Яке аз вузаро пеши Зуннуни Мисрӣ рафт ва ҳиммат хост, ки рўзу шаб ба хидмати султон машғулам ва ба хайраш умедвору аз уқубаташ тарсон. Зуннун бигрист ва гуфт: – Агар ман худойро азза ва ҷалла чунин парастидаме, ки ту султонро, аз ҷумлаи сиддиқон будаме. Гар на умеду биму роҳату ранҷ, …
Муфассал »Архив Месяца: March 2020
Дарвеши муҷаррад ва Султон
Дарвеше муҷаррад ба гўшае саҳрое нишаста буд, подшоҳе бар ў бигузашт. Дарвеш аз он ҷо ки фароғи мулки қаноат аст, сар барнаёварад ва илтифот накард. Султон аз он ҷо ки сатвати салтанат аст, биранҷид ва гуфт: – Ин тоифаи хиркапўшон бар мисоли ҳайвонанд ва аҳлияти одамият надоранд. Вазир наздикаш омаду …
Муфассал »Малик бо писараш
Яке дар санъати гуштӣ гирифтан саромада буд, сесаду шаст банди фунун бидонистӣ ва ҳар рўз ба навъе аз он гуштӣ гирифти, магар гўшаи хотираш ба ҷамоли яке аз шогирдон майле дошт, сесаду панҷоҳу нўҳ бандаш даромўхт магар як банд, ки дар таълими он дафъ андохтӣ ва таъхир карди. Филҷумла, писар …
Муфассал »Латифаи Кайхусрав
Бар тоҷи Кайхусрав набишта буд: Чӣ солҳои фаровону умрҳои дароз, Ки халқ бар сари мо бар замин бихоҳад рафт. Чунон ки даст ба даст омадаст мулк ба мо, Ба дастгоҳи дигар ҳамчунон бихоҳад рафт.
Муфассал »Мулуки араб
Яке аз мулуки араб мутаалиқони девонро фармуд, ки марсуми фалонро, чандон ки ҳаст, мазоаф кунад, ку мулозими даргоҳ асту мутарасисди фармон ва дигар хидматгорон ба лавҳу лаб машғуланд ва дар адои хидмат мутаҳовин. Соҳибдиле бишуниду гуфт: Маротиби бандагон ба даргоҳи худои таоло ҳамин мисол дорад. Ду бомдод агар ояд касе …
Муфассал »Малик – ҳикоя
Малик Завзанро хоҷае буд каримуннафс, некмаҳзар, ки ҳагинонро дар мувоҷаҳа хидмат кардӣ ва дар ғайбат накуӣ гуфтӣ. Иттифоқан аз ў ҳаракате дар назари султон нописанд омад, мусодира фармуд ва уқубат кард. Сарҳангони малик ба савобиқи меҳнати ў мўътариф буданд ва ба шукри он муртаҳан. Дар муддати тавқили ў рифқу мулотифат …
Муфассал »Амири Лайс
Яке аз бандагони Амру Лайс гурехта буд. Касон дар ақибаш бирафтанд ва бозоварданд. Вазирро бо вай ғаразе буд ва ишорат ба куштан фармуд, то дигар бандагон чунин феъл раво надоранд. Банда пеши Амру сар бар замин ниҳоду гуфт. Ҳар чӣ равад бар сарам, чун ту писандӣ, равост, Банда чӣ даъви …
Муфассал »Малик ва мулк
Якеро аз мулук маразе хоил буд, ки иодати зикри он нокардан авлитар. Тоифаи ҳукамои Юнон мутаффиқ шуданд, ки мар ин дардро давое нест магар заҳрае одаме, ки ба чандин сифат мавсуф бошад, бифармуд талаб кардан. Деҳқонписаре ёфтанд бад-он сифат, ки ҳакимон гуфта буданд. Падару модарашро бихонд ва ба неъмати бекарон …
Муфассал »Мардумозор
Мардумозореро ҳикоят кунанд, ки санге бар сари солеҳе зад. Дарвешро маҷоли интиқом набуд. Сангро нигоҳ ҳаме дошт, то замоне, ки маликро бар он лашкари хашм омад ва дар чоҳаш кард. Дарвеш андар омад ва санг дар сараш куфт. Гуфто: – Ту кистӣ ва маро ин санг чаро задӣ? Гуфт: – …
Муфассал »Вазири ғофил
Вазири ғофилеро шунидам, ки хонаи раият хароб карди, то хизонаи султон обод кунад бехабар аз қавли ҳакимон, ки гуфтаанд: «ҳар ки худойро азза ва ҷалла биёзорад, то дили халқе ба даст орад, худованди таоло ҳамон халқро бар ў гуморад, то димор аз рўзгораш барорад». Оташи сўзон накунад бо сипанд, Он …
Муфассал »