Главная / Гуногун / Намоз бархостанд

Намоз бархостанд

Зоҳиде меҳмони подшоҳе буд, чун ба таом бинишастанд, камтар аз он хўрд, ки иродати ў буд ва чун ба намоз бархостанд, беш аз он кард, ки одати ў, то занни салоҳият дар ҳаққи ў зиёдат кунанд.

Тарсам, нараси ба Каъба, эй аъробӣ,
К-ин раҳ, ки ту мерави ба Туркистон аст.

Чун ба макоми хеш омад, суфра хост, то тановуле кунад. Писаре соҳибфаросат дошт, гуфт:
– Эй падар боре ба маҷлиси султон-дар таом нахўрдӣ?
Гуфт:
– Дар назари эшон чизе нахўрдам, ки ба кор ояд.
Гуфт:
– Намозро ҳам қазо кун, ки дар назари ҳақ чизе накарди, ки ба кор ояд.

Эй ҳунарҳо гирифта бар кафи даст,
Айбҳо баргирифта зери бағал,
То чӣ хоҳӣ харидан, эй мағрур?
Рўзи дармондаги ба сими дағал.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

tramp

Трамп пас аз президентӣ чӣ кор хоҳад кард?

Доналд Трамп, президенти 45-уми Иёлоти Муттаҳида, ба охири мӯҳлати ваколаташ наздик мешавад. Пас аз бохт …