Главная / Гуногун / Малик ва мулк

Малик ва мулк

Якеро аз мулук маразе хоил буд, ки иодати зикри он нокардан авлитар. Тоифаи ҳукамои Юнон мутаффиқ шуданд, ки мар ин дардро давое нест магар заҳрае одаме, ки ба чандин сифат мавсуф бошад, бифармуд талаб кардан. Деҳқонписаре ёфтанд бад-он сифат, ки ҳакимон гуфта буданд. Падару модарашро бихонд ва ба неъмати бекарон хушнуд гардонид ва қозӣ фатво дод, ки хуни яке аз раият рехтан саломати нафси подшоҳро раво бошад. Ҷалод қасди ў кард. Писар Сар ба сўи осмон баровард ва табассум кард. Малик пурсидаш, ки ин ҳолат чӣ ҷои хандидан аст?
Гуфт:
– Нози фарзанд бар падару модар бошад ва даъво пеши қозӣ баранду дод аз подшоҳ хоҳанд. Акнун падару модар ба иллати хутоми дунё маро ба хун дарсупурданд ва қозӣ ба кўштанам фатво дод ва султон масолеҳи хеш андар ҳалоки ман ҳаме бинад, ба ҷуз худои азза ва чалла паноҳ намебинам:

Пеши кӣ бароварам зи дастат фарёд,
Ҳам пеши ту аз дасти ту мехоҳам дод.

Султонро дил аз ин сухан ба ҳам баромад ва об дар дида бигардониду гуфт:
– ҳалоки ман авлотар аст аз хуни бегуноҳе рехтан.
Пас саручашмаш бибўсид ва дар канор гирифт ва дар неъмати бендозааш бахшиду озод кард. Гўянд, ҳам дар он ҳафта султон шифо ёфт.

Ҳамчунон дар фикри он байтам, ки гуфт
Пилбоне бар лаби дарёи Нил:
Зери поят гар надони ҳоли мур,
Ҳамчу ҳоли туст зери пои пил.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …