Хабарҳои охирин

ДИСФАГИЯ

disfagiya

ДИСФАГИЯ (Dysphagia), халал ёфтани қобилияти фурӯ бурдани луқма. Сабабҳои Д. гуногун мебошанд, мас., баста будани роҳи болои ҳозима (балъум, сурхрӯда), осеб доштани девораи он, ихтилоли асабгирӣ, ташаннуҷи сурхрӯда ва ғ. Д. ҳангоми бемориҳои илтиҳобӣ ва омосҳои забон, балъум, сурхрӯда ё бофтаю уқдаҳои лимфавии онҳо, яра шудани девораи роҳи болои ҳозима, …

Муфассал »

ДИСФОРИЯ

disforiya

ДИСФОРИЯ (Dysphoria), бедимоғӣ, малулӣ, як шакли хиратабъӣ, ки тамоюли маризӣ дошта, дар мавриди он шахс тундмизоҷ, бадхӯ, одамгурез мешавад. Ҳангоми Д. бар фарқи гипотимия мариз рӯҳан ва ҷисман фаъол аст (карахт нест), зуд ба хашм меояд, оташин мегардад. Д. мансуби синдроми афсурдаруҳӣ аст. Бештар дар нашъамандон ба мушоҳида мерасад. Ҳангоми …

Муфассал »

ДИСХРОМИЯИ ПӯСТ

dishromiya-kozhi

ДИСХРОМИЯИ ПӯСТ, халал ёфтани ранги пӯст. Сабаби он мумкин аст ихтилоли ҳосил ва ҷамъ шудани пигменти меланин, дар пӯст таҳшон гаштани пигменти гемосидерин ва каротин бошад. Ҳангоми халал ёфтани ҳосилшавии меланин метавонад гиперпигментатсия (доғи кунҷитак, хлоазма) ё дипигментатсия (песӣ, лейкодерма) рух намояд. Сабабҳои Д. п. гуногун мебошанд. Мас., он мумкин …

Муфассал »

ДИФИЛЛОБОТРИОЗ

difillobotrioz

ДИФИЛЛОБОТРИОЗ (Diphyllobothriasis), бемориҳое, ки тасмакирмҳо ва диг. киҷҷаю кирмҳои рӯдаи одам ва баъзе ҳайвонот ба вуҷуд меоранд. Дарозии тасмакирм 7 – 10 м буда, аз банд (буғум)-чаҳои сершумор иборат аст. Сараш ду сӯрохии чуқур дорад, ки тавассути он кирм ба девораи рӯда часпида мегирад. Тухм ва бештар бандҳои кирмҳо бо …

Муфассал »

ДОВУДИ АНТОКӣ

no-photo

ДОВУДИ АНТОКӣ (с. тав. номаълум – ваф. 1600, Макка), Довуд ибни Умари Антокии Зарир, табиби араб. Зодаи Антокия буда, баъд аз омӯхтани илми тиб ба Ҳалоб, Димишқ ва Қоҳира сафар мекунад. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо Д. А. нобино будааст. Д. А. ба ғайр аз илми тиб мантиқ, фалсафа ва илми фалакро …

Муфассал »