Хабарҳои охирин

ВАСОИТИ ОРОСТАГӣ

losyon

ВАСОИТИ ОРОСТАГӣ, маводе, ки дар саноати атторӣ истеҳсол карда мешаванд. В. о. дар лабораторияҳои махсус аз санҷиш (экспертиза) ва апробатсия мегузаранд. В. о.-еро, ки бо усули ғайримуқаррарӣ тайёр карда шудаанд ё тавсияи ташкилоти дахлдорро надоранд, истифода бурдан ҷоиз нест. Саноат лосйон, крем, шампун, собуни ироқӣ ва диг. воситаҳои нигоҳубини пӯст, …

Муфассал »

ВЕЗАЛИЙ

vesalius

ВЕЗАЛИЙ (Vesalius) Андреас (31. 12. 1514, Брюссел – 15. 10. 1564, ҷазираҳои Зант), табиатшинос, асосгузори анатомияи илмӣ. Тибро дар Монпелйе, баъдан дар Париж омӯхта, с. 1537 дар Базел унвони доктори ҷарроҳиро гирифтааст. С. 1539 дар Донишгоҳи Падуан (Италиёи Шимолӣ) аз анатомия дарс гуфтааст. В. аз усули аёнии таълим истифода бурда, …

Муфассал »

ВЕЗДАРА

vezdara

ВЕЗДАРА, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Шуғнон. Дар соҳ. рости д. Вездара, 50 км дуртар аз ш. Хоруғ воқеъ аст. Баландиаш аз с. б. 3400 м. Дебиташ – 2,6 – 3,3 л/сон., минералнокии умумиаш – 3,3 г/л, ҳарор. обаш +17 – +330С. Дар таркиби оби чашма натрий (400 мг/л), калий (53 …

Муфассал »

ВЕЗИКУЛОПУСТУЛЁЗ

vezikulopustulez

ВЕЗИКУЛОПУСТУЛЁЗ, илтиҳоби фасодии пӯст. Ангезандаи он стафилококкҳо, стрептококкҳо, пневмококкҳо, қаламчамикроби рӯда ва ғ. мебошанд. В. бештар дар кӯдакони ширмак ба мушоҳида мерасад. Дар пӯст обила (1 – 2 мм; пустула)-ҳои сершумори сурхранг пайдо мешаванд, ки даруни онҳо моеъи тирагун дорад. Обилачаҳо дар чинҳои зери каш, қадкашак, қисми мӯйдори сар, пушти …

Муфассал »

ВЕНА

vena

ВЕНА (Vena, Phlebus), варид, сиёҳраг, раге, ки ба тавассути он хун ба дил мегузарад. Аз В.-ҳои даври калони хунгардиш хуне, ки аз гази карбонат, маҳсули мубодилаи моддаҳо, гормонҳо ва ғ. сер гашта, аз узвҳои гуногуни бадан ҷамъ шудааст, ба пешдили рост меравад. В.-ҳои даври хурди хунгардиш бошанд, хуни аз оксиген …

Муфассал »