Главная / Гуногун / ТАҲСИЛИ ИЛМҲОИ ЗАМОНАИ РӮДАКӢ

ТАҲСИЛИ ИЛМҲОИ ЗАМОНАИ РӮДАКӢ

Аз ашъори боқимондаи Рўдакӣ, навиштаҳои аҳли китоб ва шаҳодати маъхазҳои гуногун ошкор мегардад, ки ў яке аз шахсиятҳои аз улуми расмӣ ва ғайрирасмии замони худ хеле огоҳ буда, дар бисёр риштаҳои онҳо дасти тавоное доштааст. Қабл аз ҳама, дар ашъори дастраси Рўдакӣ ва маълумоти маъхазҳои адабиву таърихӣ гуфта мешавад, ки Рўдакӣ аз кўдакӣ соҳиби зеҳни гиро ва фаҳми расо буда, ба қавли Муҳаммади Авфӣ, «чунон закӣ ва тезфаҳм буд, ки дар ҳаштсолагӣ ба тамомат Қуръон ҳифз карду қироъат биёмўхт». 92

Қуръонро амиқ донистани Рўдакӣ аз таваҷчўҳи ў дар ривоёт роҷеъ ба ҳазрати Одам, Нўҳи набӣ, оби азоб, киштии Нўҳ, Мўсо, Имрон, Ҳорут, чоҳи Ҳорут, Луқмон, Довуд, Сулаймон, Яъқуб, Юсуф, Рўҳалқудус, Ҷабраил, шаби лайлатулқадр, шаби меъроҷ, рўзи қиёмату амсоли инҳо ва қиссаву ривоятҳои марбут ба онҳо ҳувайдо мегардад. Ин таваҷҷўҳи Рўдакӣ бурҳони он аст, ки аз тафсири Қуръон ва ривоёти мардумӣ низ ба хубӣ огоҳ буда, дар ҳадису шариъату тариқат, ҷараёнҳои мафкуравӣ, аз қабили ирфону тасаввуф, таълимоти шуъубия, ихвонуссафо, қарматия, риндӣ ба мақоми сазоворе молик буда, худ иброз медорад:

Маро зи мансаби таҳқиқи анбиёст насиб,

Чи об ҷўям аз ҷўйи хушки юнонӣ?!

Барои парвариши ҷисм ҷон чӣ ранҷа кунам,

Ки ҳайф бошад Рўҳалқудус ба сагбонӣ!

Ба ҳусни савт чу булбул муқайяди назмам,

Ба ҷурми ҳусн чу Юсуф асиру зиндонӣ!

Дониши амиқи Рўдакӣ аз саргузашту сияри Пайғамбар, маноқиби ҳазрати Алӣ ибни Абетолиб (Ай шоҳи набисират, имон ба ту маҳкам, — Ай мири Алиҳикмат, олам ба ту дарғол!), ҳаракати фотимиён (К-андар ҷаҳон ба кас магарав ҷуз ба фотимӣ), саргузашти соҳибони мазоҳиби суннат ва ҷамоъат: Имоми Аъзам Абўҳанифа, Шофеъӣ ва фақеҳу муҳаддиси сунниён Суфён (В-ар ту фақеҳиву суви шаръ гаройӣ, — Шофеъӣ инакт-у Бўҳанифаву Суфён!), фармудаҳои Қуръон (Ҳуҷҷати якто Худову сояи ўяст, — Тоъати ў карда воҷиб ояти Фурқон), мумаййизоти забони арабӣ, сарфу наҳву луғати он ашьори Устодро аз ҷиҳати мазмуну муҳтавиёт басо ғанӣ гардонидааст. Аз аҳодиси набавӣ ба дараҷаи аъло муталлеъ будани Рўдакиро аз ағлаби ашъораш фаҳмидан мумкин аст, ки дар байте мегўяд:

Ба рўзи неки касон, гуфт, ғам махур зинҳор,

Басо касо, ки ба рўзи ту орзуманд аст.

 

         Ин байт бо ҳадиси зерини Пайғамбари акрам ҳаммазмун аст, ки фармуда: «Унзур ило ман ҳува дуникум ва ло тунзир ило ман ҳува фавқакум» — «Бузургии касони аз худат фурўтарро нигар ва ба рўзгори одамони аз худат болотар нигоҳ макун».

Ё аз ҳадиси «Ад-дунё ка ҳулм-ун-ноим» —«Ин дунё ба хоби хобидае монанд аст» илҳом гирифтани Рўдакӣ дар иншои байт аёну равшан аст:

Ин ҷаҳон пок хобкирдор аст,

Он шиносад, ки дил-ш бедор аст!

Бар замми ошкор будани қаробати абёти иқтибосгардида бо ҳадисҳои Пайғамбари акрам (с), Самъонӣ ривояте мекунад, ки аз Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Аслами қозии Самарқанд шунидааст, ки Рўдакӣ аз Абўабдуллоҳ ибни Абеҳамзаи Самарқандӣ, ки аз муҳаддисони тавонои замони худ буд, ҳадис фаро гирифта будааст. «Рўдакӣ, пеш аз он ки ба Бухоро— пойтахти Сомониён биравад, дар Самарқанд зистааст ва пайдост, ки дар ҷавонӣ барои касби дониш ба Самарқанд рафтаву дар он ҷо ҳадисро аз Исмоил ибни Муҳаммад ибни Аслами қозии Самарқанд фаро гирифтааст».93

Соҳиби овози хуш, савти дилкаш, дар навохтани чанг чирадаст ва дар илми мусиқӣ моҳиру устод будани Рўдакиро ҳанўз Низомии Арузии Самарқандӣ, Муҳаммади Авфӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва тазкиранависону таърихнигорони баъдӣ низ таъкид намудаанд, ки дар ин мавзўъ боз сухан хоҳем гуфт.

Нуктаи дигаре, ки шоёни таъкид аст, он мебошад, ки Рўдакии ҷавонро ба даргоҳи Насри I, ки пойтахташ дар Самарқанд буд, даъват мекунанд. Ин даъватро бо хушӣ мепазирад ва бо қалби софу андешаи пок онро қобили қабул қарор медиҳад. Гўё, байти зайл дар ҳамин мавзўъ гуфта шудааст:

Ман бад-он омадам ба хидмати ту,

Ки барояд рутаб зи конозам.

Саъид Нафисӣ менависад, ки шахси Рўдакиро ба дарбор ҷалбкарда бояд Абулфазли Балъамӣ бошад. Абдулғанӣ Мирзоев ба хулосае меояд, ки муносибати дўстонаи Рўдакиву Абулфазли Балъамӣ ва яке аз мураббиёни асосии шоъир гардидани ин марди донишманд шояд баъд аз ин воқеъа шурўъ шуда бошад.94

Шеърро дар бисёр китобҳои адабиётшиносӣ бо калимаи «шуъур» вобаста медонанд ва шоъирро чун донандаи таърих, адабиёт, эътиқодот, муқаддасот, урфу одат, ҷаҳонбинӣ, ҷаҳонфаҳмӣ, донишу биниш ва каси огоҳ аз ботину пиндори мардум мешиносанд. Шоъир раванди ҷомеъаро солҳо ва ҳатто қарнҳо пештар аз ҳамзамонону муъосирони худ пай мебарад. Тасвири инсон, фикру омол ва талқини ахлоқи писандида ва тарғиби одаму одамгарӣ равияи асосии адабиёти бадеъӣ мебошад. Бинобар ҳамин, аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (1877—1938) гуфта буд:

Шеърро мақсад агар одамгарист,

Шоъирӣ ҳам вориси пайғамбарист!

Адабиёт дониш аст, донише, ки бо ҳунари волои эҷодкор ва услуби хоси дилангез баён гардида, ба инсон маърифат мебахшад. Адибони бисёрдонро мутабаҳҳир ва андешапарварро мутафаккир меноманд, ки нахустин шоъири илмдон дар адабиёти форсу тоҷик, бидуни шак, Устод Рўдакист.

Ўро барҳақ бояд Ҳаким номид. Муаллифони мутааххир ўро Ҳаким лақаб додаанд.95 Устод Рўдакӣ ҳикмату фалсафа, улуми адабӣ, таъриху донишҳои гуногуни ҷуғрофӣ, асотир, илми адвору мусиқӣ, дорусозӣ ва табобатро накў медониста ва дар мавриде ҳақдорона фармудааст:

Ҳаким он кас, ки ҳикмат нек донад,

Сухан маҳкам ба ҳукми хеш ронад.

Луғати арабӣ, форсӣ, суғдӣ ва авастоиро96 нек донистани Рўдакӣ аз абёти боқимондаи ў ҳувайдост. Умуман, агар касе худ аз ин забонҳо бохабар бошад, хоҳад донист, ки Рўдакӣ то чӣ андоза ба он забонҳо ошно будааст. Номҳои «Авасто», «Занд» (Ҳамчу муъаммост фахру ҳиммати ў шарҳ, — Ҳамчу Авастост фазлу сирати ў Занд), Монӣ, пурнақшу нигор будани китоби муқаддаси ў Аржанг (Он саҳни чаман, ки аз дами дай, — Гуфтӣ, дами гург ё паланг аст, — Акнун зи баҳори монавитабъ — Пурнақшу нигор ҳамчу Жанг аст), Кисро, яъне Хусрави Парвизи Анўшервон, бо номи «Панднома» ўро дар андарзу ҳикмат китобе будан («Сурати ў буд ваҳйнома ба Кисро, — Чунки ба ойин-ш «Панднома» биёганд), аз насли Кайковус ба вуҷуд омадани Кисро ва ба номи Дурситӣ аз ў духтаре ба камол расидан (Духти Кисро, зи насли Кайковус,— Дурситӣ ном, нағз чун товус), Исфандиёр, Сом, Дастон, Рустам, Коваи оҳангар, Оли Сосонро дар гуфтори худ зикр намудани Устод Рўдакӣ то чӣ андоза ба таърихи Эронзамин ва асотиру афсонаҳои мардумӣ  мусаллат  будани  ўро  нишон  медиҳад. Разманда  ва  ҷанговар

будани Исфандиёрро Рўдакӣ хос таъйид менамояд. Иттилооти Рўдакӣ аз адёни олам дар фахр намудани мусулмонон ба Маккаву Каъба, алавиён, яъне исмоилиён ва шиъаҳо ба ҳазрати Алӣ, карамаллоҳу ваҷҳаҳу, сухани епископро овезаи гўш кардани насрониҳо (Маккӣ ба Каъба фахр кунад, мисриён ба Нил,— Тарсо ба усқуфу алавӣ ба ифтихори ҷад), эътибори бараҳманҳо дар кеши бутпарастони ҳиндӣ, ба асноми гуногун ибодат намудани шаманҳо ва амсоли инҳо возеҳ мегардад. Асомии Суқроту Афлотун барин доноёни Юнони Қадим ҳамчун мубаллиғони дини илоҳӣ дар абёти Рўдакӣ ба назар мерасанд. Таърихро донистани Рўдакӣ ба ҳамин маҳдуд намешавад. Вай таърихи Оли Сосон ва хилофат, саргузашти Ҷариру Ҳассон, ишқи фоҷиъафарҷоми Лайливу Маҷнун, бахшандагиву саховати Ҳотами Тойӣ ва бисёр санаду ҳуҷҷатҳои таърихиро хуб тавҷеҳ медиҳад.

Баробари таърих, Устод Рўдакӣ аз илми ҷуғрофия хеле огаҳ будааст: мавзеъҳову кишварҳои Эрон, Мовароуннаҳр, Бадахшон, Сиҷистон, Ҳинд, Чин, Тотор, Хуросон, Нимрўз, Хутан, Уммон, Яман, Юнон, Шарвон, шаҳрҳои Бухоро, Нишопур, Рай, Сарахс, Сорӣ, Сориён, Фархор, ки дар Эрону Мовароуннаҳру Хуросон ҷойгиранд, ҳамчунин шаҳрҳои кишварҳои дурдаст, аз қабили Бағдод, Тароз, Чандон (шаҳре дар Чин), кўҳҳои воқеъиву афсонавӣ —Қоф, Сиём, Сихрон (дар Наҷаф), Ҷадӣ (Арарати арманиҳо, ки имрўз дар Туркия ҷойгузин аст)-ро бо хисоису вижагиҳояшон зикр мекунад. Ба унвони мисол шаҳри Танҷа, ки аслан номи он Танҷир аст, дар қораи Африқо, дар наздикии гулўгоҳи Ҷабалутториқ, воқеъ гардидааст. Рўдакӣ мавҷудияти онро чунин ёд мекунад:

Андуҳи даҳсоларо ба Танҷа рамонад,

Шодии навро зи Рай биёраду Уммон!

Рўди Нил, дарёи Ҷайҳун, регистони Омуро низ чун воситаҳои бадеъӣ ба кор бурдани Рўдакӣ низ роҷеъ ба нерўманд будани ў дар илми ҷуғрофия далел мебошад.

Турфа он аст, ки баробари таъриху ҷуғрофия ва улуми дину арабият, Устод Рўдакӣ аз асрори илми пизишкӣ ва табобат ҳам ба хубӣ хабардор будааст, ки дар ҷое мегўяд:

Суси парварда ба май бигдохта,

Нек дармоне занонро сохта!

Луғатшинос Амон Нуров «сус»-ро чунин шарҳ медиҳад: «Сус —I. Мурод аз чарбуи сусмор аст, ки онро занон ба ҷиҳати кулфате мехўранд ва бар бадан мемоланд. 2. Номи гиёҳест, ки дар дорусозӣ ба кор мебаранд. Боз, сусмор ҷонварест, ки пиҳ ва чарбуи онро занон барои фарбеҳ нашудан хўранд ва дар бадан моланд, назди шофеъимазҳабон гўшти он ҳалол аст:

Чунон бор баровард ба хештан,

 Ки ман гўям: —Хўрдаст сусмор». 97 

Ду байти дигари Рўдакӣ (Чу гулшакар диҳим, дарди дил шавад таскин, — Чу туршрўй шавӣ, вораҳонӣ аз сафро  ва  Чунки молида ба ў густох шуд,— Дар дурустӣ омаду дарвох шуд) барои илми пизишкиро некў донистани шоъири ҳакимро ба исбот расондан басанда аст.

Устод Рўдакӣ аз нуҷум, ҳандаса, кишоварзӣ, деҳқонӣ, илми калом, фалсафаи зиндагӣ, мардумшиносӣ, арўз низ комилан огоҳ буд. Ў дуруст мегўяд:

Бифнуд танам бар дираму обу замин,

Дил бар хираду илму ба дониш бифунуд.

Дониши сипеҳршиносӣ, таркиби коинот, нуҷум ва ҳаракати сайёраҳо ва дигар ҷирмҳои осмониро донистани Устод Рўдакӣ мисли офтоб рўшан аст. Ӯ дар ин бора ҳатто таҳти унвони «Даврони Офтоб» маснавии ҷудогона навишта, суннати сурудани достонҳои илмиро дар адабиёти форсу тоҷик ба ҳукми анъана дароварда буд.

Рўдакӣ бо ҳамин дониши баланду истеъдоди фавқулоддаи суханофаринӣ ҳанўз дар овони ҷавонӣ дар шаҳри Самарқанд овоза пайдо карда буд, ки ҳанўз на зан дошту на фарзанду на ташвиши рўзгор:

Иёл на, зану фарзанд на, маъунат на,

Аз ин ҳама танам осуда буду осон буд.

Дар ҳамон рўзҳо зебдиҳандаи маҳфилҳои шеъру базмҳои айшу нўш буда, дар манзили сарватмандон ашёву бозёфтҳои худро амонат мегузоштааст. Аз ин ба хулосае метавон омад, ки он вақтҳо Рўдакӣ зану фарзанду ғами рўзгор надошта бошад ҳам, соҳиби сарвате будааст, ки ба ин маънӣ дар қасидаи «Шикоят аз пирӣ» хабар медиҳад:

Куҷо ба гетӣ будаст номвар деҳқон,

Маро ба хонаи ў сим буду ҳамлон буд.

Гумон бурдан мумкин аст, ки баъди ҳамин Рўдакӣ соҳиби зану бо номи Абдуллоҳ писаре мегардад, ки ба ин кунияи ў «Абўъабдуллоҳ» далел аст ва ин матлабро А. Тоҳирҷонов сахт ҷонибдор аст.98

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …