Главная / Гуногун / Дарвеши муҷаррад ва Султон

Дарвеши муҷаррад ва Султон

Дарвеше муҷаррад ба гўшае саҳрое нишаста буд, подшоҳе бар ў бигузашт. Дарвеш аз он ҷо ки фароғи мулки қаноат аст, сар барнаёварад ва илтифот накард. Султон аз он ҷо ки сатвати салтанат аст, биранҷид ва гуфт:
– Ин тоифаи хиркапўшон бар мисоли ҳайвонанд ва аҳлияти одамият надоранд.

дурудҳои кӯтоҳе, ки ҳангоми шунидани номи Пайғамбар (с)Вазир наздикаш омаду гуфт:
– Эй ҷавонмард, султони рўи замин бар ту гузар кард, чаро хидмате накардӣ ва шарти адаб ба ҷо наёвардӣ?
Гуфт:
– Султонро бигўй, таваққуи хидмат аз касе дор, ки таваққуи неъмат аз ту дорад ва дигар бидон, ки мулук аз баҳри поси раиятанд, на раият аз баҳри тоати мулук, чунон ки гўянд:

Подшоҳ посбони дарвеш аст,
Гарчи ромиш ба фарри давлати ўст.
Гусфанд аз барои чўпон нест,
Балки чўпон барои хидмати ўст.
Яке имрўз комрон бинӣ,
Дигареро дил аз муҷоҳада реш.
Рўзаке чанд бош, то бихўрад
Хок мағзи сари хаёландеш.
Фарқи шоҳию бандагӣ бархост
Чун қазои набишта омад пеш.
Гар касе хоки мурда боз кунад,
Нанмояд тавонгару дарвеш.

Маликро гуфтани дарвеш устувор омад.
Гуфт:
– Чизе аз ман бихоҳ.
Гуфт:
– Он мехоҳам, ки дигарбора заҳмати ман надиҳӣ.
Гуфт:
– Маро панде бидеҳ.
Гуфт:

Дарёб кунун, ки неъматат ҳаст ба даст,
К-ин давлату мулк меравад даст ба даст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …