Главная / Илм / ЗУФОБӣ

ЗУФОБӣ

zufobiЗУФОБӣ (Alisma plantago-aquatica), зуфи обӣ, як навъ гиёҳест худрӯи бисёрсола. Бехи лӯндамонанди ғафс, пояи рости (10 – 70 см қад мекашад) қисми болояш сершох дорад. Баргаш думчадарози нӯгтез, байзашакли паҳн, калон, қисми ба думчабарг пайвасташ дилшакл. Хӯшагулаш калони ҷорӯбак, гулаш майда (қутраш қариб 1 см), сафед ё гулобитоб; зуд мерезад. Тухмаш дарозрӯя. Моҳҳои май – авг. гулу мева мекунад. З. одатан дар соҳили кӯлу дарё, ҷӯю обанбор, шибарзамин ва шолизор мерӯяд.
З. гиёҳи доруии қадимист. Ба ақидаи Ҷолинус ҷӯшоби он санги гурдаро майда мекунад. Абӯалӣ Сино З.-ро барои табобати реши рӯда, боди фатақ (чурра) ва дарди маҳбал тавсия додааст; барги бехи З. хосияти пешобронӣ дорад. Табибони халқӣ бо бехи хушку судаи З. захми меъдаву рӯда, бавосир ва обхӯраро табобат мекарданд. Дар тибби халқии тоҷикӣ барги З.-ро барои муолиҷаи иллати меъдаву рӯда истифода мебаранд. Табибони қадим бо ҷӯшоби решаи З. одамони саги девона газидаро табобат мекарданд. З. гиёҳи заҳрнок аст, хусусан шираи он хавфнок мебошад. Бинобар ин ҳангоми истеъмоли давоҳои он бояд эҳтиёт шуд. Дар мавриди хушкондан заҳрнокии шираи З. аз байн меравад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …