Главная / Гуногун / ЗИНДАГИНОМАИ УСТОД РӮДАКӢ

ЗИНДАГИНОМАИ УСТОД РӮДАКӢ

Бо таваҷҷўҳ бар он ки перомуни зиндагии Устод Рўдакӣ қариб 200 сол дар Урупо, Русия, Омрико, Эрон, Ҳиндустон, Тоҷикистон ва кишварҳои арабӣ пажўҳишгарони зиёде таҳкиқоти илмӣ мебаранд, ҳанўз ҳам дар зистномаи Устод Рўдакӣ нуқтаҳои торик ва масоъили ҳалношуда бисёранд. Аз анбўҳи фаровони пажўҳиши муҳаққиқон навиштаҳои донишмандони номӣ Ҳерман Этте72, Эдуард Браун73, Саъид Нафисӣ74, Садриддин Айнӣ75 ва Абдулғанӣ Мирзоев76 ба арзиши хоси илмӣ ва таърихӣ сазоворанд. Ҳамчунин, адабиёти мавҷуда дар бораи Устод Рўдакӣ дар осори Саъид Нафисӣ ва Абдулғанӣ Мирзоев покизакорона ва бо камоли таваҷҷўҳ таҳлилу ҷамъбаст карда шудаанд. Аз ин лиҳоз, моро зарур нест, ки ин корро аз сари нав анҷом бидиҳем.

МАҲАЛЛУ ЗАМОНИ ТАВАЛЛУД

рудакиЗодгоҳи Рўдакӣ деҳаи Рўдак, ки яке аз рустоҳои ноҳияи Панҷакент мебошад, шинохта шудааст. Аслан ин деҳа аз тавобеъи Самарқанд дониста шудааст, ки иллати онро поёнтар шарҳ хоҳем дод. Нахустин хабаре, ки дар ин бора дар манобеьи хаттӣ сабт гардида, ҳамон маълумоти «Китоб -ул-ансоб» аст. Муаллифи он Тоҷулислом Абўсъаид Абдулкарим ибни Муҳаммад ибни Мансур ибни Абўбакр Муҳаммад Тамимии Марвазии Самъонӣ (506—562 / 1113-1166) дар ин асари худ роҷеъ ба Рўдак ва Панҷрўдак чунин менависад: «Ал-Банҷӣ-бифатҳ-ил- боъ-ил- муъҷама, бивоҳиди ва замми-н-нун ва фӣ-л-охириҳи аҷ-ҷим, ҳазиҳи-н-нисбату ило қарияти мин қурроъи Рўдак би навоҳийи  Самарқанд, юқола лаҳо Банҷрўдак.  Ва  ҳия  қутби  Рўдак  ва мин ҳазиҳи-

л-қарияти кона шоъир-ул-маъруф Абўъабдуллоҳ ар-Рўдакӣ ва сазкаруҳу фӣ ҳарфи-р-«ро» лианнаҳу аштаҳру бизалика ва лакиннаҳу  кона мин Банҷ.  Қола   Абўсаъд  ал-Идриси  ал-Ҳофиз: «Қабру  Абўъабдуллоҳ  ар-

Рўдакӣ машҳурун биҳо, ҳува халфа бустони Банҷрўдак язору ва қадд зиёратуҳу».77

Зодгоҳи Рўдакиро Самъонӣ аз рўйи маълумоти ҳамзамонони худи Устод, аз ҷумла, аз забони Идрисӣ (ваф. 406/1115), ки оромгоҳи Рўдакиро зиёрат кардааст, чунин меоварад: «Ал-Банҷӣ… нисбае бувад ба деҳае аз деҳаҳои Рўдак, ки Банҷрўдакаш гўянд. Ва он қутб (яъне марказ)-и Рўдак бошад ва шоъири маъруф Абўабдуллоҳи Рўдакӣ аз ҳамин деҳа бувад. Дар ҳарфи «ро» зикрашро хоҳем овард, зеро ба он шуҳрат ёфта, валекин аз Банҷ бувад. Абўсаъид Идрисии Ҳофиз гўяд: «Қабри Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар :он машҳур аст, дар паси бўстон (яъне боғот)-и Панҷрўдак, ва онро зиёрат мекунанд ва ман ҳам зиёрат кардам».

Шакли навишти арабии Панҷрўдак — Банҷрудак бисёриҳоро ба иштибоҳ андохтааст. Онҳо «Банҷ»-ро, ки ба сабаби дар алифбои арабӣ вуҷуд надоштани ҳарфи «п» ва бо «б» ифода шудани он ва, умуман, навишта нашудани ҳарфи садоноки кўтоҳ, ҳол он ки «Бунҷ» ва «Бануҷ» навиштаву ҳамин тавр ҳам хондаанд, «панҷ» сабт кардану хондан лозим буд.

Устод Айнӣ айни нахустин таҳқиқаш, ҳанўз соли 1940, на танҳо ин иштибоҳро аз байн бурд, балки маҳз Панҷрўд будани зодгоҳи Рўдакиро бо тамоми далойил исбот кард.

Дар ахбороти дигари Самъонӣ роҷеъ ба масофаи байни Рўдак ва Самарқанд маълумоти дигаре ҳаст, ки ба он Садриддин Айнӣ эътибор надодааст, аммо Абдулғанӣ Мирзоев онро як навъ содда шарҳ додааст. Аниқтараш, агар Самъонӣ масофаи байни Самарқанду оромгоҳи Рўдакиро ду фарсах гуфта бошад. А. Мирзоев даъво мекунанд, ки масофаи байни Самарқанду Панҷрўд даҳ фарсах аст, аммо котиб «дах»-ро «ду» навиштааст. Вале фаромўш набояд кард, ки матни Самъонӣ арабӣ буда, дар он ҷо «ало фарсахайни мин Самарқанд» (яъне «дар ду фарсах аз Самарқанд», варақи 262) навишта шудааст, ки дар он ҳеч имкони ба «ду» табдил ёфтани «даҳ» нест. Ба фикри мо, Самъонӣ на байни Самарқанду Панҷрўдро, ки 15 фарсах аст (120 км), балки роҳи байни Панҷрўду ҷодаи асосии қад-қади рўди Зарафшонро қайд кардааст, ки ҳақиқатан ҳам ду фарсах (18 км) мебошад.

Самъонӣ дар ҳарфи «ро» роҷеъ ба Рўдакӣ ва зодгоҳи ў менависад: «АрРудакӣ, би замми -р-ро ва сукуни -л-вов ва фатҳи -з-золилмуъҷама ва фӣ охириҳо ал-кофу, ҳазиҳи-н-нисбату ило Рўдак ва ҳия ъало фарсахайни мин Самарқанд ва-л-машҳуру минҳо аш-шоъир-ул-малеҳ- ул-қавл би-л-форсияти, ас-сойиру девонуҳу фӣ билоди-л-ъаҷам: Абўъабдуллоҳ Ҷаъфар бинн Муҳаммад бинн Ҳаким бинн Абдурраҳмон ибн Одам ар-Рўдакӣ -аш-шоъир-ус-Самарқандӣ, кона ҳасана-ш-шеъру           ва матина-л-қавлу; иннаҳу аввал ман қола аш-шеър -ул-ҷадид би-л-форсияти.  Қола  Абусаъид ал-Идрисӣ ал-Ҳофиз: «Абўъабдуллоҳ Рўдакӣ кона муқаддаман фӣ-ш-шеъри би-л-форсия фӣ замониҳи ъало ақронаҳу, юравӣ ъан Исмоил бинн Муҳаммад бинн Ислом ал-Қозӣ ас-Самарқандӣ ҳикоята ҳакоҳо Абўъабдуллоҳ бинн Абеҳамза ас-Самарқандӣ ло наъламу лаҳу ҳадисан маснадан ва баъдона раъайят лаҳу ривояту лам истаҳсана тарка зикриҳи. Қола: ва кона Абулфазл ал-Балъамӣ вазири Исмоил бинн Аҳмад волию Хуросон яқул: «Лайса лир-Рўдакӣ фӣ-л-ъараб ва-л-ъаҷам назирун ва мота би-р-Рўдак санати 329».78

Яъне «Ар-Рўдакӣ – ба замми «ро» ва сукуни «вов» ва фатҳи «золи муъҷама», ки аз пайи вай «коф» ояд, нисбате бувад ба Рўдак ва он дар дуфарсахии Самарқанд воқеъ аст. Ва аз машҳуртаринони он макон шоъири шаҳири форсигўй, ки девонаш дар  билоди Аҷам даргард  аст,  Абўабдуллоҳ Ҷаъфар  ибни  Муҳаммад ибни Ҳаким  ибни  Абдураҳмон ибни Одам Рўдакӣ шоъири Самарқандист, ки шеъри хубу сухани матине дошт.  Гўянд, ў нахустин касест, ки ба форсӣ шеъри накў гуфта бошад. Абўсаъид Идрисии Ҳофиз гўяд: «Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар шеъри форсии  замони  худ  муқаддам  аз  шоъирони  дигари ҳаммаслаки хеш буд. Аз Исмоъил  ибни Муҳаммад ибни Ислом Қозии Самарқандӣ ҳикояте ривоят кардаанд, ки Абўабдуллоҳ ибни Абўҳамзаи Самарқандӣ овардааст, ки ҳадиси  мусаннаде  барои он  намедонем ва пас аз он ки ривояте барои он дидем, худдорӣ    аз зикри онро некў надонистем, гўяд: Абулфазли Балъамӣ-вазири Исмоъил ибни Аҳмади фармонравои Хуросон мегўяд: « Рўдакиро дар Арабу Аҷам монанд несту дар    Рўдак дар соли    329 вафот кардааст».    Соли 329 ҳиҷрӣ ба  санаи 941   мелодӣ мусовист.

Ибн  ал-Асир (555—630/1160—1233)  бо каме фарқ гуфтори Самъониро мухтасар дар «Китоб-ул-боб фӣ таҳзиб-ил-ансоб»-и худ нақл мекунад. Устод Айнӣ нахустин шахсе буд, ки дар куҷо будани Рўдакро аниқу дақиқ ба исбот расонд. Дар ин бора  Абдулғанӣ Мирзоев мегўяд: «Ҷустуҷўи таҳқиқотии Садриддин Айнӣ хеле доманадор буда, якчанд сол давом мекунад.  Иттифоқан, дар соли  1940 бо як нафар мардикори заҳматободӣ, ки барои шикасту рехти манзили ў дар Самарқанд даъват шуда буд, мусоҳиб шуда, аз ў мефаҳмад, ки дар  ноҳияи  Панҷакент  ду қаряе будааст, ки ҳанўз бо номи «Рўдак» ва «Панҷрўд» (Панҷрўдак)  хонда мешудаанд. Садриддин Айнӣ бо ахбороти  ин шахс қаноат ҳосил  накарда,  аз дигар одамони Кўҳистон низ мепурсад. Ҳатто ба роҳбарияти ноҳия мактуб навишта, хоҳиш мекунад, ки мавҷудияти ин ду қаряро таҳқиқ карда, масофаи байни онҳоро мушаххас созанд ва ба ў хабар диҳанд. Ҳангоме, ки дар бораи ин ду қаря ҷавоби муносиб меояд, ў ба пойтахт — ба Сталинобод муроҷиат намуда, талаб мекунад ба он ҷо як ҳайати таҳқиқотии илмӣ фиристода шавад».79 Худи Садриддин Айнӣ дар ин бора чунин менигорад: «Бо таъкид масъала  тамоман рўшан ҳал шуда, қабри Рўдакӣ ва қаряи Рўдак ёфт шуда буд. Акнун кори танҳо ба ин маълумот як шакли расмӣ додан монда буд. Бинобар он, ман ба Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, ба рафиқ Деҳотӣ, хат навишта, як маъмурият ташкил кардани иттиҳодияи суханварон ва дар ин маъмурият ширкат намудани ҳайати Фарҳангистони улуми Ҷамоҳири Шўравӣ ва Институти таҳқиқотии Тоҷикстонро муносиб дидам».80

Ҳаминро бояд илова намуд, ки марди заҳматободие, ки Абдулғанӣ Мирзоев ёдаш мекунад, оқои Диёри Фаробӣ ва роҳбари ҳамонвақтаи Панҷакент Шарофи Муҳаммадӣ буданд. Деҳаи зодгоҳ ва маҳалли қабри Рўдакиро дар баъзе қарияҷоти гирду атрофи он Панҷикрўд низ мегўянд, ки аз қудмати он гувоҳӣ медиҳад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …