Главная / Гуногун / НОМ, ШАҶАРА ВА ТАХАЛЛУСИ АДАБИИ “Рўдакӣ”

НОМ, ШАҶАРА ВА ТАХАЛЛУСИ АДАБИИ “Рўдакӣ”

Қадимтарии манбаъи хаттӣ, ки роҷеъ ба ном, шаҷара ва тахаллуси шоъирии Устод Рўдакӣ хабар медиҳад, ҳамон «Китоб-ул-ансоб»-и Самъонӣ мебошад, ки номи пурраи ўро ба гунаи «Абўабдуллоҳ Ҷаъфар бинни Муҳаммад бинни Ҳаким бинни Абдурраҳмон ибни Одам Рўдакии шоъири Самарқандӣ»81 менигорад. Самъонӣ  навиштаи худро аз гуфтаи Идрисӣ (ваф. 405 /1015 ) ва тарбиятгари мамдўҳи шоъир Абулфазли Балъамӣ (ваф. 329 /940 ) гирифтааст. Аз ин ҷиҳат, ахбори Самъонӣ дар ин бора саҳеҳтар аз гуфти дигарон буда, бештар пазируфтанист. Маълумоти ўро Ибн-ал-Асир,82 Исмоил Ҷаннатуллоҳ ибни Аберазӣ ал-Мусалло (629 /1231), Аҳмад ибни Умар ал-Мунайнӣ (ваф. 1110 /1697)83 айнан такрор мекунанд.

Дар адабиёти тоҷик нахустин шахсе,  ки аз  Устод Рўдакӣ зикр кардааст ва навиштаи ў то замони мо расидааст, Низомии Арўзии Самарқандист, ки дар «Ҷаҳор мақола» менависад: «Абўабдуллоҳ Ҷаъфар бинни Муҳаммад ар-Рўдакӣ».84

Низомии Арўзии Самарқандӣ «Ҷаҳор мақола»-ро тақрибан соли 550/1155 таълиф кардааст.

Маълумоти дигари нисбатан муфассали қадимии шарҳиҳолие, ки аз рўзгору насаби Рўдакӣ ахбор медиҳад ва то ҳол маҳфуз мондааст, навиштаи Муҳаммади Авфист, ки асоси маълумоти тамоми китобҳои минбаъда ва адабиёти илмӣ қарор гирифтааст. Аз ҳамин сабаб, онро пурра меоварем. Муҳаммади Авфӣ тазкираи худ «Лубоб-ул-албоб»-ро соли 630/1222 нигоштааст, ки дар он аз хусуси Рўдакӣ   менависад:  «Ал-Устод   Абўабдуллоҳ  Ҷаъфар   ар-Рўдакӣ    ас- Самарқандӣ.     Рўдакӣ  аз наводири фалакӣ будаасту дар зумраи аном аз аҷойиби айём. Акма буд, аммо хотираш ғайрати хуршеду маҳ буд; басар надошт, аммо басират дошт; макфуфе буд асрори латоиф бар вай макшуф, маҳзубе буд аз ғояти лутфи табъ маҳбуб; чашми зоҳир баста дошт, аммо чашми ботин кушодаву Шаҳиди Балхӣ дар мадҳи ў гуфтааст, назм:

Ба сухан монад шеъри шуъаро,

Рўдакиро суханаш тилви нубост.

Шоъиронро хаҳу аҳсант мадеҳ,

Рўдакиро хаҳу аҳсант хиҷост!

Ва ўро султони шуъаро гуфтандӣ ва Маъруфии Балхӣ дар мадҳи ў гуфтааст, байт:

Аз Рўдакӣ шунидам — султони шоъирон,

К-андар ҷаҳон ба кас магарав, ҷуз ба фотимӣ!

Ва Дақиқӣ ҳам дар мадеҳи ў гуфтааст, назм:

Киро Рўдакӣ гуфта бошад мадеҳ,

Имоми фунуни сухан буду ар

Дақиқӣ мадеҳ оварад назди ў,

Чу хурмо бувад бурда сўйи ҳаҷар!

Ва Унсурӣ дар мадҳи ў гуфтааст, назм:

Ғазал Рўдакивор некў бувад,

Ғазалҳои ман Рўдакивор нест!

Агарчи бикўшам ба борикӣ ҳам,

Бад-ин парда андар маро бор нест!

Ва муваллиди ў Рўдаки Самарқанд буваду аз модар нобино омада; аммо чунон закиву тезфаҳм буд, ки дар ҳаштсолагӣ Қуръон тамомат ҳифз карду қироат биёмўхту шеър гуфтан гирифт ва маъонии дақиқ мегуфт, чунон ки халқ бар он иқбол намуду рағбати ў зиёдат шуд; ва ўро Офаридгори таъоло овозе хушу савте дилкаш дода буду ба сабаби овоз дар мутрибӣ афтода буд ва аз Абўбакри Бахтиёр, ки дар он санъат соҳибихтиёр буд, барбат биёмўхту дар он моҳир шуду овозаи ў ба атрофу акнофи олам бирасиду амир Наср бинни Аҳмад ас-Сомонӣ, ки Амири Хуросон буд, ўро ба қурбати ҳазрати худ махсус гардониду кораш боло гирифту сарвату ниъмати ў ба ҳадди камол расид, чунон ки гўянд, ўро дувист ғулом буду ҷаҳорсад шутур дар зери бунаи ў мерафту баъд аз вай ҳеч шоъирро ин макнат набудаасту ин иқбол рўй надода; ва чунин гўянд, в-ал-ъуҳдату ила-р-ровӣ, ки ашъори ў сад дафтар баромадаасту қалоиди қасоиди ў машҳун аст ба фароиди фавоид ва мисдоқи он сухан устод Рашидӣ гуфтааст, назм:

Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некўшоъирӣ,

Рўдакиро бар сари он шоъирон зебад сарӣ!

Шеъри ўро ман шумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор,

Ҳам фузун ояд, агар, чандон ки бояд, бишмарӣ!

Ва яке аз ҷуҳҳол дар назми ў таъне карду ароису нафоис ва тавоифи латоифи ўро тазйиқ намуд, Низомии Арузӣ ин байт дар ҳаққи ў иншо кард, шеър:

Ай он ки таън кардӣ дар шеъри Рўдакӣ,

Ин таън кардани ту зи ҷаҳлу зи кўдакист!

К-он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон

Соҳибқирони шоъирӣ Устод Рўдакист!

Ва агарчи шеъри ў аз ҳадду адад мутаҷовиз аст, аммо он чи ин маҷмўъ онро иҳмол кунад, сабт афтод, дар мадҳи Наср ибни Аҳмад мегўяд дар аснои қасида, шеър:

Ҳотами Тойӣ туйӣ андар сахо,

Рустами Дастон туйӣ андар набард!

Не, ки Ҳотам нест бо ҷуди ту род,

Не, ки Рустам нест дар ҷанги ту мард!»84

Баъдан Муҳаммади Авфӣ 27 байт ашъори дигари аз ҷиҳати мавзўъ, муҳтаво ва мазмун гуногуни ашъори Устод Рўдакиро иқтибос меорад, ки барои мо дурри ноёбанд.

Нуктаи ҷолиби зикр он аст, ки аз қарни 9 ҳиҷрӣ (асри XIV мелодӣ) сар карда бисёре аз муаллифони тазкираву таъриху фарҳангномаҳо, мисли Давлатшоҳи Самарқандӣ, Шерхони Лудӣ, Шайх Абулқосими Козарунӣ, Лутфалибеки Озар, Шамсуддини Сомӣ ва баъзеи дигар шоъири моро Абулҳасан Рўдакии Самарқандӣ ё Бухоройӣ мегўянд, ки ба сабаби дар монобеъи қадиматар наёмадани чунин кунияи Устод Рўдакӣ қобили қабул нестанд. Фаридаддин зикр намудани кунияи Рўдакӣ аз тарафи Амин Аҳмади Розӣ, Ҳоҷӣ Халифа, Волаи Доғистонӣ ва амсоли онҳо низ иштибоҳе беш намебошад. Мо ному насаби Рўдакиро ба тавре, ки муаллифи «Китоб-ул-ансоб» Самъонӣ зикр мекунад, мепазирем: «Абўабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Одам Рўдакии Самарқандӣ». Рўдакӣ ва Рўдакро бо «зол» сабт кардан бошад, шакли талаффузи таърихии ин навъи вожаҳост.

Рўдакиро мардум бо шеъри поки ў мешинохтанд ва шояд ба шахсияту вақоеъи зиндагӣ ва кадом санъату вазне навишта шудани ашъору чӣ навъ ибораву истилоҳу вожаи махсусро истифода бурдани  ў  коре ҳам  надошта  бошанд. Муҳимтар аз ҳама, сухани ноби ў

барояшон ҳамдаму марҳам буд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

бозори кушониён

Бозори “Кушониён”

Бозори “Кушониён” бозори сохтмонӣ дар пойтахти Тоҷикистон аст, ки яке аз ҷойҳои нави савдои ҷисмӣ …