Хабарҳои охирин

ВИРУСҲО

virusi

ВИРУСҲО (аз лот. Virus – заҳр), ангезандаҳои хурдтарини бемориҳои сершумори сироятии одам, ҳайвонот, растанӣ ва бактерияҳо. В. фақат дар дохили ҳуҷайраҳои зинда сукунат дошта, дар ҳуҷайраҳои фавтида қобилияти зиндагӣ надоранд. Бемориҳои сироятии вирусӣ бисёранд. Аз замонҳои қадим ҳорӣ, нағзак, полиомиелит, грипп маълум буданд. Бо вуҷуди он, фақат с. 1892 олими …

Муфассал »

ВИТАМИНКОҲИШ – АВИТАМИНОЗ

avitaminoz

ВИТАМИНКОҲИШ (Avitaminosis, Hypovitaminosis), норасоии витаминҳо, бетобиест, ки бинобар истеъмоли хӯроки камвитамин, ихтилоли ҳазми витаминҳо ё дар организм нокифоя ҳосил шудани онҳо ба вуҷуд меояд. Ду сабаби пайдоиши В. маълум аст: а) нахӯрдани сабзавоту меваи тару тоза; б) истеъмоли паёпаи хӯроки камвитамин (хусусан озуқавории хушконида ва консервонида), ки дар натиҷа дар …

Муфассал »

ВИТАМИНОТЕРАПИЯ

vitaminoterapiya

ВИТАМИНОТЕРАПИЯ (Vitaminotherapia), бо мақсади муолиҷа истифода бурдани витаминҳо. В. дар аснои баъзе бемориҳои узвҳои дарунӣ, пӯст, иллати асабия ва ғ., инчунин бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷи зиёди организм ба витамин, ҳангоми баъзе ҳолатҳои физиологӣ (ҳомилагӣ, ширмакконӣ ва ғ.) кор фармуда мешавад. Дар сурати тамоман набудан (авитаминоз) ё норасоии витаминҳо (гиповитаминоз) …

Муфассал »

Витаминҳои дар об ҳалшаванда

vitamini

Кислотаи аскорбинат (витамини С) дар ҷараёни мубодилаи моддаҳо, хусусан барои ҳазми сафеда, мӯътадилии бофтаҳои пайвасткунанда ва барқарор кардани бофтаҳо мавқеи муҳим дорад. Ҳангоми нарасидани витамини С нифози (қобилияти аз пардаи ҳуҷайра гузарониши ин ё он модда) девораи рагҳои хунгард меафзояд, таркиби бофтаҳои тағояк ва устухон вайрон мешавад, бемории зангила инкишоф …

Муфассал »

ВИШНЕВСКИЙ

vishnevsky

ВИШНЕВСКИЙ ВИШНЕВСКИЙ Александр Василйевич (23. 08. 1874, аули Чиръюрти Доғистон – 13. 11. 1948, Москва), ҷарроҳи шӯравӣ, Аъзои ҳақиқии АИТ ИҶШС (1947), Арбоби шоистаи илми РСФСР (1934). Хатмкардаи фак-ти тиббии Донишгоҳи Қазон (1899). С.-ҳои 1941 – 25 мудири клиникаи ҷароҳии госпиталӣ ва 1926 – 34 мудири клиникаи ҷарроҳии факултативии Қазон …

Муфассал »