Главная / Илм / ДЕМОДЕКС

ДЕМОДЕКС

demodexДЕМОДЕКС, як навъ кана. Дар фолликулаҳои мӯйи одам ва пашми ҳайвонот зиндагӣ мекунад; онро дар ғадудҳои равған низ пайдо кардан мумкин аст. Рангаш сафедча, дарозиаш 0,15 – 0,48 мм. Ғизои Д. ҳуҷайраҳои фолликулаҳои мӯй, маводи косметикие, ки ба пӯст молида мешаванд, ҳамчунин мӯҳтавои ғадудҳои равған мебошанд. Д. метавонад аз масомаи фолликулаҳо гузашта, эндоплазмаро низ чун ғизо истифода кунад.
Д. ду намуд мешавад: Demodex folliculorum ва D. brevis. Аввалӣ канаи нисбатан дарозтар буда, дар фолликулаҳои мӯй ҷойгир мешавад. Дигарӣ канаи хурд буда, дар ғадудҳои равғани одаму ҳайвонот зиндагӣ мекунад. D. folliculorum моддаҳои ғизоии решаи мӯйро ҷаббида мегирад. Дар натиҷа фолликулаҳои мӯй илтиҳоб ёфта варам мекунанд, мӯй мерезад, пӯст сурх шуда, қабатҳои поёнии он зарар мебинанд.
Д. бо бисёр бактерияҳои бемориовар тамос дорад. Он шабона аз халтачаҳои мӯй ба сатҳи пӯст баромада, ҳангоми дубора ба ҷои зист баргаштан, бо худ миқдори зиёди бактерияҳои зарарнокро мегирад. Дар натиҷа ғадудҳои равған илтиҳоб пайдо мекунанд, пӯст бетароват шуда, нарак ва ярачаҳои гуногун мебароянд; баъзан ҷойҳои осебёфтаи пӯст хориш мекунанд, эҳсоси мӯрчадавак ба вуҷуд меояд. Дар баробари ин ихроҷи Д. ба мубодилаи моддаҳо дар организм таъсири манфӣ мерасонад.
Д. берун аз организми ҳомил зуд маҳв мешавад. Дар сурати вуҷуд доштани шароити мусоид қобилияти ҳаётии он маҳфуз мемонад, мас., дар оби ҳарор. 14 – 15°С то 25 рӯз, дар боқимондаҳои мавтшудаи пӯст ва зардоб 15 – 20 рӯз. Муҳити аз ҳама созгор барои афзоиши Д. равғани растанӣ, чарбу, вазелин мебошанд (онҳо дар таркиби васоити пардоз вуҷуд доранд).
Д.-ро дар 97%-и одамони калонсол метавон пайдо кард. Вале бисёр одамон ҳатто эҳсос намекунанд, ки дар ҷисми онҳо кана мавҷуд аст. Зеро дар як ғадуд ҷой гирифтани 2 – 3 кана ба вазъи пӯст чандон таъсир намерасонад.
Даври инкишофи Д. аз тухм, кирмина, протонема, зоча ва фарди болиғ иборат буда, 14 – 20 шаборӯзро дарбар мегирад. Аз тухм баъди 60 соат кирмина мебарояд. Он баъди 72 соат ба зоча табдил меёбад. Даври инкишофи зочаи Д. 60 соат аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …