Главная / Гуногун / Мулуки араб

Мулуки араб

Яке аз мулуки араб мутаалиқони девонро фармуд, ки марсуми фалонро, чандон ки ҳаст, мазоаф кунад, ку мулозими даргоҳ асту мутарасисди фармон ва дигар хидматгорон ба лавҳу лаб машғуланд ва дар адои хидмат мутаҳовин.
Соҳибдиле бишуниду гуфт:
Маротиби бандагон ба даргоҳи худои таоло ҳамин мисол дорад.

Ду бомдод агар ояд касе ба хидмати шоҳ,
Сим хароина дар вай кунад ба лутф нигоҳ.
Умед ҳаст парастандагони мухлисро,
Ки ноумед нагарданд аз остони илоҳ.

***

Меҳтарӣ дар қабули фармон аст,
Тарки фармон далели хирмон аст.
Ҳар кӣ симои ростон дорад,
Сари хидмат бар остон дорад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …