Главная / Гуногун / Лубнон, ки мақомоти ў дар диёри Араб

Лубнон, ки мақомоти ў дар диёри Араб

Яке аз сулаҳои Лубнон, ки мақомоти ў дар диёри Араб мазкур буд ва каромот машҳур ба ҷомеи Димишқ даромад ва бар канори биркаи килоса таҳорат ҳаме сохт, пояш билағжид ва ба ҳавз дарафтод ва ба машаққат аз он ҷойгаҳ раҳои ёфту

– Чун аз намоз бипардохтанд, яке аз азҳоб гуфт:
– Маро мушкиле ҳаст, агар иҷозати пурсидан аст?

Гуфт:
– Он чист?
Гуфт:

– Ёд дорам, ки шайх ба рўӣ дарёи Мағриб бирафт ва қадамаш тар нашуд. Имрўз чӣ ҳолат буд, ки дар ин об қоматаш аз ҳалок чизе намонд?

Шайх андар ин фикрат фурў рафт ва пас аз таамули бисёр сар бароварду гуфт:
– Нашунидаӣ, чи хоҷаи олам, алайҳиссалом гуфт: «Ли маалоҳи вақтун лоясаани фихи малакун муққарабун ва ло набиюн мурсалун» (Тарҷумааш: маро бо худо вохуриест, ки он гаҳ на ба малоикаи муқрраб ва пайғамбари фиристода напардозам.) ва нагуфт аладдавом вақте, чунин, ки фармуд ба Чабраил ва Микоил напардохти ва дигар вақт бо Хафсаю Зайнаб дархостӣ: «Мушоҳидат-ул-аброр байн аттаҷалли в-ал-иститор» (Тарҷумааш: Дидорбинии покон байни намудор шудан ва пинҳон шудан).
Менамоянду мебароянд:

Дидор менамоию парҳез мекунӣ,
Бозори хешу оташи мо тез мекунӣ.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

hmv4uxebqejmqztrvmc-wa-article

Ҷавонмарде, ки бихўраду бидиҳад беҳ аз обиде

Ҷавонмарде, ки бихўраду бидиҳад беҳ аз обиде, ки рўза дораду биниҳад. Ҳар кӣ тарки шахҳоват …