Хабарҳои охирин

Маҳсар барои чи лозим?

mahsar

Маҳсар — Ин гули гиёҳи маълум аст, ки гулаш пӯпакшакли риштавор аз миёни қуббаҳои хорнок, монанди риштаҳои заъфарон беруномада мебошад. Ин ҳам боғӣ мешавад ва ҳам саҳроӣ. Мизоҷи гули даштиаш дар дараҷаи севум гарм ва дар дувум хушк аст, вале мизоҷи бӯстониаш дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум хушк …

Муфассал »

АППЛИКАТСИЯ

374_original

АППЛИКАТСИЯ (Applicatio), амалест, ки бо мақсади нигоҳубини ҷавфи даҳон ба кор бурда мешавад. Порчаи докаро ба маҳлули 0,1%-и риванол ё доруҳои дигар тар карда, ба луобпардаи даҳон мегузоранд. Ин амал рӯзе чанд маротиба (3 – 5 дақиқагӣ) такрор карда мешавад. А.-и ҷароҳатҳоро низ ба ҳамин усул гузаронидан мумкин аст.

Муфассал »

АПРАКСИЯ

dvigatelnaja-apraksija-300x227

АПРАКСИЯ (юн. apraxia – бефаъолиятӣ), ихтилоли фаъолияти мақсаднок, ки бинобар осеби қисмҳои гуногуни қишри мағзи сар пайдо мешавад. А. ҳангоми омоси майна, энсефалит ва ғ. сар мезанад. Вобаста ба мавзеи иллат чанд навъи А.-ро фарқ мекунанд (мас., фазоӣ, мушакӣ, даҳонӣ ва ғ.). Сабаби А.-и фазоӣ осеби қисми пушти сару зери …

Муфассал »

АРАҚ

320px-wodkaflaschen

АРАҚ, нӯшокии спиртдор; омехтаи спирт ва об. А.-ро аз ҷавдор, гандум ва ҷав мекашанд. Барои тайёр кардани А. омехтаи спирт ва об аз қабати ангишти фаъол гузаронида мешавад. А. метавонад аз 40, 50, 56 фоизи ҳаҷми спирт иборат бошад. Ба А. қиёмҳои гуногун низ ҳамроҳ менамоянд. Баъзе анвои А.-ро бо …

Муфассал »