Хабарҳои охирин

ЗУРУНГ

zurung

ЗУРУНГ (Ononis arvensis), хоргулак, хори зурунг, гиёҳест бисёрсола. Аз 30 то 80 см қад мекашад. Пояаш сершоха, баргаш пайдарҳам, гулаш 5-баргаи парвонашакл, гулобӣ ё сафеди гулобитоб. Ғилофакаш гирд ё байзашакл (2 – 4 тухм дорад). Июн – июл гул карда, тухмаш июл – сент. мепазад. З. асосан дар қ-кӯҳҳои Ҳисору …

Муфассал »

ЗУФОБӣ

zufobi

ЗУФОБӣ (Alisma plantago-aquatica), зуфи обӣ, як навъ гиёҳест худрӯи бисёрсола. Бехи лӯндамонанди ғафс, пояи рости (10 – 70 см қад мекашад) қисми болояш сершох дорад. Баргаш думчадарози нӯгтез, байзашакли паҳн, калон, қисми ба думчабарг пайвасташ дилшакл. Хӯшагулаш калони ҷорӯбак, гулаш майда (қутраш қариб 1 см), сафед ё гулобитоб; зуд мерезад. …

Муфассал »

ЗУҶОҶИЯ

zujojiya

ЗУҶОҶИЯ (Corpus vitreum), ҷисми шишагун, яке аз қисмҳои чашм. Массаи рангаш шаффоф буда, ҳамроҳи булӯрак андаруни ғӯзаи чашм ҷой гирифтааст. Асаб ва рагҳои хун надорад. Ниг. низ Чашм.

Муфассал »

ЖГУТ

jgut

ЖГУТ, ҷиҳозест, ки барои муваққатан боздоштани хунравӣ аз рагҳои андомҳои боло ва поён истифода мешавад. Онро болотар аз ҷои хунравӣ ба узв тофта мебанданд. Ж. бо мақсади боздоштани хунравӣ фақат ҳангоми хуншории фаровони артерия кор фармуда мешавад. Дар мавриди кам рафтани хун бандинаи фишоровар гузоштан кифоя аст. Ж. бояд ба …

Муфассал »

ЖОВИШ

jovish

ЖОВИШ, майда кардан ва бо оби даҳон омехтани хӯрок дар ковокии даҳон. Раванди Ж. газидан, фишурдан, майда кардан ва дар байни дандонҳо соидани хӯрокро дарбар мегирад. Одам ва аксари ҳайвонот хӯрокро бо ёрии ҳаракатҳои гуногуни ҷоғи поён нисбат ба ҷоғи боло (вертикалӣ, пешу қафо ва паҳлӯгӣ), ки дар натиҷаи кашиш …

Муфассал »