Хабарҳои охирин

БАҲСИ БИНОЙИВУ НОБИНОЙӢ

abuabdulloi_rudaki

Масъалаи кўри модарзод будан ва ё баъдтар, дар охирҳои умраш, кўр карда шудани Устод Рўдакӣ аз масоили басе торики зиндагии ўст. Баъзеҳо ўро тирачашму  иддае кўри модарзод мехонанд. Баъзе аслан ба ин масъала диққате намегуморанд. Аз ин гузашта, масъалаи кўрӣ, кўрии модарзодӣ ё тирачашмии Рўдакӣ ҳанўз пурра ҳал нашудааст. Садриддин …

Муфассал »

ТАҲСИЛИ ИЛМҲОИ ЗАМОНАИ РӮДАКӢ

taqrizaho

Аз ашъори боқимондаи Рўдакӣ, навиштаҳои аҳли китоб ва шаҳодати маъхазҳои гуногун ошкор мегардад, ки ў яке аз шахсиятҳои аз улуми расмӣ ва ғайрирасмии замони худ хеле огоҳ буда, дар бисёр риштаҳои онҳо дасти тавоное доштааст. Қабл аз ҳама, дар ашъори дастраси Рўдакӣ ва маълумоти маъхазҳои адабиву таърихӣ гуфта мешавад, ки …

Муфассал »

Рўдакӣ – ОВОНИ ҶАВОНӢ

kudakon

Бинобар маълумоти Муҳаммади Авфӣ, Рўдакӣ дар 8-солагӣ Қуръонро ҳифз намуда, қироат омўхта буд ва аз ҳамон син ба гуфтани шеър пардохта, «маъонии дақиқ мегуфт, чунон ки халқ бар он иқбол намуду рағбати ў зиёд шуду ўро Офаридгори таъоло овозе хушу савте  дилкаш дода буду ба сабаби овоз дар мутрибӣ афтода …

Муфассал »

НОМ, ШАҶАРА ВА ТАХАЛЛУСИ АДАБИИ “Рўдакӣ”

abuabdulloi_rudaki

Қадимтарии манбаъи хаттӣ, ки роҷеъ ба ном, шаҷара ва тахаллуси шоъирии Устод Рўдакӣ хабар медиҳад, ҳамон «Китоб-ул-ансоб»-и Самъонӣ мебошад, ки номи пурраи ўро ба гунаи «Абўабдуллоҳ Ҷаъфар бинни Муҳаммад бинни Ҳаким бинни Абдурраҳмон ибни Одам Рўдакии шоъири Самарқандӣ»81 менигорад. Самъонӣ  навиштаи худро аз гуфтаи Идрисӣ (ваф. 405 /1015 ) ва …

Муфассал »

ЗИНДАГИНОМАИ УСТОД РӮДАКӢ

рудаки

Бо таваҷҷўҳ бар он ки перомуни зиндагии Устод Рўдакӣ қариб 200 сол дар Урупо, Русия, Омрико, Эрон, Ҳиндустон, Тоҷикистон ва кишварҳои арабӣ пажўҳишгарони зиёде таҳкиқоти илмӣ мебаранд, ҳанўз ҳам дар зистномаи Устод Рўдакӣ нуқтаҳои торик ва масоъили ҳалношуда бисёранд. Аз анбўҳи фаровони пажўҳиши муҳаққиқон навиштаҳои донишмандони номӣ Ҳерман Этте72, Эдуард …

Муфассал »