Главная / Илм / ДЕМОГРАФИЯ

ДЕМОГРАФИЯ

demografiyaДЕМОГРАФИЯ (аз юн. démos – халқ ва …графия), илмест, ки баҳисобгирии аҳолӣ ва қонунҳои тараққиёти онро меомӯзад. Истилоҳи «Д.»-ро бори аввал олими франсавӣ А. Гийар с. 1855 дар асари тадқиқотиаш «Унсурҳои статистикаи аҳолӣ ё демографияи муқоисавӣ» истифода кардааст. Д. қонунияти ҳодисот ва протсессҳоеро, ки дар структура ва афзоиши аҳолӣ ба амал меояд, аз рӯи омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, инчунин биологӣ ва географӣ мушоҳида менамояд. Д. бо илмҳои мухталифи ҷамъиятӣ, аз ҷумла бо сотсиология алоқаманд аст. Д. проблемаи тавлиду фанои аҳолиро низ меомӯзад, ки он натиҷаи қонуниятҳои табиӣ аст. Дар дохили мамлакат шумораи аҳолии шаҳру ноҳияҳо ба ваҷҳи мигратсияи аҳолӣ зиёд ё кам мешаванд. Пешгӯиҳои демографӣ вазифаи муҳимтарини Д. буда, шумора, таркиб, ҳаракат ва тараққиёти 20 – 30-солаи пешакӣ муайян мекунад. Д. қонуниятҳои афзоиш ва тараққиёти аҳолии ҳар як сохти иҷтимоию иқтисодиро алоҳида меомӯзад. Зеро қонуни афзоиши аҳолӣ, ба ҷараёни демографӣ низ бевосита таъсир мерасонад.
Маълумот дар бораи аҳолӣ барои муқаррар кардани талабот нисбати кӯмаки гуногуни тиббӣ низ кор фармуда мешаванд. Вазифаи асосии Д.-и тиббӣ омӯзиши таваллуд, фавт (аз ҷумла фавти атфол), афзоиши табиии аҳолӣ, давомоти миёнаи умр мебошад. Афзоиши табиии аҳолӣ, ки аз рӯи тафовути байни таваллуд ва фавт муқаррар карда мешавад, нишондодест баҳри ошкор намудани миқдори аҳолӣ. Афзоиши табиӣ манфӣ ва мусбат мешавад. Маълумоти Д. баҳри арзёбии вазъи саломатии аҳолӣ ва кори босамари муассисаҳои тандурустӣ аҳамияти калон доранд. Хусусан нишондодҳо оид ба фавти умумӣ ва фавти кӯдакони то 1-сола муҳим мебошанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …