Хабарҳои охирин

БОБУНА

bobuna

БОБУНА (Matricaria suaveolens), бобунаҷ, бобунаи бӯё, гули бобуна, навъе аз гиёҳҳои яксола. Аз 15 то 35 см қад мекашад. Пояи рости сершох, барги пармонанд, хӯшагули сипаршакл, гули сабзи зардтоб дорад. Давраи гулшукуфташ май – июн. Дар канори роҳу ҷӯйборҳо мерӯяд. Б. растании маъмули доруист. Бино ба ақидаи Абӯалии Сино бобунаҷ …

Муфассал »

БОДИНҶОН

boimjon

БОДИНҶОН (Solanum melogena), боимҷон зироатест бисёрсола. Пояаш рост, сершох, то 1 м қад мекашад. Баргу гулаш бунафш; мевааш дарозрӯя, нокмонанд, сафед, сабз, бунафш. Б.-ро дар саноати консерв барои тайёр кардани икра, инчунин пухта ё хушконда истифода мебаранд. Дар таркиби он моддаҳои хушк, қанд, сафеда, равған, витаминҳои С, В1,В2, В6, каротин …

Муфассал »

БОДИРИНГ

bodiring

БОДИРИНГ (Cucumis sativus), растаниест яксолаи полизӣ. Дарозии палакаш 1,5 – 2 м. Баргаш дандонадор, гулаш қифшакл. Мевааш дарозу борик, сабз; ҳангоми пурра пухта расидан, зарди тӯрдор мешавад. Б.-ро барои тархӯрӣ ва очоронидан, инчунин дар хӯришҳо истифода мебаранд. Таркиби Б. аз сафеда, қанд, клетчатка, оҳар, кислотаҳои органикӣ, витаминҳои В, С, РР, …

Муфассал »

БОДОВАРД

bodovard

БОДОВАРД (Silybum marianum), бодрӯз, хори каррок, кукухор, гиёҳест як ё дусола. Пояаш рост, одатан бешоха, то 150 см қад мекашад. Баргаш калони хордор, рахҳои сафед дорад. Хӯшагулаш «сабадак»-и калон, дар нӯги поя ҷой гирифтааст. Гулаш майда, найчашакли арғувонӣ. Одатан, моҳҳои май – июн гул карда, авг. – сент. тухм мебандад. …

Муфассал »

БОДОМ

closeup cluster of green almonds growing on branch

БОДОМ (Amygdalus), лавз, бутта ё дарахтест маъмул. То 10 м қад мекашад. Барги нештаршакли дандонадор, гули сафед, гулобӣ ё арғувонӣ, меваи талх ё ширин дорад. Аз мағзи Б. ҳалво, торт ва маснуоти гуногуни қаннодӣ тайёр мекунанд, равғанашро дар атриёт ва дорусозӣ истифода мебаранд. Дар тибби қадим мағз, шилм, равған, инчунин …

Муфассал »