Главная / Теги: Китоби Ботаника синфи 5 (страница 3)

Теги: Китоби Ботаника синфи 5

Сохти ҳуҷайравии паҳнаки барг

huja

Тавассути микроскоп шиносои ба сохти дохилии паҳнаки барг имконият медиҳад, ки мавқеъ ва аҳамияти онҳоро дар ҳаёти растаниҳои сабз муайян кунем. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки паҳнаки барг аз ҳуҷайраҳои шаклу андозаашон гуногун иборат буда, сохти ҳуҷайравӣ дорад . Рӯй ва поёни барг бо пӯсти тунуку шаффоф пӯшида шудааст, ки ҳуҷайраҳои …

Муфассал »

Сохти берунии барг

bargho

Барг бо ҳамроҳии пояю навдаҳо узвҳои рӯизаминии растаниҳоро ташкил медиҳад. Дар барг се раванди барои растаниҳо ниҳоят муҳим  фотосинтез (ҳосил шудани моддаҳои органикӣ), мубодилаи газҳо (гази карбонат ва оксиген) ва оббухоркунӣ мегузарад. Агарчанде барги растаниҳои гуногун аз рӯи сохти берунаашон аз якдигар фарқ кунанд ҳам, онҳо аломатҳои хосе низ доранд, …

Муфассал »

Аз муғҷа инкишоф ёфтани навда

mugcha

Муғҷа навдаи ҳоло инкишофнаёфтаи ҷанинӣ мебошад. Аз муғҷа инкишоф ёфтани навдаро, хусусан баҳорон, ҳангоми ба кушодашавӣ шурӯъ кардани муғҷаҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Ё ин ки шохчаеро дар об гузошта дар шароити хона ё мактаб кушодашавии муғҷаҳоро мушоҳида кардан қулай аст. Мо мебинем, ки барои кушодашавии муғҷаҳо фурсати муайяни вақт …

Муфассал »

Навда ва муғҷа

navda-mugcha

Пояе, ки дар он муғҷа ва баргҳо иикишоф меёбанд, навда номида мешавад. Ҳар навдаи калон аз поя, буғум (банд), байнибанд, муғҷа ва баргҳо иборат аст. Ҷое, ки ба он барг пайваст шудааст, банд номида мешавад. Фосилаи ду банди ба ҳам наздикро байнибанд меноманд. Аксари растаниҳо ду хел поя доранд: агар …

Муфассал »

Тағйири шакли реша

reshaho

Дар решаи баъзе растаниҳо (сабзӣ, турб, шалғам, лаблабу ва ғайраҳо) моддаҳои захиравӣ ғун мешаванд. Чунин решаҳо боавҷ ғафс гардида, ба худ шаклҳои гуногунро мегиранд. Онҳоро одатан бехмева (ё решамева) меноманд. Бехмева дар аксари ҳолатҳо аз решаи асосӣ ва ё аз қисми поёнии поя ҳосил мешавад. Растаниҳои бехмевадор аксаран растаниҳои дусолаанд. …

Муфассал »

Нафаскашии реша

Расми 38. Таҷрибае, ки зарура- ти ҳаворо барои нафаскагиии реша нишон медиҳад

Реша низ чун дигар узвҳои растанӣ ба оксигени ҳаво эҳтиёҷи калон дорад. Реша дар вақти нафаскашӣ оксигени ҳаворо нафас гирифта гази карбонатро хориҷ мекунад. Инро бо таҷрибаи оддӣ исбот кардан мумкин аст. Агар ниҳоли мушунги (лӯбиё ё нахӯди) дар аррамайда сабзондашударо гирифта, аррамайдаҳояшро афшонда ба дохили пробирка гузорем 38 ва …

Муфассал »

Нурӣ барои растанӣ

fertilizer-big

Дар киштзорҳои хокашон аз моддаҳои ғизоӣ камбағал ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ниҳоят кам аст. Барои баланд бардоштани ҳосилнокии чунин заминҳо ба хок нуриҳои гуногунеро, ки норасоиашон назаррас аст, меандозанд. Нуриҳо ду хел мешаванд: нуриҳои органикӣ ва маъданӣ. Нуриҳои органикӣ (аз калимаи организм) моддаҳое мебошанд, ки дар натиҷаи фаъолияти ҳаётии растаниҳо ва …

Муфассал »

Ҳаракати об ва моддаҳои маъданӣ дар растаниҳо

rastani-023

Чӣ тавре ки шумо аллакай медонед, об ва моддаҳои маъданиро растанӣ аз хок ба туфайли мӯякрешаҳояш меҷаббад. Дар хок об дар шакли холис вуҷуд надорад. Вай метавонад дар шакли маҳлули хокӣ, ки намакҳои маъдании дар об ҳалшаванда дорад, дастраси растаниҳо гардад. Минбаъд дар растанӣ ба маҳлули ин моддаҳо чӣ ҳодиса …

Муфассал »

Обро ҷаббидани реша

rastani

Реша дар ҳаёти растаниҳо аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Растаниҳо ба воситаи решаашон дар хок устувор ҷойгир шуда, аз он об ва моддаҳои маъдании барои ҳаёташон заруриро мегиранд. Барои исботи ин гуфтаҳо таҷрибаҳои гуногун кӯмак мерасонанд. Агар ягон растании дар рег ё аррамайдаи намнок парвариш кардашударо гирифта, бо решааш ба дохили пробирка …

Муфассал »

Сабзиши реша ва Қисмҳои он

tirresha-patakresha

Маълум аст, ки ҳангоми ба нешзанӣ шурӯъ кардани тухм, пеш аз ҳама решачаи ҷанин неш зада мебарояд. Сараввал он кам аён буда, вале ба зудӣ кад кашида калон мешавад. Ин ҳодиса чӣ тавр амалӣ мегардад? Решачаи ҷанини тухм ва решаи растании нашъунамокунанда монанди дигар узвҳои растанӣ низ аз ҳуҷайраҳо иборатанд. …

Муфассал »