Главная / Илм / АПРАКСИЯ

АПРАКСИЯ

dvigatelnaja-apraksija-300x227АПРАКСИЯ (юн. apraxia – бефаъолиятӣ), ихтилоли фаъолияти мақсаднок, ки бинобар осеби қисмҳои гуногуни қишри мағзи сар пайдо мешавад. А. ҳангоми омоси майна, энсефалит ва ғ. сар мезанад. Вобаста ба мавзеи иллат чанд навъи А.-ро фарқ мекунанд (мас., фазоӣ, мушакӣ, даҳонӣ ва ғ.). Сабаби А.-и фазоӣ осеби қисми пушти сару зери тораки мағзи сар аст. Ҳангоми он бемор мавқеъро дар фазо гум карда, тарафи ростро аз чап ва болоро аз поён наметавонад фарқ бинмояд. А.-и мушакӣ дар мавриди иллати қисми тораки (фарқи сар)-и нимкураи чапи майна ба мушоҳида мерасад. Чунин маризон наметавонанд ягон чизро гиранд, тугмаро гузаронанд, банди пойафзорро гиреҳ кунанд. Дар аснои А.-и даҳонӣ нутқ халалдор мешавад. Мариз наметавонад ҳаракати лаб ва забонро такрор бисозад. А.-и динамикӣ бинобар осеби қисми пасипешонавии қишри майна ба вуҷуд меояд. Бемор аз ӯҳдаи корҳои муқаррарӣ, ки бо ҳарду даст иҷро кардан лозим аст, баромада наметавонад. Барои ӯ гузаштан аз як намуди ҳаракат ба намуди дигари он хеле душвор аст. А.-и пешонавӣ дар натиҷаи зарар дидани қисми пешонавии қишри майна рух менамояд. Ҳаракатҳои мариз ихтиёрӣ ва берабтанд, мас., агар ангуштони ӯ мушт карда шавад, ихтиёран кушода наметавонад. Ниг. низ Агнозия.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …