Хабарҳои охирин

БЛЕФАРИТ

blrfarit

БЛЕФАРИТ (Blepfaritis; аз юн. blephoron – пилк), газаки канори пилки чашм, ки аз ғизои пастсифат, камхунӣ, амрози меъдаю рӯда, бемориҳои дандон ва бинӣ, ангезиши доимии чашм бо гарду чанг, боду ғубор, ислоҳ нашудани нуқси оптикии чашм, мас., дурбинӣ ва наздикбинӣ, астигматизм ба амал меояд. Ҳангоми Б. канори пилк сурх ва …

Муфассал »

БЛЕФАРОПЛАСТИКА

Áëåôàðîïëàñòèêà ôîòî äî îïåðàöèè è ïîñëå

БЛЕФАРОПЛАСТИКА (Blepharoplastica; аз юн. blepharon – пилк ва plastike – часпондан), бо роҳи ҷарроҳии тармимӣ (пластикӣ) барқарор кардани пилки чашм. Б.-ро ҳангоми осеби садамавии пилк ва нуқси модарзод (пурра ё қисман набудан)-и он ба иҷро мерасонанд. Ба Б. ҳамчунин кантотомия (чок кардани кафшераки берунии пилк барои васеъ намудани роғи чашм), …

Муфассал »

БЛЕФАРОСПАЗМ

blefarospazm

БЛЕФАРОСПАЗМ (Blepharospasmus; аз юн. blepharon – пилк ва спазм), ташаннуҷи қисми пилкии мушакҳои даврагии чашм. Б. тонусӣ ва клонусӣ мешавад. Б.-и тонусӣ ба таври устувор пӯшида шудани пилк бинобар ташаннуҷи мушакҳои даврагии чашм аст. Он ба таври рефлексӣ ҳангоми бемориҳои чашм, иллати асаби рухсора, амрози рӯҳӣ ва ғ. ба вуҷуд …

Муфассал »

БЛЕФАРОФИМОЗ

blepharophimosis

БЛЕФАРОФИМОЗ (Blepharophymosis; аз юн. blepharon – пилк ва phimosis – ҷафс шудан), кӯтоҳ шудани роғи чашм. Сабаби Б. ба ҳам васл гаштани канори пилкҳо аст. Б. модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. Б.-и ғайримодарзодӣ дар натиҷаи илтиҳоб пайдо кардани конъюнктива (ниг. Конъюнктивит) сар мезанад. Б.-ро бо роҳи ҷарроҳӣ дармон мебахшанд. Бо мақсади …

Муфассал »

БОБОЕВ Абдунаим

images

БОБОЕВ Абдунаим (тав. 01. 08. 1936, деҳшурои Ёваи ноҳ. Хуҷанд), духтури муолиҷ, доктори илми тиб (1975), проф. (1976), Аълочии тандурустии Тоҷикистон. Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1958). Ходими хурди илмӣ (1958 – 68), мудири лабораторияи беҳдошти меҳнат (1968 – 79) ва мудири шӯъбаи гигиенаи Пажӯҳишгоҳи эпидемиология ва беҳдошти ш. Душанбе (1979 …

Муфассал »