Главная / Илм / ГАРВЕЙ

ГАРВЕЙ

garveyГАРВЕЙ, Ҳарви (Harvey) Уилям (01. 04. 1578, Фолкстон, графии Кент – 03. 06. 1657, Лондон), духтури англис, асосгузори таълимоти гардиши хун, физиология ва эмбриология. Фак-ти тиббии Донишгоҳи Кембриҷро хатм карда (1597), дар Падуя ба фаъолият пардохт ва с. 1602 дипломи доктори Ун-ти Падуяро гирифт. Ба Лондон баргашта, аз с. 1607 то охири умр аъзои Коллегияи шоҳии духтурон, сардухтур ва ҷарроҳи Беморхонаи Варфоломейи муқаддас буд. Тадқиқоти Г. ба гардиши хун, инкишофи ҷанини бемӯҳраҳо ва мӯҳрадорон (парранда ва ширхӯрҳо) бахшида шудаанд.
Ос.: Анатомическое исследование о движении сердца и крови у животных, М.-Л., 1948.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …