Главная / Илм / ЖОВИШ

ЖОВИШ

jovishЖОВИШ, майда кардан ва бо оби даҳон омехтани хӯрок дар ковокии даҳон. Раванди Ж. газидан, фишурдан, майда кардан ва дар байни дандонҳо соидани хӯрокро дарбар мегирад. Одам ва аксари ҳайвонот хӯрокро бо ёрии ҳаракатҳои гуногуни ҷоғи поён нисбат ба ҷоғи боло (вертикалӣ, пешу қафо ва паҳлӯгӣ), ки дар натиҷаи кашиш хӯрдани мушакҳои жованда ба вуҷуд меояд, межованд. Ҳангоми Ж. дандонҳо бештар тазъиқ мебинанд; ҳаракати забон ва рухсораҳо барои омехта шудани ғизо ёрӣ мерасонад. Ж. амали мураккаб буда, ба воситаи маркази махсуси асаб, ки дар мағзи дарозрӯя ҷойгир шудааст ва қисмҳои зериқишрии нимкураҳои калони мағзи сар идора карда мешавад.
Ихтилоли аъзои Ж., хусусан набудан ё нуқси дандонҳо ба майда шудан ва ҳазми хӯрок таъсири манфӣ расонида, боиси бемории узвҳои ҳозима мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …