Главная / Илм / ГАРДАН

ГАРДАН

sheyaГАРДАН (Cervix), қисми дар байни сар ва тан ҷойгиршудаи бадан. Асоси Г. қисми сутунмӯҳра – мӯҳраи гардан мебошад. Мушакҳои Г. як қисми мушакҳои шаклан дигаршудаи бадан маҳсуб мешаванд. Дар Г. ибтидои узвҳои нафас (ҳанҷара, хирной), ҳозима (гулӯ, ғадудҳои оби даҳон, як қисми сурхрӯда), рагҳои хун ва лимфа, ғадуди сипаршакл ва ғадудҳои наздсипаршакл, инчунин асабҳо ҷой гирифтаанд. Ҳароммағз низ аз мӯҳраҳои Г. ибтидо меёбад.
Аз нуқси инкишофи Г. бештар каҷгарданӣ дучор меояд. Кистаи Г. ташкилаи гирдашакл буда, диаметри он 4 – 5 см аст; дард намекунад. Нуқси Г.-ро, одатан, бо роҳи ҷарроҳӣ табобат менамоянд.
Осебҳои пӯшидаи Г. дар натиҷаи садамаҳои маишӣ, нақлиётӣ ва варзишӣ, афтодан аз баландӣ, овехтан ба дор ва ғ. ба вуҷуд меоянд. Дар ин гуна мавридҳо бофтаҳои нарм лат хӯрда, тағоякҳои ҳанҷара ва трахея, устухонҳои зери забон, мӯҳраҳои гардан мешикананд, дил мумкин аз кор монад. Осебҳои кушодаи Г. бо нишонаҳои иллати рагҳои калон, ҳанҷара, сурхрӯда, ғадуди сипаршакл, асабҳои ҷумҷумаю мағзи сар ва ғ. падид меоянд.
Ба бемориҳои илтиҳобии Г. лимфаденит, флегмона, пучак, ҳафтпӯст, саромос, ки бисёр вақт ба сарсом (менингит) ва уфунат (сепсис) мепечад, мансуб мебошанд. Лимфаденити фасоднок ва флегмонаи Г. бисёр вақт бинобар мавҷудияти манбаи сироят дар дандонҳои пӯсида, ҳангоми ангина, фарингит, ларингит, амрози илтиҳобии ғадуди оби даҳон, пӯсти рӯ ва сар, бемориҳои сироятии кӯдакон, захми сурхрӯда, ханҷара, гулӯ ва ғ. рух менамоянд.
Иллатҳои Г. бо доруҳои гуногун ва амалиёти ҷарроҳӣ табобат карда мешаванд.
КЛ
Гардан (топография). А – қисми пеш (бо хати ҷигарӣ ҷудо карда шудааст); Б – қисми синаю чанбару пистонакшакл (аз пеш бо хати ҷигарӣ, аз пушт бо хати сабз ишора карда шудааст); В – қисми ҷонибии гардан (бо ранги сабз ҷудо карда шудааст). Секунҷаҳои гардан бо хати зард ишора гаштаанд. 1 – секунҷаи зери ҷоғи поён; 2 – секунҷаи Пирогов; 3 – секунҷаи суботӣ; 4 – секунҷаи шонаю хирной; 5 – секунҷаи шонаю чанбар; 6 – секунҷаи шонаю трапетсияшакл; 7 – асбоби зери забон; 8 – артерияи забон; 9 – венаи юғии дарунӣ; 10 – артерияи умумии суботӣ; 11 – мушаки синаю чанбару пистонакшакл; 12 – артерия ва венаи зери чанбарак; 13 – шиками поёнии мушаки шонаю зери забон; 14 – бофти гардан; 15 – асаби калони гӯш; 16 – асаби хурди паси гардан; 17 – асаби кӯндаланги гардан; 18 – бофти китф.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …