Главная / Гуногун / Бомдодон ҳамаро ба қалъа дароварданд

Бомдодон ҳамаро ба қалъа дароварданд

Тане чанд аз равандагон муттафиқи саёҳат буданду шарики ранҷу роҳат. Хостам, то мурофикат кунам, мувофиқат накарданд. Гуфтам:
– Аз карами ахлоқи бузургон бадеъ аст рўй аз мусоҳибати мискинон тофтан ва фоида дареғ доштан, ки ман дар нафси хеш ин қадар қудрату суръат мешиносам, ки дар хидмати мардони порсро ёри шотир бошам, на бори хотир.
Яке з-он миён гуфт:
– Аз ин сухан, ки шунидӣ, дил танг мадор, ки дар ин рўзҳо дузде ба сурати дарвешон баромад ва худро дар силқи сўхбати мо мунтаззам кард.

Чи донанд мардум, ки дар ҷома кист?
Нависанда донад, ки дар нома чист.

Ва аз он ҷо ки саломати ҳоли дарвешон аст, гумони фузулаш набурданд ва ба ёри қабулаш карданд.

Сурати ҳоли орифон далқ аст,
Ин қадар бас, чу рўй дар халқ аст.
Дар амал кўшу ҳар чӣ хоҳӣ, пўш,
Тоҷ бар сар неҳу алам бар дўш.
Тарки дунёву шавҳат асту ҳавас
Порсоӣ, на тарки ҷомаву бас.
Дар гажаганд мард бояд буд,
Бар муханнас силоҳи ҷанг чӣ суд?

Рўзе то ба шаб рафта будем ва шабонгаҳ ба пои ҳисор хуфта. Дузди бетавфиқ ибриқи рафиқ бардошт, ки ба таҳорат меравам ва ба ғорат мерафт.

Порсо бин, ки хирқа дар бар кард,
Ҷомаи каъбаро ҷули хар кард.

Чандон ки аз назари дарвешон ғоиб шуд, ба бурҷе рафт ва дарҷе бидуздид, то рўз равшан шуд. Он торик маблағе роҳ рафта буд ва рафиқон бегуноҳ хуфта. Бомдодон ҳамаро ба қалъа дароварданд ва бурданду ба зиндон карданд. Аз он таърих тарки сўхбат гуфтему тарики узлат гирифтем, ки «в-ас-саломату филваҳдати» (тарҷумааш: амният дар иттифоқ будан аст).

Чу аз қавме яке бедонише кард,
На кеҳро манзилат монад, на меҳро.
Шунидасти, ки гове дар алафхор
Биёлояд ҳама говони деҳро.

Гуфтам, сипосу минат худойро, ки аз баракати дарвешон маҳрум намондам. Гарчи ба сурат аз сўҳбат ваҳид афтодам, бад-ин ҳикоят, ки гуфтӣ, мустафид гаштам ва амсоли маро ҳамаи умр он насиҳат ба кор ояд.
Ба як нотарошида дар маҷлисе
Биранҷид дили хушмандон басе.
Агар бирқае пур кунад аз гулоб,
Саге дар вай афтад, кунад манҷалоб.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

columbus_taking_possession-300x227

ПОСБОН

Ана, дигар саҳар шуд, Як рӯзаки дигар шуд. Модар ба кори худ рафт, Падар ба …