Главная / Гуногун / Рўдакӣ – ОВОНИ ҶАВОНӢ

Рўдакӣ – ОВОНИ ҶАВОНӢ

Бинобар маълумоти Муҳаммади Авфӣ, Рўдакӣ дар 8-солагӣ Қуръонро ҳифз намуда, қироат омўхта буд ва аз ҳамон син ба гуфтани шеър пардохта, «маъонии дақиқ мегуфт, чунон ки халқ бар он иқбол намуду рағбати ў зиёд шуду ўро Офаридгори таъоло овозе хушу савте  дилкаш дода буду ба сабаби овоз дар мутрибӣ афтода буд».85 Албатта, шеърҳои суханвари фитрӣ ва Худодод  аз ибтидо пурмўҳтаво, баландмазмун, амиқмаънӣ, суфтаву пухта будаанд, ки ба ин сабаб аз тарафи мардум пазируфта мешудаанд. Абдулғанӣ Мирзоев менависад: «Ашъори дар он вақт сурудаи шоъир набояд аз шеърҳои оддии давраи бачагии шоъир бошанд.  Ифодаи «маъонии дақиқ мегуфта» ва дар айни ҳол «қабули ом гардидани» ашъори Рўдакӣ чунин нишон медиҳад,  ки вай ҳанўз дар давраи ҷавонӣ санъати шеърро ба дараҷаи хеле баланд аз худ карда будааст».86

Дар ин маврид бештар ашъори ошиқона, панду андарзҳо ва байтҳои нишотовари ў шуҳрат доштаанд, зеро тазкираҳо бештар ҳамин гуна ашъори ўро дарҷ менамоянд. Абдураҳмони Ҷомӣ дар «Баҳористон» ду қитъаи Устод Рўдакиро ба тарзи зайл меорад: «Ва аз суханони вай аст дар сифати шароб, қитъа:

Он ақиқин майе, ки ҳар ки бидид,

Аз ақиқи гудохта нашнохт.

Ҳар ду як чавҳаранд, лек ба табъ

Ин бияфсурду он дигар бигдохт!

Нобисуда ду даст рангин кард,

Ночашида ба торак- андар тохт!

Ва дар насиҳат гўяд, қитъа:

Замона панде озодвор дод маро,

Замонаро чу накў бингарӣ, ҳама панд аст!

Ба рўзи неки касон, гуфт, ғам махур зинҳор,

Басо касо, ки ба рўзи ту орзуманд аст!»

Дар воқеъ, Устод Рўдакӣ аз хурдсолӣ, дар баробари ақли расо, зеҳни гиро ва хотираи тавоно, бо овози хушу савти дилкаш атрофиёнро

мафтун мекард. Бад-ин сабаб, ў дар мутрибӣ афтода, ин ҳунарро даставвал аз созандагону навозандагони халқ омўхт. Дере нагузашта ин ҷавони деҳотии ташнаи дониш роҳи Самарқандро пеш гирифт. Дар мадрасаҳои Самарқанд илмҳои роиҷи замонаро омўхт. Аз осори боқимондаи ў маълум мегардад, ки бар  замми забони арабӣ, дар мадраса   ё   пеши   устодони    хусусӣ   фалсафа,  ҳикмат,   таърих,    фиқҳ, қонуншиносӣ, риёзиёт ва нуҷумро ҳам ба дараҷаи аъло омўхта будааст. Маҳз дар Самарқанд истеъдоди мусиқии Рўдакӣ таваҷҷўҳи устоди ҳунари мазкур Абўбакри Бахтиёрро ҷалб менамояд. Ӯ чанд сол таҳти тарбияти ин устоди номӣ навохтани уду руд, барбату чанг ва танбўру найро машқ карда, дар ин ҳунар моҳир мешавад. Худи Рўдакӣ такрор ба такрор аз мусиқидонияш ифтихор карда мегўяд:

Рўдакӣ чанг баргирифту навохт,

Бода андоз, к-ў суруд андохт!

Баъзе муҳаққиқин дар асоси ҳамин гуна далелҳои мусиқинавози моҳир будани Рўдакӣ ақида меронанд, ки гўё тахаллуси шоъир аз номи асбоби мусиқии руд гирифта шуда бошад, ки ҳаргиз дуруст нест. Ин андеша аз навиштаи Давлатшоҳи Самарқандӣ сар мешавад, ки дар мавриди зикри Рўдакӣ зимнан ишора мекунад: «Ваҷҳи тахаллуси Рўдакӣ, гўянд, бад-он ҷиҳат аст, ки Рўдакиро дар илми мусиқӣ маҳорате азим будаву барбатро (рўди тоҷикиро ба арабӣ барбат мегўянд-А.А.) некў навохтӣ ва баъзе мегўянд, ки Рўдак мавзеъест аз атрофи Бухоро ва Рўдакӣ аз он ҷост».87

Аз ин порча маълум мегардад, ки Давлатшоҳи Самарқандӣ тахаллуси Рўдакиро, мувофиқи ривоятҳо, аз номи таваллудгоҳи ў ва ё асбоби мусиқӣ медонад, ки Рўдакӣ дар навохтани он устод  буд.  Рўдакро тобеъи Бухоро донистани Давлатшоҳ аз сабаби пойтахти империяи Сомониён будани ин шаҳр ва дар   ду канори   як водии бепоён воқеъ гардидани Рўдаку Бухоро ҷойиз аст.

Зикри нуктаи дигаре ҳам зарур аст, ки муаллифони «Китоб-ул-ансоб», «Лубоб-ул-албоб» ва баъзе осори дигари таърихӣ,    ҷуғрофӣ,  адабӣ    ва  луғатномаҳои    пеш  аз Давлатшоҳ Рўдакро ноҳияе аз навоҳии Самарқанд ба қалам додаанд. Вале дар бораи фикри дувум, ки майли Давлатшоҳ, гўё, бештар бар он аст, ҳоҷати баҳс нест. Саъид Нафисӣ дуруст менависад, ки «аммо ҷиҳати дувум сусту нодуруст менамояд. Чи агар рўднавоз будааст, мебойист ўро  «Рўдӣ» бихонанд, на «Рўдакӣ»,  зеро ки  аз  «рўд» шакли  кўтоҳшуда чун  «Рўдак» ҳаргиз дар забони мо    маъмул  набудаву дар ҳеч як аз фарҳангҳо сабт нагардидааст. Рўдӣ ҳам ба қиёси забони форсӣ дуруст нест, зеро зананда ва навозандаи рўдро бояд ба забони форсӣ, он ҳам дар қарни чаҳорум   (яъне, асри X—А.А.), ки риъояти фасоҳату мабодии  забонро  мекардаанд,  «рўдсоз»  ё «рўднавоз» ва ё «рўдзан» гуфт, на «Рўдӣ» ё «Рўдакӣ»! Аммо ин ки баъзе аз мусташриқин    тахаллуси ўро Рўдагӣ,  бо «коф»-и форсӣ  навиштаанд, хатое маҳз  аст».88

Озари Бегдилӣ низ мегўяд: «Дар илми мусиқӣ низ моҳир будаву барбат некў менавохта, лиҳозо тахаллус ба «Рўдакӣ» қарор дода».89 Вале ҳамин қадараш мусаллам аст, ки тахаллуси Рўдакӣ аз номи зодгоҳи азизи ў гирифта шудааст.  Ғайр  аз  ин,  зодгоҳи  Рўдакӣ  бо  ҳамон  ном  то ҳол дар дараи Киштўди ҷамоъати Рўдакии ноҳияи Панҷакент мавҷуд аст. Маълумоти мутахассисони боқимонда ин даъворо тасдиқ менамоянд, ки дар фавқ онҳоро овардем.

Азбаски ноҳияи Рўдак то соли 1929 ба вилояти Самарқанд дохил мешуд, онро Авфӣ («муваллиди ў Рўдаки Самарқанд буд») ва дигарон Рўдаки Самарқанд ва Устоди панҷрўдиро барҳақ Самарқандӣ гуфтаанд. Дар асри XIV Рўдакро аз тавобеъи Насаф донистани Нишотии Нишопурӣ иштибоҳе беш нест. Вақтҳои охир баъзе «донишмандон» аз мавзеъи Рўдаки ҷамоъати Шинги ноҳияи Панҷакент будани Устоди панҷрўдиро тахмин мекунанд, ки гумоне ботил аст, зеро Рўдаки Шинг дар дараи ниҳоят баландкўҳи душворгузар ҷой гирифта, дар ҳеч сурат қутби (маркази!) ноҳияе, яъне ҷамоъате, будаву шуда наметавонад, ки мусовии ҷамоъатҳои имрўзаи Ворў, Рўдакӣ ва Ғўсар буда, дар пушти кўҳҳои он дара ҷой гирифта бошад. Маълумоти Самъонӣ тамоман собит менамояд, ки Рўдак на деҳа, балки номи ноҳия, яъне ҷамоъат ва маркази он қаря— деҳаи Панҷ (Банҷ) буда, аз ҳамин сабаб он Панҷрўдак (Банҷрўдак) номида мешудааст. Воқеъан, куҳансолони диёр ин деҳаро, ки бидуни шакку шубҳа, зодгоҳ ва оромгоҳи Устод Рўдакист, Панҷрўд(ак) мегўянду медонанд, ки каси воқиф онро зери шубҳа гузошта наметавонад.

Ноҳияи Рўдаки асри X дар маркази худ қалъаи мирнишин, чанд мактабу мадраса дошт. Ба шарофати наздикии Самарқанд, дар ин ҷо фаровон будани ҳунарвару донишмандон мусаллам аст. Падари Рўдакӣ, ки аз табаъаи боимтиёз ва шахсони обрўманди ноҳия буд, ба тарбияти фарзанди заковатмандаш аҳамият медод. Аз ин рў, Ҷаъфар ҳанўз дар зодгоҳаш тавонист соҳиби маълумоти муайяне бигардад. Дар овони ҷавонӣ давлатманд ва осуда буданашро худи Рўдакӣ чунин гўшзад мекунад:

Раҳӣ савору ҷавону тавонгар аз раҳи дур

Ба хидмат омад некўсиголу некандеш.

 «Раҳӣ», ки маънии хидматгорро дорад, дар байти боло ба маънии «камина»-и имрўзаи тоҷикон кор фармуда шудааст.

Албатта, дар ин айём ҷўшу хурўши фаъолияти адабиву мутрибии Устод Рўдакӣ давом мекард. Яъне, ў чун деҳқони олимартаба ба дарбори Насри I беалоқа набуда, дар базму нишастҳо ва айшу нўши ҷавонон, дар маҳфили аҳли завқ, мунавварфикрон ва талошҳои озодихоҳона ширкат меварзид. Ҳақ ба ҷониби Холиқ Мирзозода аст, ки ҳанўз соли 1958 навишта буд: «Рўдакӣ бояд дар Самарқанд, ки шаҳри марказии водии Зарафшон ва маркази дувуми илмӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии асри Х буд, таълиму тарбият гирифта бошад ва, аҷаб нест, ки мисли Дақиқӣ, ки аввал дар дарбори амирони Чағониён буду баъд ба доираи адабии Бухоро рафт, Рўдакӣ низ аввал дар доираи адабии Самарқанд ширкат ҷуста, баъд ба доираи адабии Бухоро даъват шуда бошад, зеро то ба даст овардани донишҳои баланди замонаш, то ҷамъ кардани таҷрибаи хидмати расмии доираҳои адабии он давра, то мансубият пайдо кардан ба табақаи аҳли илму адаб, ки одатан аз намояндагони синфи ҳоким буданд, ҳеҷ мумкин набуд, ки Рўдакӣ ба дарбори Бухоро кашида шавад. Аз дараҷаи шоъиру ҳофизи деҳотӣ ва ё шаҳрӣ якбора ба дараҷаи шоъири доираи адабии пойтахти Сомониён ва Маликушшуарои он расидан мумкин набуд. Рўдакӣ аввал бояд дар мадорис, дар тарбияи ашхоси ҷудогона, дар доираҳои адабӣ, дар шаҳрҳои марказӣ ва маданӣ илму дониши баланд ва малакаи маданиву адабӣ ҳосил карда, баъд ба Бухоро даъват шуда бошад. Хулласи калом, вақте Рўдакиро ба Бухоро даъват карданд (солҳои 900-902 —А.А.), ў шоъиру донишманди бавоярасидагӣ буд ва забони арабиро хуб медонист».90

Барҳақ, Устод на ба хотири пешбурди корҳои эҷодӣ ва касби ризқу рўзӣ, балки бо нияти хидмат ба миллату меҳан, некўсиголу дурандеш ба Бухоро рафта, ҳаракати ватанхоҳонаву истиқлолҷўёнаи рўшанфикронро сарпарастӣ намуд. Албатта, ин ҳама дар замони Исмоили Сомонӣ сурат бояд гирифта бошад, ки бар ин нукта Саъид Нафисӣ ва Абдулғанӣ Мирзоев ишора мекунанд. Вале А.Тоҳирҷонов изҳор менамояд: «Рўдакӣ, дар воқеъ, аз тарафи Наср ибни Аҳмади Сомонӣ, яъне на набераи Исмоили Сомонӣ, Насри II, балки бародари ў Насри I ибни Аҳмади Сомонӣ ба дарбор ҷалб карда шуда буд»,91 ки аҳли китоб ин ду Насрро як шахс пиндоштаанд. Дар асл он замоне буд, ки Рўдакӣро водошт, то бо ифтихор дар қасидаи «Шикоят аз пирӣ» дар хусусаш бигўяд, ки «рўяш ба сони дебо» ва «мўяш ба сони қатрон буд»:

Шуд он замона, ки рўяш ба сони дебо буд.

Шуд он замона, ки мўяш ба сони қатрон буд.

Ҳамчунин, дар қасидаи мазкур Устод Рўдакӣ ба хотир меорад, ки дар ҳамон даврон ҷавони зебое буд, ки барои канизакони зебои турку духтарони анорпистонро роми худ кардан он қадар зару сим ба харҷ медод, ки ҳадду ҳисоб надошт. Ин рафтораш гоҳо пинҳонӣ мегузашт,чунон ки худ мефармояд:

Ҳамехариду ҳамедод бешумор дирам

Ба шаҳр ҳар ки яке турки норпистон буд.

Басо канизаки некў, ки майл дошт бад-ў,

Ба шаб зи ёрии ў назди ҷумла пинҳон буд.

Ба рўз чунки наёраст шуд ба дидани ў,

Ниҳеби хоҷаи ў буду бими зиндон буд.

Маҳз бо зан  ишқ варзидани Рўдакӣ аён аст. Рубоъии зайл низ ба ҳамин мазмун далолат мекунад:

Чун кори дилам зи зулфи ў монд гираҳ,

Бар ҳар раги ҷон сад орзу монд гираҳ.

Уммед зи гиря буд, афсўс-афсўс,

К-он ҳам шаби васл дар гулў монд гираҳ!

Ҳангоми пирии худ ҳам Рўдакӣ мегўяд:

Як сў кашамаш чодар, як сў ниҳамаш мўза,

Ин мурда агар хезад, варна ману чалғўза!

Ҳамаи ин бар он гувоҳ аст, ки Рўдакӣ ағлаби умри худро дар нишоту шодмонӣ гузаронида, аз ғаму бадбахтӣ эмин будааст, чунон ки мегўяд:

Шуд он замона, ки ў шод буду хуррам буд,

Нишоти ў  ба фузун буду ғам ба нуқсон буд.

Таърихи мавлуди шоъир аниқ маълум нест. Дар манобеъи хаттии қадимӣ зикр намегардад. Аммо олимони муъосир таърихи таваллуди Рўдакиро аз соли 241/855 то соли 244/858 гуфтаанд. Мо соли 244/858-ро қабул карда, аз рўйи ҳамон сол ҷашни 1100-умин солгарди зодрўзи шоъирро ҷашн гирифта будем. Дар натиҷа, акнун ҳамин сол ба ҳайси соли таваллуди Рўдакӣ қабул шудааст, ҳарчанд касе онро ба исбот нарасонида бошад ҳам.

Соли вафоти Устод Рўдакиро Самъонӣ 329/941 қайд кардааст, ки ағлаби пажўҳишгарон онро пазируфтаанд, ҳарчанд санаҳои 306/916, 330/942, 339/951, 343/955, ҳатто 407/1016 низ дар манобеъи хаттӣ вуҷуд доранд. Бинобар ҳамин, алҳол солҳои 244— 329 ҳиҷрии қамарӣ, ки ба солҳои 858—941 мелодӣ мусовистанд, чун замони зиндагии Рўдакӣ қабул шудаанд.

Марги шоъир барои фарҳангу адаб, ҳунар ва таърихи халқи тоҷик талафоти бузурге буд. Шоъире мефармояд:

Рўдакӣ рафту монд ҳикмати ўй,

Май бирезад, нарезад аз вай бўй!

Шоъират ку, кунун ки шоъир рафт?!

Набувад низ ҷовидон чун ўй!

Хун гашт оби чашм аз ғами вай,

3-андуҳаш мум гашт оҳану рўй!

Нолаи ман нигар, шигифт мадор

Шав, бишав зор-зору нол бар ўй!

Чанд ҷўйӣ, чун наёбӣ боз

Аз чун ў , аз замона даст бишўй!

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

hayot

Панди беҳтарин аз Саъдии Шерозӣ

Илм аз баҳри дин парвардан аст, на аз баҳри дунё хурдан! Ҳар кӣ парҳезу илму …