Главная / Илм / ЗУРУНГ

ЗУРУНГ

zurungЗУРУНГ (Ononis arvensis), хоргулак, хори зурунг, гиёҳест бисёрсола. Аз 30 то 80 см қад мекашад. Пояаш сершоха, баргаш пайдарҳам, гулаш 5-баргаи парвонашакл, гулобӣ ё сафеди гулобитоб. Ғилофакаш гирд ё байзашакл (2 – 4 тухм дорад). Июн – июл гул карда, тухмаш июл – сент. мепазад. З. асосан дар қ-кӯҳҳои Ҳисору Дарвоз, Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Шарқӣ, Помири Ғарбӣ (дар баландии 2000 – 2700 м аз с.б.) мерӯяд.
Бо мақсади муолиҷа решаи З.-ро истифода мебаранд. Онро тирамоҳ ҷамъ оварда, дар оби хунук мешӯянд, сипас пора-пора карда дар ҳавои кушода мехушконанд. Ҷӯшоби бехи З. барои табобати бавосир давои хуб аст. Муқаррар шудааст, ки он гардиши хун ва кори дилро метезонад, хунравиро бозмедорад, хосияти пешобронӣ дорад ва барои организм безарар аст. Табибони халқӣ бо ҷӯшоби решаи З. тарбод, бавосир ва ихтилоли меъда ва рӯдаро табобат мекунанд. Онро чун доруи арақрон низ истифода мебаранд.
Дар тибби илмӣ нақеъи З. (1 чумчагӣ рӯзе 2 – 3 маротиба) барои муолиҷаи бавосир, манъи хунравӣ ва мулоим кардани дарун тавсия мешавад. Барои ин 2 чумча (30 г) решаи майдакардаи онро дар 1 л об андохта то нисф шудани об меҷӯшонанд; сипас онро полонда, рӯзе 3 маротиба пеш аз ғизо (1,5-чумчагӣ) меошоманд (2 – 4 ҳафта).
Ад.: Қобилов Н.М., Лекарственные растения Таджикистана, Д., 1962; Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …