Главная / Илм / ЖГУТ

ЖГУТ

jgutЖГУТ, ҷиҳозест, ки барои муваққатан боздоштани хунравӣ аз рагҳои андомҳои боло ва поён истифода мешавад. Онро болотар аз ҷои хунравӣ ба узв тофта мебанданд.
Ж. бо мақсади боздоштани хунравӣ фақат ҳангоми хуншории фаровони артерия кор фармуда мешавад. Дар мавриди кам рафтани хун бандинаи фишоровар гузоштан кифоя аст. Ж. бояд ба мавзеи зарардида наздиктар ҷой гирад: ҳангоми захмдор шудани андомҳои поён – дар ҳар ҷои рон; дар аснои захм бардоштани андомҳои боло – дар бозу (ғайр аз сеяки мобайни он ки хавфи фишор хӯрдани асабҳои наздик ба устухони китф мавҷуд аст).
Ж. намудҳои гуногун дорад. Хусусан Ж.-и Эсмарх маъмул аст (рӯда ва тасмаи резинии дарозиашон 1,5 м). Тарзи тофтабандии онҳо як хел аст. Дар ҷое, ки Ж. баста мешавад, чинҳои либосро ҳамвор мекунанд ё ба андом латтаи нарм мепечонанд. Ж.-ро аз зери андом гузаронда, ду нӯги онро боло мекашанд ва дар ҳамин ҳолат то қатъ шудани хун ба атрофи андом мепечонанд. Печи аввал бояд нисбатан сахт тофта шавад. Ҳамин тавр, печҳои баъдиро тадриҷан сусттар тофта, печи охиронро гиреҳ мезананд. Печҳои Ж. бояд ҳамвор хоб раванд ва пӯст дар байни онҳо монда зер нахӯрад.
Барои нигоҳ доштани хунравӣ аз рагҳои андомҳои боло (даст) ва бехун гардондани узв ҳангоми ҷарроҳӣ аз Ж.-и тасмашакл истифода мекунанд. Вай резини нафиси бараш 5 – 6 см аст. Онро ба узве, ки боло бардошта шудааст, мисли спирал мепечонанд (ҳар печи баъдӣ бояд канори печи қаблиро пӯшад); дар охир тасмаҳои Ж.-ро гиреҳ мезананд.
Дар мавриди зарурат ба ҷои Ж. метавон тасма, рӯймолча, гарданбанд ё ягон пора матоъро истифода бурд. Кор фармудани чизҳои сахт (мас., сим) манъ аст. Барои нигоҳ доштани хунравӣ рӯймолчаро ба атрофи андом печонда нӯгашро гиреҳ мекунанд. Сипас аз зери гиреҳ чӯбчаеро гузаронда тобғӯла мезананд.
Ҳангоми дуруст бастани Ж. набз дар артерияҳои канорӣ нест шуда, ранги пӯст мепарад, хунравӣ хотима меёбад. Дар аснои нодуруст печондани Ж. хунравӣ нафақат қатъ намешавад, балки андом варам низ мекунад, ҳатто асабҳо фишор ёфта, узв мумкин аст фалаҷ гардад. Ж.-ро аз 2 соат зиёд нигоҳ доштан лозим нест, зеро бофтаҳо мефавтанд. Аз ин рӯ, дар як гӯшаи он ҳатман вақти баста шудани Ж.-ро навиштан лозим аст.
Агар Ж.-ро дар андом бештар нигоҳ доштан зарур бошад, пас онро чанд сония суст мекунанд (дар ин вақт артерияро бо ангушт фишор медиҳанд) ё кушода ба ҷои нав мебанданд. Андоме, ки ба он Ж. баста шудааст, бояд ором бошад.
Ҷабрдидаро бо мақсади пурра манъ кардани хунравӣ бетаъхир ба беморхона мефиристанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …