Главная / Гуногун / БАҲСИ БИНОЙИВУ НОБИНОЙӢ

БАҲСИ БИНОЙИВУ НОБИНОЙӢ

Масъалаи кўри модарзод будан ва ё баъдтар, дар охирҳои умраш, кўр карда шудани Устод Рўдакӣ аз масоили басе торики зиндагии ўст. Баъзеҳо ўро тирачашму  иддае кўри модарзод мехонанд. Баъзе аслан ба ин масъала диққате намегуморанд. Аз ин гузашта, масъалаи кўрӣ, кўрии модарзодӣ ё тирачашмии Рўдакӣ ҳанўз пурра ҳал нашудааст. Садриддин Айнӣ, Бадеъуззамони Фурўзонфар, Абдураҳмон Тоҳирҷонов кўри модарзод будани Рўдакиро тарафдорӣ мекунанд ва, ҳатто, комилан онро ба исбот расониданӣ мешаванд. Саъид Нафисӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, Холиқ Мирзозода, И. С. Брагинский, Аълохон Афсаҳзод ва дигарон мегўянд, ки Рўдакиро дар охири умр кўр кардаанд ва далелашон ҳамон ахборотест, ки «ва қад самала фӣ охири умри» («дар охири умр ба чашмонаш мил кашидаанд» — А. А.) мебошад. Аз уламои урупоӣ аввалин шуда Ҳерман Эте ҳанўз дар соли 1873 кўри модарзод будани Рўдакиро дар асоси тадқиқ ва санадҳои тасвирии корбурдаи Устод рад карда буд. Баъдҳо С. Нафисӣ, А. Мирзоев, X. Мирзозода ва дигарон ин ақидаи ўро пайравӣ карданд. Тадқиқоти колбадшиносӣ-мардумшиносии М.М. Герасимов аз рўи ҷамҷамаи Рўдакӣ шаҳодат медиҳад, ки ўро баъдан, дар охирҳои умраш кўр кардаанд.

Дақиқӣ ва Носири Хусрав аз тирачашм будани Рўдакӣ хабар медиҳанд, ки онро ба тамоми анвоъи кўрӣ ҳамл кардан мумкин аст, вале дар бораи чӣ навъ кўр будани шоиру аз чӣ сабаб тирачашм буданаш далеле намеоранд. Дақиқӣ мефармояд:

Устод Шаҳид зинда бойистӣ

В-он  шоири тирачашми рўшанбин.

Носири Хусрав мегўяд:

Ашъори зуҳду панд басе гуфтаст

Он тирачашм шоъири рўшанбин.

Гуфтори Фирдавсӣ ҳам аз «Калилаву Димна»-ро назм кардани Рўдакӣ хабар дода, муамморо намекушояд. Бадгўйии Абўзироъаи Гургонӣ низ аз ҳамин қабил аст, вале бештар бар он ишора мекунад, ки шоъир муддати дурударозе кўр будааст:

Агар ба давлат ба Рўдакӣ намемонам,

Аҷаб макун, сухан аз Рўдакӣ на кам донам!

Агар ба кўрии чашм ў биёфт гетиро,

Зи баҳри гетӣ ман кўр буд натвонам!

Роҷеъ ба кўрии Рўдакӣ Самъонӣ, муаллифи «Таърихи Систон» ва Низомии Арўзи Самарқандӣ   чизе намегўянд. Вале Абўҳайёни Тавҳидӣ (ваф. 400/1010) ва Авфӣ кўри модарзод будани Рўдакиро сареҳан таъкид кардаанд. Абўҳайён хабар медиҳад: «ва қила ар-Рўдакӣ   ва кона    акма    ва ҳува-л-лази    валада аъмо…» («аз Рўдакӣ пурсиданд ва ў акма буд ва ин он аст, ки кўр аз модар зоида шуда бошад»). Муҳаммади Авфӣ баробари истифодаи ҷумлаи «аз модар нобино   омада», боз чандин калимаи ҳаммаънии арабии модарзод кўр, вале ботинан  рўшанбин будани  Рўдакиро такрор  намуда,    менависад: «Рўдакӣ аз наводири фалакӣ будаасту дар зумраи аном аз аҷоиби айём. Акма  (яъне кўри модарзод — А. А.)  буд,    аммо хотираш   ибрати Хуршеду Маҳ буд; басар надошт, аммо   басират дошт, махфуфе буд асрори латиф бар вай макшуф; маҳҷубе буд аз ғояти лутфи табъ маҳбуб; чашми зоҳир баста дошт, аммо чашми ботин кушода». Боз мегўяд: «Аз модар нобино омада». «Акма»-ро Алиакбари Нафисӣ чун «кўри модарзод», Муҳаммад Муъин ба тарзи «нобинои модарзод, кўри модарзод»116 шарҳ додаанд.

Дар осори боқимондаи худи Рўдакӣ аз кўрии ў дараке нест. Фақат дар як ҷой таркиби «кўрӣ кардан» вомехурад, ки бештар маънон айш рондан ва худро ба ғафлату фароғат задан ва зиндагиро нодида ангоштанро медиҳад. Аммо муроҷиати ў ба Маҷ, ки ровияш буд, касро мумкин аст ба шубҳа   барад, ки шояд кўри модарзод бошад. Вале набояд фаромўш кард, ки ровӣ доштани шоирони касбӣ дар қадим як амри маъмул буда, аксар ашъори онҳоро дар мавориди хос қироат мекардаанд. Ин аст шеъри мавриди баҳс:

Ай Маҷ, кунун ту шеъри ман азбар куну бихон,

Аз ман дилу сиголишу аз ту тану равон!

Кўрӣ кунему бода хурему бувем хуш,

Бўса диҳем бар ду лабони паривашон!

Аммо, баръакси гуфтаву даъвиҳои мавриди назар, аз ағлаби абёти Устод пай бурдан мумкин аст, ки ў на   танҳо марди зебову  бино,  балки   ниҳоят  нозукбине ҳам  будааст:

Ҳамеша чашм зӣ зулфакони чобук буд,

Ҳамеша гўш зӣ мардуми сухандон буд.

Ё:

Назар чӣ гуна бидўзам зи баҳри дидани рўят,

Зи хоки ман ҳама наргис дамад ба ҷойи гиёҳ!

Дар байти аввал «зӣ» маънии «сўй» ва «тараф»-ро дорад. Дар байти дувум таъбири «чашм дўхтан» маънии «дуру дароз нигоҳ кардан»-ро дорад, ки ин ду амал хоси одамони биност. Аз ин гузашта, дар осори Рўдакӣ абёте боқӣ мондааст, ки бо хабари «дидам» меояд:

Пўпак дидам ба ҳаволии Сарахс,

Бонгак барбурда бар абр – андаро!

Чодараке дидам рангин бар ўй,

Ранг ба сӣ гуна бар он чодаро!

Ё:

Дар роҳи Нишопур деҳе дидам бас хуб,

Ангашбаи ўро на адад буду на марра!

Ё ин ки:

Истода дидам он ҷо дузду ғўл,

Рўй зишту чашмҳо хамчун дуғўл!

 

Ва ё:

Меҳр, дидам, бомдодон чун битофт,

Аз Хуросон сўйи Ховар мешитофт.

Дар қитъаи зерин бошад, шоъир ба ҳамсуҳбати худ воқеъаи ба дидаашро бо ҳаяҷон нақл карда, дидани ўро талаб мекунад:

Мурғ дидӣ, ки бача з-ў бибаранд,

Чов-човон – дар асту ҷўён аст?!

Боз чун баргирифт парда зи рўй,

Карвадандону пуштчавгон аст?!

Бешубҳа, чунин суханонеро, ки натиҷаи дидору мушоҳида ҳастанд, танҳо одами рўшанчашм ошкорову гуворо метавонист бигўяд. Айшу нўшҳои паёпайи Рўдакӣ, сафарҳояш ба Нишопур, Ҳирот ва Сарахс, ришу мўйро ҳангоми пирӣ сиёҳ кардан, маҷлисоро буданаш низ далелҳоеанд, ки рўшанчашм буданашро тасдиқ мекунанд. Қаробати шеъри Рўдакӣ бо табиат, барҷастагии рўҳияи тарабу шодӣ дар он, даъвати ҳамешагии ў ба муборизаву амал, саъю кўшиш ва дурӣ ҷустан аз ҳамаи он чи ки мояи андўҳу сустӣ бошад, бурҳони дигарест, ки чунин ашъорро шахсе, ки модарзод бадбахт ва як умр дар азоб бошад, наметавонад бигўяд. Аммо беҳтарин далели ин даъво чистону ташбеҳоти корфармудаи Устод Рўдакист. Чаҳор порчаи поёнро мутолиа кунед. Магар шахси кўри модарзод метавонад ҷунин нозукона ҳусни масобаи якчанд чизро бибинад?  Ҳаргиз!

Бунафшаҳои тарӣ хайл-хайл бар сари кўҳ,

Чу оташе, ки ба гўгирд бардавид кабуд!

Биёру, ҳон, бидеҳ он офтоб, к-аш бихурӣ,

Зи лаб фурў шаваду аз рухон барояд зуд!

 

Ва:

Ба зулф каж, валекин ба қадду боло рост,

Ба тан дуруст, валекин ба чашмакон бемор!

Ё:

Замоне барқ пурханда, замоне раъд пурнола,

Чунон чун модар аз сўги арўси сездаҳсола!

Ва гашта з-ин паранди сабз шохи беди бунсола,

Чунон чун ашки маҳҷурон нишаста жола бар лола!

Устод Рўдакӣ ҳангоми манзаранигорӣ дар ашъори худ на фақат аз абри сиёҳ яхча боридан, хандидани лола, ба киштӣ монанд будани абрў, ба мавҷ шабеҳ будани чини пешонӣ, шоридани кафк аз даҳони уштури маст, зулфакони чавгони маъшуқа, фохтагун шудани ҳавову об, рухро бо нохун шудгор кардани занони азодорро ба қалам дода, рангҳои сафеду сиёҳу қир, ёқути сурх, шароби лаъл ва амсоли инро ба тасвир оварда, дар ашёи гуногун монандиҳои аҷиберо дармеёбад ва ба ин васила ба манзараҳои табиати дилрабои кўҳистон ва дашту ҳомуни Хуросон зебу ҷон мебахшад. Шоъир, ки тамоми умр анису ҳамрози табиати зебои диёр буд, бо тарзи адои шево на танҳо овози мурғонро ба гўш мерасонад, балки ҳусну рафторашонро рассомона дар назарҳо ҷилва медиҳад. Ҷавонии худашро чун барги лолаву пириашро чун себи пажмурда медонад, ки ҳамаи ин натиҷаи мушоҳидаҳои дақиқ аст, аммо ташбеҳҳои зеринро на танҳо каси бино, балки марди босаводу аз маъшуқаву май лаззатгирифта метавонад бигўяд:

Зулфи туро «ҷим» кӣ кард? — Он, ки ў

Холи туро нуқтаи он «ҷим» кард!

В-он даҳани танги ту, гўйӣ, касе

Донакаке нор ба ду ним кард!

Порчаи зерин ҳам метавонад натиҷаи биниши инсони ниҳоят дақиқназар бошад:

Чун баччаи кабўтар минқор сахт кард,

Ҳамвор кард пару биавганд мўйи зард,

Кобукро нахоҳад, шох орзу кунад,

В-аз шох сўйи бом шавад боз гирдгард!

Порчаҳои овардашуда кўри модарзод будани Рўдакиро ба куллӣ рад мекунанд. Аммо кўр карда шудани ў ва ё кўр шуданаш ҳанўз ба таҳқиқи иловагӣ муҳтоҷ аст. Дар ҳоли ҳозир фақат гумон кардан мумкин аст, ки шояд Устод Рўдакӣ дар пиронсолӣ гирифтори ягон бемории чашм шуда бошад — наздикбин ва ё дурбин. Ба ҳар ҳол, худи ў хатро хонда наметавонистааст ва аз ҳамин сабаб дар соли 320/932 бо супориши Балъамӣ «Калилаву Димна»-ро ба вай мехондаанду ба риштаи назм мекашидааст. Ин ҳодисаро Абулқосими Фирдавсӣ чунин ба қалам медиҳад:

«Калила» ба тозӣ шуд аз паҳлавӣ,

Бад-ин сон, ки акнун ҳаме бишнавӣ.

Ба тозӣ ҳамебуд то гоҳи Наср,

Бад-он гаҳ, ки шуд дар ҷаҳон шоҳи Наср.

Гаронмоя Булфазли дастури ўй,

Ки андар сухан буд ганҷури ўй,

Бифармуд, то форсии дарӣ

Навиштанду кўтоҳ шуд доварӣ.

В-аз он пас чу пайваста рой омадаш,

Ба дониш хирад раҳнамой омадаш.

Ҳамехост то ошкору ниҳон

Аз ў ёдгоре бувад дар ҷаҳон.

Гузорандаро пеш биншонданд,

Ҳаме нома бар Рўдакӣ хонданд.

Бипайваст, гўё, парокандаро,

Бисуфт инчунин дурри огандаро.

Вале, бо вуҷуди кўрӣ ва ё тирачашмии даврони пирӣ, Устод Рўдакӣ ҳамон олуфта, маҷлиснишин, базморо, надим ва барои Насри II Аҳмади Сомонӣ шахси муътабар будааст. Бинобар ин, риши худро хизоб, яъне сиёҳ мекард, либосҳои ороста мепўшид. Ҳатто, бадхоҳонаш ин рафтори ўро зери таъна мегирифтанд. Хусравонӣ киноятомез мегўяд:

Аҷаб ояд маро зи мардуми пир,

Ки ҳаме мўйро хизоб кунанд.

Бо хизоб аз аҷал ҳаме нараҳанд,

Хештанро чаро азоб кунанд?!

Маҳз дар таънаи Рўдакӣ гуфта шудани қитъаро ҷавоби Рўдакӣ собит менамояд:

Ман мўйи хешро на аз он мекунам сиёҳ,

То боз навҷавон шаваму нав кунам гуноҳ!

Чун ҷомаҳо ба вақти мусибат сияҳ кунанд,

Ман мўй аз мусибати пирӣ кунам сиёҳ!

Воқеан, дар ҳар дуи ин шеър ҳам ишорае ба кўрии Рўдакӣ нест. Мувофиқи ахбори «Таърихи Систон» (қарни XI), соли 321/933  Рўдакӣ бо хоҳиши Насри II ибни Аҳмади Сомонӣ, дар вақти волии Систон будани Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Лайс, ки яке аз сарлашкарони Наср ибни Аҳмад  —Мокон ибни Кокиро, ки бар зидди Наср исён бардошт, саркўб намуда, асир гирифта буд, қасидаи «Модари май»-ро иншо намуд, ки онро дар маҷлиси шароби Насри II ва содоти ў мехонад ва аз мамдўҳ даҳ ҳазор динор инъом мегирад.

Соли 325/936 дўсти Рўдакӣ — шоъири тавоно Шаҳиди Балхӣ вафот кард. Рўдакӣ дар сўгвории рафиқи шафиқи худ марсияи ҷонгудозе гуфт,ки то ҳол аз сўгномаҳои риққатовари адабиёти форсии тоҷикӣ ба ҳисоб меравад:

Корвони Шаҳид рафт аз пеш

В-они мо рафта гиру меандеш.

Аз шумори ду чашм якто кам

В-аз шумори хирад ҳазорон беш!

Тўшаи ҷони хеш аз ў бирабой,

Пеш, к-ояд-т марги пойогеш!

Марсияи Рўдакӣ дар марги дигар шоъири тавоно Абулҳасани Муродӣ, ки аз дўстони ҳамсуҳбат, ёрони ҳаммаслак ва шогирдони барўманди устоди панҷрўдӣ буд, низ тақрибан дар ҳамин солҳо (936—940) иншо шудааст. Шоъир дар он ақидаи ниёгони шоъирро дар бораи падар будани осмон, модар будани замин, баъди марг ба осмон рафтани ҷон ва ба замин андарун шудани ҷисм ва ба ҷони мутлақи кулл пайвастану ҷовидон гардидани ҷони афроди некниҳодро ифода менамояд:

Мурд Муродӣ, на, ҳамоно, ки мурд,

Марги чунон Хоҷа на корест хурд!

Ҷони гиромӣ ба падар боз дод,

Колбади тира ба модар супурд!

Они малак бар малакӣ рафт боз,

Зинда  кунун шуд, ки ту гўйӣ, бимурд!

Коҳ набуд ў, ки ба боде парид,

Об набуд ў, ки ба сармо фасурд!

Шона набуд ў, ки ба мўйе шикаст,

Дона набуд ў, ки заминаш фашурд!

Ганҷи заре буд дар ин хокдон,

К-ў ду ҷаҳонро ба ҷаве мешумурд!

Қолаби хокӣ суви хокӣ фиканд,

Ҷони хирад сўйи самовот бурд!

Ҷони дувумро, ки надонанд халқ,

Мисқалае карду ба ҷонон супурд!

Ҳарчанд дар марсияҳои шоъир мувофиқи дарбойиси ин навъи адабӣ оҳанги андўҳу ҷудоӣ аз дўстони собиқ ва ёрони мувофиқ ба гўш мерасад, Устод дар мисраъи дувуми марсияи Шахиди Балхӣ ва байти охири марсияи Муродӣ (Хомушӣ кун чун нуқат, эро малик — Номи ту аз дафтари гуфтан сутурд) ишораҳое ба пирии худ ҳам дорад. Дар қасидаи «Модари май»  низ   аз нотавонӣ ва пирии худ хабар медиҳад:

Мадҳ расул аст, узри ман бирасонад,

То бишиносонад дуруст мири сухандон

Узри раҳии хешу нотавониву пирӣ,

К-ў ба тани хеш аз ин наёмад меҳмон!

Вале дар абёти боқимондаи ҳеҷ яке аз ин осор аз фоҷиаи шоъир дараке нест. Фақат ба хотир бояд овард, ки солҳои 937—943 дарбори Насри II тамоман ба майдони дасисаву моҷаро, иғвову кашокаш, қатлу ҷазо тадбил ёфта, дар натиҷа, соли 326/938 Балъамӣ аз вазорат ронда шуда, соли 330/942 сардори ҳаракати қарматияи Бухоро Муҳаммади Нахшабӣ ба қатл расид. Марги асрорангези вазирони собиқ Балъамӣ, Мусъабӣ, Ҷайҳонии Дувум низ натиҷаи ҳамин иғвогариву нобасомониҳо буд. Шояд қасидаи «Шикоят аз пирӣ» низ дар ҳамин солҳо, вале қабл аз кўр карда шудани шоъир, эҷод гардида бошад. Қитъаҳои зерини Рўдакӣ низ, ки ғубори ҳасрате бар чеҳраи онҳо афтодааст, бояд дар ҳамон рўзҳои пурмоҷаро навишта шуда бошанд:

Дардову ҳасрато, ки маро даври рўзгор

Бе олату силоҳ бизад роҳи корвон!

Чун давлате намуд маро, маҳбате фузуд,

Бе карзане, шигифт, набудаст роҳи он!

Ва:

Чун барги лола будаму акнун

Чун себи пажмуридае ба овангам!

Байти поён хабар медиҳад, ки шоъир яку якбора, ба тарзи ногаҳонӣ гирифтори фоҷиае шуда будааст:

Ой дареғо, ки мўрдзори маро

Ногаҳон бозхўрд барфи вағеш!

Аз ҳамаи  фоҷиаҳо,  нобасомониҳо ва    бетартибиҳо Рўдакӣ хулосаи фалсафӣ бароварда, ҷаҳонро чун рамзи бадбахтӣ тасвир мекунад:

Ҷуз ба модандар намонад ин ҷаҳони гурбарў,

Бо писандар  кина дорад ҳамчу бо духтандаро!

И. С. Брагинский   дар қитъаи зерин   ба кўр карда шудани шоъир ишорае дарёфтааст:

Нигорино, шунидастам, ки гоҳи миҳнату роҳат

Се пероҳан салаф будаст Юсуфро ба умр-андар.

Яке аз кайд шуд пурхун, дувум шуд чок аз туҳмат,

Савум -Яъқубро аз бўш рўшан гашт чашми тар!

Рухам монад бад-он аввал, дилам монад бад-он сонӣ,

Насиби ман шавад дар васл он пероҳани дигар!

Пас, хулосаи мантиқӣ мебарояд, ки баъди соли 325/938 ба чашмони дардманди сарояндаи орзуҳои халқ ва муборизи зидди истибдод Рўдакӣ, бо вуҷуди пирӣ ва тирабасарии ў, ҷабран мил кашиданд. Дар ин маврид бояд ба гуфтаи Наҷотӣ бигаравем, ки соли 709/1309 дар китоби «Басотин-ул-ъуқало» гуфта буд: «Ва қад самала фӣ ахири умриҳи» (яъне «дар поёни зиндагӣ чашмашро мил кашиданд»). 117

Ин фоҷиаро Устод чун бозии нохуши рўзгор таҳаммул намуда, бо вуҷуди шикасти қалб. ғалаёни андўҳу ранҷ, тазйиқи гирдоби машаққат ва гирифторӣ ба вартаи балову ғам сарбаландона пушти сар намуда, тўфони ҳасрату озурдагиҳоро ба шеъри худ роҳ надод. Ў дили уммедпарвар дошт. Ба фикрам, ҳамин сабаб аст, ки аз осори ў нишонаи ошкоре аз фоҷиаи кўр карда шуданаш наметавон пайдо кард.

Е. Э. Бертелс аз байти поён натиҷа мегирад, ки Рўдакӣ барои пайрави шахси воломақоме буданаш кўр карда шуда буд ва аз ҳамин сабаб аз ў мадад мепурсад:

Садри ҷаҳон, ҷаҳон ҳама торикшаб шудаст,

Аз баҳри мо сапедаи содиқ ҳамедамӣ?!

Ин ҳама баҳсу баррасиҳо барои аҳли таҳқиқу даъво лозим аст. Аммо мардуми оддӣ дар ҳамаи давру замонҳо Рўдакиро бо шеъри поку нобаш мешинохтанду ба лаҳзаҳову вақоеъи гуногуни зиндагонии ў чандон коре ҳам надоштанд. Дар байни мардум бештар ашъори ошиқона, панду андарз ва байтҳои нишотовари ў шуҳрат доштаанду доранд. Тазкираҳо бештар ҳамин гуна ашъори Устодро дарҷ намудаанд.

Аллома Саъид Нафисӣ дар асоси ташбеҳоти ашъори боқимондаи Рўдакӣ ба хулосае меояд, ки мавсуф кўри модарзод набуда, танҳо дар поёни умраш кўр карда шудааст. А. Мирзоев ба С. Нафисӣ пурра ҳамфикр будани худро иброз дошта менависад: «Мумкин аст дар воқеъаи аз тарафи Саъид Нафисӣ ишорашуда, душманон ба тирагии чашми шоъири бузург ва ҳолати вай раҳм накарда, ўро ҳам ба куллӣ нобино гардонда ва аз дарбор ронда бошанд».118

Соли 1958 қабри Устод Рўдакиро кушода, ҷасади ўро аз он бароварданд. Антропологи машҳури шўравӣ профессор М. М. Герасимов устухонҳои косахонаи сар (ҷумҷума) ва ҳамаи боқимондаҳои ҷасади шоъирро аз ҷиҳати анатомӣ ташреҳ намуда, абёти дастраси Рўдакиро омўхт ва ба хулосае омад, ки «Рўдакӣ на фақат дар унфувони ҷавонӣ, балки дар замони камолот ҳам бино буд».119 Сипас М. М. Герасимов устухонҳои ҷасади Рўдакиро тадқиқ намуда, натиҷа мегирад, ки «Рўдакӣ бо ҳўлаи оҳани гудохта кўр карда шудааст».120

С. Нафисӣ менависад: «Волотарин далел бар ин, ки Рўдакиро дар поёни зиндагӣ кўр кардаанд, ин аст, ки дар соли 1336 (баробар ба 1957 — А. А.) дар Тоҷикистон, дар ноҳияи Рўдак, дар рустои Панҷрўдак, дар шимоли Самарқанд, дар гўристони куҳане, ки Абўсаъди Идрисӣ дар «Таърихи Самарқанд» гўри Рўдакиро дар ҳамон ҷо нишон додааст, пас аз ковиш ҷойгоҳи қабри вайро ёфтанд ва дар он ҷо устухонҳои вай аз зери хок берун омад. Дар косаи чашми вай, дар ҷумҷумааш асари сўхтагиву бархўрд бо ҷисми гудохтае пайдо шуд ва мусаллам шуд, ки вақте ҷисми гудохтаеро дар чашмони вай фурў бурдаанд ва он чӣ Наҷотӣ гуфта буд, ки чашми вайро мил кашидаанд, собит шуд. Дар сутуни фақароти вай низ асари шикастагӣ падидор буд ва донишмандон гуфтаанд, ки барои кўр кардани вай ва наздик кардани чеҳрааш ба ахгаре, ки сабаби гудохтани оташу устухони ҷумҷумаву косаи чашму кўрии вай шудааст, сарашро ба рўи оташ хам кардаанду муқовимат кардааст, устухони пушташ шикаставу шикастагии он ошкор аст ва дар устухони пушт боқӣ мондааст».121

Чунин аст зиндагии пуршебу фароз ва ибратомўзи хуршеди осмони адаби форсу тоҷик Абўабдуллоҳ Ҷаъфар Рўдакӣ! Ин буд оғозу анҷоми фарзанди бузурги халқи тоҷик!

Бетартибиҳо, беназмиҳо, бесариҳо, парешониҳо ва ҷаҳолату тирагии синфи ҳоким, ки ба қадри мақоми сутург ва хизматҳои бузурги Устод Рўдакӣ нарасида, ба ҷуз бизан, бикуш, кўр кун … чизи дигареро намедонистанд, устоди беназири шеъри форсӣ ва фарзанди шуҳравари халқи тоҷикро ҷисман аз миён бурданд. Аслан, дар замони Сомониён, ба вижа, дар давраҳои аввали ҳукмронии онҳо, пайравони адён ва кешу ойинҳои гуногун дар сарзамини Хуросон озодона амал мекарданд. Бинобар шаҳодати сайёҳи араб Муқаддасӣ, дар аҳди Сомониён дар Мовароуннаҳру Хуросон ҷараёни ҳамагонии    динӣ мавҷуд набуд. На фақат мазҳабу ҷараёнҳои    исломӣ, ҳатто адёни гуногун арзи  вуҷуд мекарданд. Дар мавзеъҳои гуногуни зиёде бисёр яҳудиҳо, насрониён, аснофи маҷус, аз қабили зардуштиён, монавиён, оташпарастон ва гаравандагони    ойинҳои бутпарастӣ    ва санампарастӣ, габрҳо мезистанд. Истахрӣ ва Ибни Ҳавқал сарзамини Ғурро дорулкуфр меноманд. Оташгоҳу дайри муғонро қариб дар ҳар вилояту навоҳӣ дидан мумкин буд. Ибодатхонаҳои яҳудиён дар Майманаву  Балх   ва   монастирҳои   насрониён  дар  Самарқанд,  Ургут, Хоразм амал мекарданд. Муқаддасӣ хабар медиҳад, ки дар Хуросону Мовароуннаҳр нуфузи ҳанафиён бештар ба назар мерасида, ба истиснои вилоятҳои Шош, Элок, Тўс, Нисо, Абевард, Тироз, Сиғоҷ, дар музофоти Бухоро, Санҷ, Дандонакон,    Исфароин, Ҷувайн шофеъимазҳабҳо  аксариятро ташкил  медоданд.  Шофеъиҳо дар Ҳирот, Систон, Сарахс, Марв, Нишопур низ дида мешуданд. Дар Систон, навоҳии Ҳирот, дар Карух   ва Астаробод хориҷиён зиёд буданд. Дар Нишопур пайравони мўътазила,  қарматиҳо,  шеъиҳо зист  мекарданд.  Қарматиҳо дар Фарғона, Хуттал, Гузгон, Марвруд   ва Самарқанд хонақоҳ доштанд. Сафедҷомагон, ки пайрави Муқаннаъанд, дар рустоҳои Ҳайтал  (Усрушана, Суғд, Бухоро, Исфиҷоб, Шош ва Фарғона) ҳаёт ба сар мебурданд. Ба қавли муаллифи «Ҳудуд-ул-олам», дар Вахон, соҳилҳои рўди Марв габрони зиёде зиндагӣ мекарданд. Дар  Самарқанд монавиён оташгоҳе доштанд,  ки Нағушок мегуфтанд.

Аз рўйи маълумоти   Наршахӣ,   дар наздикии Бухоро Моҳ ном бозоре вуҷуд дошт, ки буту санамҳои гуногун мефурўхтанд. Дар Бухоро маросими Кини Сиёвуш пос дошта мешуд. Дар Эрон ҳам ҷараёнҳои мазҳабии мухталиф ва адёну кешҳои гуногун амал мекарданд. Муътадилан аҳли ташайюъ, шофеъиҳо, ҳанафиҳо, ҳанбалиҳо, моликиён, қодириҳо, сўфиҳо ва ғайра дар Форс, Шероз, Рай, Ҳамадон, Исфаҳон, Қум, Хузистон, Аҳвоз ва вилоятҳои ҳамсояи онҳо (Ироқ, Басра, Кўфа, Бағдод) озодона ҳаёт ба сар мебурданд. Зардуштиёни зиёд, насрониҳо ва калимиҳо низ кам набуданд, Рўҳониёни ин ҷараёнҳои мафкуравӣ байни худ мубоҳисаҳои гарму ҷўшон барпо менамуданд. Хурофот ва таассуби диниву мазҳабӣ хеле заиф ба назар мерасид. Дар солҳои охири салтанати Насри II (914—943) ин мубоҳисаҳо ба ихтилофҳои шадид табдил мегардиданд. Хусусан, ихтилоф байни сунниҳо ва аҳли ташайюъ рўз ба рўз авҷ гирифта, гоҳе бо задухўрдҳои хунин анҷом мепазируфт. Хурўҷҳои ботиниён, ки онҳоро бештар қарматиён мегуфтанд, ба бисёр бетартибиҳо, шўришу исёнҳо сабаб мешуд. Ҳақ ба ҷониби Абдулғанӣ Мирзоев аст, ки гуфта буд: «Қарматиҳо-исмоилиҳо ҳамчун аҳли мўътазила ба мубоҳисаҳои илмӣ ва баҳсу мунозира, фалсафа ва илмҳои ақлӣ бештар майл доштанд. Махсусан, ба ҳикмати Юнони Қадим аҳамияти хосе медоданд, зеро дар муборизаҳои ғоявӣ-фикрӣ фалсафа ва ҳикмат тавонотарин аслиҳаи онҳо ҳисоб мешуд».122

Баъд аз он ки таассуби динӣ авҷ гирифта, лашкариёни турку рўҳониёни сунниву ҷамоъат як шуданд, дар охири асри X мелодӣ (қарни 4 ҳиҷрӣ) ҳамаи ашхоси барои синфи ҳоким номатлуб қарматӣ шумурда, бераҳмона нест карда мешуданд. Ин раванд аз охирҳои замони ҳукмронии Насри II (914—943) оғоз гардида, торафт авҷ гирифта, дар замони Маҳмуди Ғазнавӣ (998—1030) ба авҷи аъло расид.

Чунонки зикраш дар саҳоифи пеш гузашт, дар соҳибистиқлол ва мустаҳкам гардидани Давлати Сомониён саҳми Исмоили Сомонӣ  (892—908) хеле бузург аст. «Исмоили Сомонӣ аз муборизаи оммаи халқ барои истиқлолият    истифода   бурда,    нахустин  бор   пас  аз   истилои   араб сарзамини дар натиҷаи задухўрдҳои дохилӣ парешонгардидаро муттаҳид намуд ва давлати бузурги мустақиле ба вуҷуд овард. Вай дар баробари барҳам додани ҳукумати Саффориён, ҳокимияти худро на танҳо дар Мовароуннаҳру Хуросон мустаҳкам кард, балки ба як қатор вилоятҳои шарқӣ ва шимолии Эрон соҳиб гардида, истиқлолити ҳақиқии давлати ташкилкардаи худро нисбат ба хилофати араб таъмин намуд».123

Исмоили Сомонӣ соли 892 пойтахти Сомониёнро аз Самарқанд ба Бухоро кўчонд, чунки ба кишвар аз тарафи шарқ ҳуҷуми хориҷӣ таҳдид намекард, дар он самт вилоятҳо дар амон ва дур аз хавф буданд. Аммо аз ғарб бими ҳуҷуми кўчманчиён, ки ҳар гоҳ ба мавзеъҳои сарҳадӣ ҳамла оварда, онҳоро ғорат мекарданд, ҳеҷ кам намешуд. Гоҳо бо хиёнати посбонони сарҳад — марзбонон ғоратгариҳо басе ташвишовар мешуданд.

Бо вуҷуди чунин кўшишу тадбирҳо, давлати шуҳратманду овозадор солҳои охири қарни X дар натиҷаи ихтилофҳои шадиди синфӣ, ба хусус аз синфи ҳоким норозӣ шуда, аз он рў гардондани оммаи меҳнаткаш, муқобилати қувваҳои марказгурез бо хукумати марказӣ, рақобати авлодии намояндагони сомонӣ барои ба даст овардани тоҷу тахт, адовати аҳли дарбор ва кормандони девонҳо, фитнаву хиёнати саркардагони лашкари кирояи турк, бо душманони хориҷӣ ҳамдаст шудани марзбонҳо, ривоҷ гирифтани таассуби динӣ ва ғайра, ба дараҷае нотавон шуд, ки аз шукўҳу равнақу қудрати пешинаи он осоре намонд. Аз ин ҷиҳат, дигар натавонист ба ҳуҷуми душманони хориҷӣ муқобилат нишон диҳад. Соли 992 бодиянишони турк, ки қарохониҳо ном доштанд, Бухороро забт карданд. Амири Сомонӣ Нўҳи II (976—997) бо Маҳмуди Ғазнавӣ онҳоро аз кишвар дур андохт. Аммо соли 999 дар натиҷаи ҳуҷуми навбатӣ Бухоро тамоман ба дасти қарохониҳо гузашт. Бо ҳамин Давлати бузурги Сомониён аз байн рафт.

Аз ибтидои асри XI сар карда, баъди барҳам хўрдани Давлати Сомониён, дар байни тоҷикон ҷудоӣ афтод. Сарзамини ягонаи онҳо тақсим гардида, худашон ба давлатҳое тобеъ шуданд, ки ҳокимонашон аҷнабиҳо буданд. Аммо халқи эҷодкори тоҷик ҳеҷ гоҳ нагузошт, ки маданияташ тамоман ба хок яксон шавад.

Камолоти эҷодии Рўдакӣ чун устоду сарвари адибони Бухорову Сомониён дар ҳамин айём сурат гирифта, на танҳо дар дарбор, балки дар байни халқу гурўҳҳои рўшанфикри шаҳр шуҳрати тамом ёфта буд. Ин шуҳрату нуфузи шоъир дар пиронсолӣ афзун гардида бошад ҳам, ранҷу заҳматҳои Рўдакӣ дар ин айём бо шуҳрати шоъириву кулфатҳои пирӣ маҳдуд намешуд. Синфи ҳукмрон дар таъқибу озори ў роҳи ифротро пеш гирифт. Ин сабаб дошт, зеро хонадони Сомониён, ки дар аввали ҳукмронӣ ба пайравони мазҳабҳо, фирқахо, ҳатто динҳо бетараф буд, баъдан дар ин ҷабҳа сиёсати худро дитаргуна кард. Аз соли 919 сар карда  дар  қаламрави  Сомониён  таблиғоти қарматӣ чун ҷунбиши сиёсӣ ва наҳзати иҷтимоӣ пурзўр гардид. Қарматиҳо гурўҳи пурқуввати сиёсие буданд, ки дар асри IX пайдо шуда, деҳқонон, бодиянишинон, аҳли ҳунар, бахусус онҳоеро, ки аз тартиботи мавҷудаи мазҳаби расмии ислом норозӣ буданд, муттаҳид мекарданд. Маънии қармат кўтоҳ аст. Сабаби чунин ном гирифтани ин ҷараён дар он аст, ки асосгузори он Ҳамдон ибн ал-Ашъас қомату пойҳои кўтоҳе доштааст. Дар замони Сомониҳо қарматия ҳамчун ҳаракати халқӣ моҳияти зиддифеодалӣ дошта, бо фаъолияти роҳбари қарматиҳои Бухоро Муҳаммади Нахшабӣ аз рўйи баъзе хусусиятҳои озодихоҳӣ-демократияш эътибор пайдо карда буд. Таъсиру нуфузи он то дараҷае буд, ки амирону вазирон ва шахсони дигари соҳибэътибор майлаш мекарданд. Наср ибни Аҳмад ҳам ба онҳо таваҷҷўҳ дошт. Аз тарафи дигар, дар охирҳои замони Наср ибни Аҳмад таассубу хурофоти мазҳабӣ авҷ гирифт. Бисёр одамони рўшанфикр бо туҳмати қарматӣ будан ба муҷозот гирифтор мешуданд. Рўҳониёни ислом ва дарбориёни иртиҷоъӣ ҳамаи мухолифони худро қарматӣ меномиданд, ба бединӣ айбдорашон мекарданд. Лашкариён бошанд, мекуштанду ғораташон мекарданд.

Низомулмулк воқиъаи бо гуноҳи қарматӣ аз тахт маъзул гардидани Насри II ва ба ҷойи ў амир  баргузида шудани писари Нўҳ ибни   Мансурро муфассал нақл карда, таъкид менамояд, ки ин кор аз сабаби аз роҳи суннат барафтодан ва мазҳаби бад гирифтан, яъне таълимоти қарматиро аз Муҳаммади Нахшабӣ пазируфтани Насри II рух додааст. Нўҳ баробари ба тахт нишастани худ ба пойи падараш банд баста, ўро маҳбус мекунад. Пешвоёни ҳаракати қарматӣ  (ботинӣ)-ро низ ба ҳабс мегирад. «Пас Ҳасан ва Макот ва Мансури Чағонӣ ва Ашъасро, ки ботинӣ шуда буданд, гардан    бизаданду дар шаҳрҳо афтоданду ҳар киро, ки аз эшон меёфтанд, мекуштанд… Ҳафт шабонарўз дар Бухорову навоҳии ў мегаштанду ғорат мекарданду чунон шуд, ки дар Мовароуннаҳру Хуросон яке аз эшон намонданд».124 Албатта, ин баҳонае буд, ки ағлаб бо туҳмати қарматӣ будан ба    қатл расида, халқ ғорат мешуд. Рўдакӣ аз бетартибиҳо, амалиёти зиддихалқии қувваҳои ҷудоиандози марказгурез ва ривоҷи хурофоти мазҳабӣ ба танг омада, дар сафи одамони пешқадами ватандўсту халқпарвару размандаву    пайкорҷў меистод.

Маълум мешавад, ки Рўдакӣ аз бенизомӣ ва хиёнатҳои аҳли дарбор амирро борҳо огоҳ кардааст (Агар амири ҷаҳондор доди ман надиҳад, — Чаҳорсола навиди маро кӣ ҳаст хиром?). Вале ағлаб аз ҷониби шоҳи замон тарафдорӣ надида, музтариб  мегардид. Ва, ниҳоят, ҳатто аз он пушаймон гардид, ки дар ин дарбор хизмат кардааст:

Басе нишастам ман бо акобиру аъён,

Биёзмудамашон ошкору пинҳонӣ.

Нахостам зи таманно, магар дастурӣ,

Наёфтам зи атоҳо, магар пушаймонӣ!

Синфи ҳоким ин рафтори бебоконаи шоъирро таҳаммул карда натавонист, оқибат Рўдакиро низ қарматӣ шумурда, молу мулкашро мусодира карда, ба чашмонаш мил кашида, кўраш карданд. Мил кашидан аз қабеҳтарин муҷозоти ҳуккоми феодалӣ буд, ки бо лўлачаи филиззии тасфон гавҳараки чашми одамонеро, ки аз ҷиҳати мафкура хатарнок шумурда мешуданд, доғ мекарданд.

Гумон меравад, ки дар ҳамин вақт аввалин бор осори Рўдакӣ сўзонда шуда бояд бошад. Рўдакии пири нотавон озор ёфтаву ҷазо гирифта, аввал ба Самарқанду сипас ба деҳааш баргашт. Ҳамаи ёронаш ўро ба оғўши навозишу ғамхорӣ гирифтанд. Баъд аз се соли ба зодгоҳи худ баргаштан, яъне соли 329/941, Рўдакӣ оламро падруд гуфт. Ҷасади ўро дар саҳни бўстони Панҷрўд ба хок супурданд.

Моҳҳо гузаштанд. Моҳҳо ба солҳо табдил гаштанд. Аз он солҳо асрҳо ба вуҷуд омаданд. Соли 1926 Ҳукумати Тоҷикистон бузургии Устод Рўдакӣ ва аҳамияти волои эҷодиёти суханвари номиро ба назар гирифта, қарори махсус қабул намуд, ки ҳар сол дар рўзи Наврўз бо номи «Рўзи Рўдакӣ» ҷашни хос гузаронида шавад. Расо як ҳазору сад сол сипарӣ шуд. Соли 1958 ба зодрўзи Султони шоъирони Аҷам Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ёздаҳ аср пур гашт.

Мардуми суханпарвари тоҷик ва ҷаҳониёни мутамаддин аз тўфони ҳазорон ҳаводиси таърих намунаҳои гуфтори ҳакимона ва ҳикоятҳои ошиқонаи ин устоди беҳамтои суханро то ба замони мо оварда расонданд ва дурдонаҳои назми волои ўро овезаи гўши мухлисонаш гардонданд. Доноёни олам дар бузургдошту ситоиши Рўдакии ҷовидон китобҳо навиштанд, суннатҳои асосгузоштаи ўро такмилу тарвиҷ доданд. Алҳақ,

                   Номи ўро, ки медоранд имрўз,

                   Ҳаст аз он шеъри анҷуманафрўз!

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …