бар гӯристон мегузарад ва як бор салавот мефиристад, чандин аз аҳли азоб ба баракати салавоти ӯ аз уқубат наҷот меёбанд, бандае, ки панҷоҳу шаст сол аз рӯйи сидқу ихлос шабу рӯз бар он Ҳазрат (с) салавот мефиристад, агар аз азобу накол[6] наҷот ёбад ва ба давлати шафоати он Ҳазрат (с) рафъати дараҷоташ ҳосил ояд, чӣ аҷаб.[7]

[1] Машоҳир — номдорон.

[2] Сидқ — ростӣ.

[3] «Маориҷу-н-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 130.

[4] Ниам – неъматҳо.

[5] «Маориҷу-н-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват», Саҳ. 130.

[6] Накол – шиканҷа.

[7] «Маориҷу-н-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват», Саҳ. 130.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

musulmon-arab

Фазоили калимоти «Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи»

Ва дар мухтасари «Ҳисн» оварда аз «Мӯъҷами Табаронӣ», ки гуфт Пайғамбар (с): «Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи» …