Архив Месяца: March 2020

Ардашери Бобакон

unnamed

Дар сирати Ардашери Бобакон омадааст, ки ҳакими Арабро пурсид, ки рўзе чӣ моя таом бояд хўрдан? Гуфт: – Сад дирамсанг кифоят аст. Гуфт: – Ин қадар чӣ қувват диҳад? Гуфт: Хозо-л-миқдору яхмилуқа ва мо зода ало золиқа фанта хомилуху. (Тарҷумааш: ин миқдор туро бардорад ва агар аз ин афзуд ту …

Муфассал »

Лубнон, ки мақомоти ў дар диёри Араб

arabho

Яке аз сулаҳои Лубнон, ки мақомоти ў дар диёри Араб мазкур буд ва каромот машҳур ба ҷомеи Димишқ даромад ва бар канори биркаи килоса таҳорат ҳаме сохт, пояш билағжид ва ба ҳавз дарафтод ва ба машаққат аз он ҷойгаҳ раҳои ёфту – Чун аз намоз бипардохтанд, яке аз азҳоб гуфт: …

Муфассал »

Шахсам ба чашми оламиён хубманзар аст

kitobi-islomi

Якеро аз бузургон ба маҳфиле андар ҳаме сутуданд ва дар авсофи ҷамилаш муболиға мекарданд. Сар бароварду гуфт: – Ман онам, ки донам. Шахсам ба чашми оламиён хубманзар аст В-аз хубси сар зи ҳиҷлати ботин фитода пеш, Товусро ба нақшу нигоре, ки ҳаст, халқ Тахсин кунанду ў ҳиҷил аз пои зишти …

Муфассал »

Шабе дар хидмати падар

arab

Ёд дорам, ки дар айёми туфулият мутааббид будаме ва шабхезу мувлеи зўхду парҳез. Шабе дар хидмати падар, раҳматуллоҳи алайҳи, нишаста будам ва ҳама шаб дида бар ҳам набаста ва мусхафи азиз дар канор гирифта ва тоифае гирди мо хуфта. Падарро гуфтам: – Аз инон яке сар барнамедорад, ки дугонаи бигузорад. …

Муфассал »

Намоз бархостанд

namoz

Зоҳиде меҳмони подшоҳе буд, чун ба таом бинишастанд, камтар аз он хўрд, ки иродати ў буд ва чун ба намоз бархостанд, беш аз он кард, ки одати ў, то занни салоҳият дар ҳаққи ў зиёдат кунанд. Тарсам, нараси ба Каъба, эй аъробӣ, К-ин раҳ, ки ту мерави ба Туркистон аст. …

Муфассал »

Бомдодон ҳамаро ба қалъа дароварданд

Антагонизм

Тане чанд аз равандагон муттафиқи саёҳат буданду шарики ранҷу роҳат. Хостам, то мурофикат кунам, мувофиқат накарданд. Гуфтам: – Аз карами ахлоқи бузургон бадеъ аст рўй аз мусоҳибати мискинон тофтан ва фоида дареғ доштан, ки ман дар нафси хеш ин қадар қудрату суръат мешиносам, ки дар хидмати мардони порсро ёри шотир …

Муфассал »

Абдулқодири Гелони

800px-mahmud_in_robe_from_the_caliph

Абдулқодири Гелониро дидаанд дар ҳарами Каъба рўй бар ҳасбо ниҳода, ҳаме гуфт: – Эй худованд, бубахшой ва гар ҳароини муставҷиби уқубатам, дар рўзи қиёматам нобино барангез, то дар рўи некон шармсор нашавам. Рўй бар хоки аҷз мегўям Ҳар саҳаргаҳ, ки бод меояд: Эй, ки ҳаргиз фаромушат накунам, Ҳеҷат аз банда …

Муфассал »

ДАР АХЛОҚИ ДАРВЕШОН ХИКОЯТ

caption

Яке аз бузургон порсоеро гуфт: «Чӣ гўӣ дар ҳаққи фалон обид, ки дигарон дар вай ба таъна суханҳо гуфтанд». Гуфт: – Дар зоҳираш айб намебинам ва дар ботинаш ғайб намедонам. Ҳар киро ҷома порсо бинӣ, Порсо дону некмард ангор. В-ар надонӣ, ки дард ниҳонаш чист, Мухтасибро даруни хона чӣ кор?

Муфассал »

Искандари руми

dgrr

Искандари румиро пурсиданд: «Диёри Машриқу Мағриб ба чӣ гирифтӣ, ки мулуки пешинро хазоин ва умру лашкар беш аз ин будааст ва чунин фатҳе муяссар нашуд?» Гуфто: – Ба авни худои азза ва чалла ҳар мамлакатеро, ки гирифтам, раияташ наёзурдам ва номи подшохон чуз ба накўӣ набурдам. Бузургаш нахонанд аҳли хирад, …

Муфассал »

Канизаки чини

a18441511e3088c121cddfa07c649437

Якеро аз мулук канизаке чини оварданд. Хост, дар ҳолати мастӣ ба вай ҷамъ ояд. Канизак мамониат кард. Малик дар хашм рафт ва мар ўро ба сиёҳе бахшид, ки лаби забаринаш аз параи гўшу бини даргузашта буд ва зеринаш ба гиребон фуру хишта. Ҳайкале, Сахри ҷиннӣ аз талъаташ бирамидию айн-ул-катар аз …

Муфассал »