Главная / Маданият ва санъат / ҲИКОЯИ КАБКИ ДАРӢ  

ҲИКОЯИ КАБКИ ДАРӢ  

Овардаанд, ки кабки дарие дар доманаи кўҳе мехиромид ва ғулғулаи садои қаҳқаҳааш дар гунбади сипеҳр мепечид. Иттифоқо, бози шикорие дар он ҳаво мегузашт, чун кабки дариро дид, дилаш ба муҳаббати ў моил гашт ва ба худ андешид, ки дар ин олам ҳар касе бояд ёри мувофиқ ва рафиқи меҳрубоне дошта бошад:

Касе к-андар ҷаҳон ёре надорад,
Дарахти ишраташ боре надорад.

maxresdefault

Ва ин кабк ёри хушманзар, хандонрў, сабукрўҳ, ширинзабон ва латифҳаракот аст, дил дар сўҳбати чунин рафиқ тозаву хуррам гардад:

Ёре бояд, чӣ гуна ёре бояд?
Ёре, ки гиреҳ зи кори ман бикшояд.
Ҳар гаҳ, ки ҷамоли хештан бинмояд,
3-ойинаи дил ғубори ғам биздояд.

Пас, оҳиста ба ҷониби кабк моил шуд ва кабкро назар бар вай афтод ва ҳазаркунон худро ба шикофи санге расонид. Боз аз ҳаво даромада, пеши он сўрох нишаста гуфт:

– Эй кабк, пеш аз ин аз хунарҳои ту ғофил будам ва фазлу камоли ту бар ман зоҳир набуд. Имрўз ба воситаи қаҳқаҳаи ту кушоише дар дили ман падид омад ва хиромидани дилфиреби ту маро сайд карда. Умед аст, ки минбаъд аз манн тарсону ҳаросон набошӣ ва ба сўи ман майл намоӣ.

Кабк овоз дод, ки «Эй қаҳрамони комгор, даст аз ин бечораи меҳнатзада боздор, ҳар гоҳ ки обу оташ бо ҳам якҷоя шаванд, ману ту рафиқ шуда метавонем».

Боз гуфт:

– Эй азиз, андеша кун, ки ман аз дўстӣ бо ту ҳеч ғаразенадорам, ҷанголи ман нуқсоне надорад, ки аз сайд бозмонда бошад; минқори ман қусуре надорад, ки аз хўрдан оҷиз шуда бошам. Ман ғайр аз бо ту дўсти ҳамдам шудан дигар мақсаде надорам. Ту аз сўҳбати ман чандин фоидаҳо хоҳӣ дид. Аввалан, чун дигар бозҳо мебинанд, ки ту дар сояи парвариши ман ҳастӣ, ба ту тааддӣ намекунанд ва ба дидаи ҳурмат ба ту менигаранд; дувум, ман туро ба ошёнаи худ мебарам ва ту аз кабкҳои дигар чӣ қадарҳо баланд зиндагӣ мекунӣ; сеюм, аз кабкҳо ҳар мокиёнеро, ки хоҳӣ, наздат меорам, бо вай бо хушиву хурсандӣ рўз мегузаронӣ.

Кабк гуфт:

– Ту амири мурғонӣ ва инони ихтиёри мурғон ба қабзаи иқтидори туст ва ман яке аз фуқарои ту ҳастам. Агар аз манн кирдоре содир шавад, ки мувофиқи табъи ту набошад, пас сарпанҷаи ғазаби ту маро ба ҳалокат расонад. Беҳтар ин аст, ки дар гўшаи хилват бинишинам.

Боз гуфт:

– Эй бародар, нашунидаӣ, ки дидаи дўстӣ айбро намебинад ва ҳар зиштӣ, ки аз дўст падид ояд, бағоят зебо менамояд.

Заҳри туро дўст чӣ донад? – Шакар!
Айби туро дўст чӣ бинад? – Ҳунар!

Ман, ки кирдори туро ба дидаи муҳаббат мебинам, дар гуфту шуниди ту чӣ гуна хати хато кашида метавонам?

Дидаи дўст айббин набувад. Кабк ҳарчанд узрҳои писандида мегуфт, боз ҷавобҳои маъқулу дилпазир дар муқобили он меовард. Дар охир ба аҳду паймон кабкро аз сўрох берун овард ва боз ўро бардошта ба ошёнаи худ овард. Ҳар ду бо якдигар хуш барома да рўзҳоро бо айшу тараб мегузарониданд.

Ду-се рўз аз ин миён гузашт, кабк ба боз тамоман боварӣ карда далерона сухан мегуфт ва беибо қаҳқаҳа мезад. Боз ҳам худро ба ношуниданӣ зада аз сари интиқом дармегу зашт, аммо кинаи он дар синааш ҷо мегирифт.

Рўзе боз каме бемор шуд ва барои хўрок аз ҷой ҳаракат карда наметавонист. Ҳама рўз дар ошёна буд, чун шаб даромад, хеле гурусна монд ва кинаҳои кабк, ки ба мурури замон ҷамъ шуда буд, бозро хашмолуд сохт. Ҳарчанд аҳду паймонҳои гузашта ба хотираш меомад, аммо ҳеч ба ақлаш қабул намешуд ва барои хўрдани кабк баҳона меҷуст. Кабк осори ғазаб дар башараи ў мушоҳида намуда, ба ақли хирад ҳалоки худро медид ва оҳи сард аз диди пурдард кашида, ба худ мегуфт: «Ки аз аввали ҳол назар ба поёни кор наяфгандам ва бо ғайри ҷинси худ пайвастам. Бинобар ин киштии умрам имрўз ба гирдобе дарафтода, ки муҳоли тад бир аз халоси он оҷиз аст»

На аз рафиқ вафою на аз ҳаёт умед. На аз сипеҳр башорат, на аз замона навид!

Боз бошад, ҷанголи озор кушод ва минқори хунхор ба заҳри ситам об дода, баҳонаҷўӣ мекард. Кабк аз рўи эҳтиёҷ риояти одоб менамуд ва аз ин сабаб баҳонае барои боз пай до набуд. Охируламр боз бетоқат шуда аз рўи асаб ба кабк гуфт:

– Оё раво бошад, ки ман дар офтоб бошаму ту дар соя нишинӣ?

Кабк гуфт:

– Эй амири ҷаҳонгир, ҳоло шаб аст ва ҳама оламро сояи зулмот фурў гирифта, шумо аз тоби кадом офтоб ба заҳма тед ва ман дар сояи чӣ чиз истироҳат дорам?

Боз гуфт:

– Эй беадаб, маро дурўғгўй месозӣ ва сухани маро рад мекунӣ, сазои туро додан лозим аст. Инро гуфту кабкро аз ҳам дариду хўрд.

Муллифи ҳикоя: ҲУСАЙН ВОЪИЗИ КОШИФӢ

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Боз чӣ хел паранда аст?
  2. Боз кабки дариро дида ба чӣ ҳиссиёт гирифтор шуд?
  3. Боз ба кабк чӣ таклиф кард?
  4. Мунозираи боз ва кабкро батафсил нақл кунед.
  5. Ҷавоби кабк «Ҳар гоҳ, ки обу оташ якҷоя шавад» чӣ маънӣ дорад?
  6. Боз ба кабк чӣ ваъда дод?
  7. Кабк бо кадом рафтор ба дили боз кина ҷо мекард?
  8. Боз чаро дар қасди ҷони кабк афтод?
  9. Аз ин ҳикоя ба кадом хулоса омадед?
  10. Мақоли халқии:

«Шавад ҳамҷинс бо ҳамҷинс ҳамроз,

Кабўтар бо кабўтар, боз бо боз» – чӣ маънӣ дорад?

Ин мақолро шарҳ диҳед.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …