Хабарҳои охирин

ВЕНОПУНКСИЯ

venepunksiya

ВЕНОПУНКСИЯ (Venaepunctio; аз вена ва punctio – сӯрох кардан), аз болои пӯст ба вена халондани сӯзан. В. бо мақсади хунгирӣ, хундиҳӣ ё тазриқи доруҳо ба амал бароварда мешавад. Дар мавриди В. аз сӯзанҳои диаметрашон гуногун истифода мекунанд. В., одатан, дар вариди хами оринҷ, банди даст, гоҳо буҷалак иҷро карда мешавад; …

Муфассал »

ВЕНОСЕКСИЯ

venoseksiya

ВЕНОСЕКСИЯ (Venaesectio; аз вена ва sectio – буридан), чок кардани вена. В. дар сурати имконнопазир будани венопунксия (мас., ҳангоми чуқур ҷойгир ва нонамоён будани вена) ба амал оварда мешавад. В.-ро асосан дар ҳолатҳое кор мефармоянд, ки агар ҳангоми табобат зарурати ба варид дуру дароз фиристодани доруҳо пеш ояд. В. ҳангоми …

Муфассал »

ВЕНТИЛЯТСИЯ

ventiliatsiia

(Ventilatio), иваз кардани ҳавои даруни бино бо ҳавои тоза. Ҳангоми дар дохили иқоматгоҳ ё бино будани одамон тадриҷан ҳавои он вазнин мешавад. Дар натиҷа дар таркиби ҳаво миқдори гази карбонат ва диг. маҳсулоти мубодилаи моддаҳо (аммиак, сулфиди гидроген ва ғ.), ҳамчунин ғубори алави газ, буғи матбах, ҳарорат, намӣ ва ғ. …

Муфассал »

ВЕНТРИКУЛОПУНКСИЯ

ventriculus_punctio

ВЕНТРИКУЛОПУНКСИЯ (аз лот. ventriculus – меъда, меъдача ва punctio – сӯрох кардан), ожидан (сӯзан задан)-и меъдачаҳои мағзи сар бо мақсади ташхис ё муолиҷа. В. дар шӯъбаҳои ҷарроҳии асаб бо мақсади тадқиқи моеъи ҳароммағз дар меъдачаҳо, ҳангоми вентрикулография, тадқиқи гидросефалия ва ғ. гузаронда мешавад. В.-ро дар мавриди дренажи бардавоми меъдачаҳо ҳангоми …

Муфассал »

ВЕРМОКС

vermox

ВЕРМОКС, як навъ доруи киҷҷарон. Доираи таъсири васеъ дорад. В. намудҳои гуногуни киҷҷаҳоро маҳв месозад. Самараи он хусусан ҳангоми муолиҷаи энтеробиоз ва трихосефаллёз назаррас аст. В.-ро дар мавриди аскаридоз, анкилостомидоз, стронгилоидоз, тениоз низ кор мефармоянд. Дар сурати истифодаи бардавоми В. хунро санҷидан лозим аст. Зеро он метавонад ба таркиби хун …

Муфассал »