Главная / Гуногун / Амири Лайс

Амири Лайс

Яке аз бандагони Амру Лайс гурехта буд. Касон дар ақибаш бирафтанд ва бозоварданд. Вазирро бо вай ғаразе буд ва ишорат ба куштан фармуд, то дигар бандагон чунин феъл раво надоранд. Банда пеши Амру сар бар замин ниҳоду гуфт.

Ҳар чӣ равад бар сарам, чун ту писандӣ, равост,
Банда чӣ даъви кунад, ҳукм худованд рост.

Аммо ба мўҷиби он парвардаи неъмати ин хонадонам, нахоҳам, ки дар қиёмат ба хуни ман гирифтор ои. Агар бе гумон ин бандаро бихоҳи кушт, ба таъвили шаръи бикўш, то дар қиёмат маъхуз ба фармони ҳақ набошӣ.
Амру гуфт:
– Таъвил чӣ гуна аст?
Гуфт:
– Иҷозат фармой, то вазирро бикушам, ба қасоси ў бифармои хуни маро рехтан, то ба ҳақ кушта бошӣ.
Маликро ханда гирифт, вазирро гуфт:
– Чи маслиҳат мебинӣ?
Гуфт:
– Эй худованди ҷаҳон, аз баҳри худой ин шўхдидаро ба садақоти гўри падар озод кун, то маро дар балое наяфканда. Гуноҳ аз ман аст ва қавли ҳукамо мўътабар, ки гуфтаанд:

«Чун кардӣ бо кулўхандоз пайкор,
Сари худро ба нодонӣ шикастӣ,
Чу тир андохтӣ дар рўӣ душман,
Хазар кун, к-андар омоҷаш нишастӣ».

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …