Главная / Гуногун / Малик – ҳикоя

Малик – ҳикоя

Малик Завзанро хоҷае буд каримуннафс, некмаҳзар, ки ҳагинонро дар мувоҷаҳа хидмат кардӣ ва дар ғайбат накуӣ гуфтӣ. Иттифоқан аз ў ҳаракате дар назари султон нописанд омад, мусодира фармуд ва уқубат кард. Сарҳангони малик ба савобиқи меҳнати ў мўътариф буданд ва ба шукри он муртаҳан. Дар муддати тавқили ў рифқу мулотифат кардандӣ вазъ аҷру муокабаи раво надоштандӣ.

Сулҳ бо душман агар хоҳӣ, ҳар гаҳ ки туро
Дар қафо айб кунад, дар назараш таҳсин кун.
Сухан охир ба даҳон мегузарад мўзиро,
Суханаш талх нахоҳӣ, даҳанаш ширин кун.

Он чӣ мазмуни хитоби малик буд, аз ўҳдаи баъзе бадар омад ва ба бақияте дар зиндон бимонд. Яке аз мулуки навоҳӣ дар хуфя паёмаш фиристод, ки мулуки он тараф қадри чунон бузургворе надонистанд ва ё беиззатӣ карданд. Агар раъи азизи фалон, аҳсануллоҳ, хулоса ба ҷониби мо илтифот кунад, дар риояти хотираш ҳар чӣ тамомтар саъй карда шавад ва аъёни ин мамлакат ба дидори ў муфтахаранду ҷавоби ин ҳарфро мунтазир. Хоҷа бар ин вуқуф ёфт ва аз хатар андешиду ҷавобе мухтасар, чунон ки маслиҳат дид, бар қафои варақ набишт ва равон кард. Яке аз мутаалиқон воқиф шуд ва маликро эълом кард, ки фалонро ки ҳабс фармудӣ, бо мулуки навоҳӣ муросилат дорад. Малик ба ҳам баромад ва кашфи ин хабар фармуд. қосидро бигрифтанд ва рисолатро бихонданд, набишта буд, ки «ҳусни зани бузургон беш аз фазилати мост ва ташрифи қабуле, ки фармудаанд, бандаро имкони иҷобат нест ба ҳукми он, ки парвардаи неъмати ин хонадон аст ва ба андак моя тағйири хотир бо валинеъмат бевафоӣ натавон кард.

Онро, ки барои туст ҳар дам караме,
Узраш бинеҳ, ар кунад ба умре ситаме.

Маликро сирати ҳакшиносӣ аз ў писанд омад ва хилъату неъмат бахшиду узр хост, ки хато кардам, ки ўро бегунох биёзурдам.
Гуфт:
– Эй худованд, банда дар ин ҳолат мар худовандро хатое намебинад, балки тақдири худованди таоло чунин буд, ки ин бандаро макрўҳӣ бирасид. Пас, бадасти ту авлотар, ки савобиқи неъмат бар ин банда дорӣ ва аёдии миннат. Ва ҳукамо гуфтаанд:

«Гар газандат расад зи халқ, маранҷ,
Ки ин роҳат расад зи халқ на ранҷ.
Аз худо дон хилофи душману дўст,
Ки дили ҳар ду дар тасарруфи ўст.
Гарчи тир аз камон ҳаме гузарад,
Аз камондор бинад аҳли хирад».

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

columbus_taking_possession-300x227

ПОСБОН

Ана, дигар саҳар шуд, Як рӯзаки дигар шуд. Модар ба кори худ рафт, Падар ба …