Хабарҳои охирин

АРАҚ

holodnij-pot-prichini-2

АРАҚ, моеъи берангест, ки ғадуди арақи баъзе ширмакҳо ва одам ихроҷ мекунад. Ғадудҳои А. дар рӯй, кафи дасту по ва зери бағал ҷой гирифтаанд. А.-и одам аз 98 – 99% об, тақр. 0,1% карбамид, кислотаи пешоб, креатинин, серин, чарб, кислотаҳои чарб, холестерин, намакҳои металлҳои ишқорӣ – хлоридҳо (аз ҳама зиёд …

Муфассал »

АРАҚИ ДАСТӣ

250px-hyper_schweisshand_sb

АРАҚИ ДАСТӣ, нӯшокии дастисохти спиртдор, ки заҳрогин аст. Ғайриқонунӣ дар хона бо роҳи полоиши масолеҳи гуногуни ғизоӣ тавассути дастгоҳҳо тайёр карда мешавад. Истифодаи А. д. аксар вақт боиси заҳролудии вазнини шадид ва музмин мегардад, чунки дар таркиби он омехтаҳои гуногуни зарарнок (равғанҳои сивуха, алдегидҳо, фурфуролҳо ва ғ.) мавҷуданд.

Муфассал »

АРАҚШОРӣ

1328547792

АРАҚШОРӣ, раванди физиологист, ки сардшавии организмро (аз ҳисоби ба буғ табдил ёфтани арақи рӯи пӯст ва нигоҳ доштани мувозинати обу намак) таъмин мекунад. Арақро ғадудҳои махсус, ки дар насҷи чарби зери пӯст ҷойгиранд, ҷудо менамоянд. Ғадудҳои арақ бештар дар зери бағал, кафи дасту пой ҷо гирифтаанд. Арақ аз 99% об, …

Муфассал »

АРАХНОДАКТИЛИЯ

arahnodaktiliya-pri-gomotsistinurii-300x227

АРАХНОДАКТИЛИЯ (Arachnodactylia; аз arachne – тортанак, анкабуд ва dactylo – ангушт), долихостеномалия, анкабутпанҷагӣ, нуқси инкишофи панҷаи дасту пойҳо. Дар мавриди А. панҷаҳо борику дароз шуда, пойҳои тортанакро мемонанд. А. аломати баъзе бемориҳои ирсии бофтаҳои пайвандӣ мебошад, мас., бемории Марфан.

Муфассал »

АРАХНОИДИТ

arahnoidit3

АРАХНОИДИТ (Arachnoiditis; юн. arachne – тортанак ва eidos – шакл), газаки анкабудпардаи мағзи сар ё ҳароммағз. Одатан, ҳамроҳи газаки пардаи нарми мағзи сар пайдо мешавад. А. баъд аз бемориҳои сироятии шадид ва музмин, мас, грипп, газаки римноки бинивораи иловагӣ (ниг. Бинӣ), гӯш (ниг. Отит), бодомак (ниг. Ангина, Тонзиллит), баъд аз …

Муфассал »