Главная / Гуногун / Шабе дар хидмати падар

Шабе дар хидмати падар

Ёд дорам, ки дар айёми туфулият мутааббид будаме ва шабхезу мувлеи зўхду парҳез. Шабе дар хидмати падар, раҳматуллоҳи алайҳи, нишаста будам ва ҳама шаб дида бар ҳам набаста ва мусхафи азиз дар канор гирифта ва тоифае гирди мо хуфта. Падарро гуфтам:
– Аз инон яке сар барнамедорад, ки дугонаи бигузорад. Чунон хоби ғафлат бурдаанд, ки гўӣ на хуфтаанд, ки мурдаанд?
Гуфт:
– ҷони падар, ту низ агар бихуфти беҳ, аз он ки дар пустини мардум афтӣ.

Набинад муддаи ҷуз хештанро,
Ки дорад пардаи пиндор дар пеш.
Гарат чашми худобине бубахшанд,
Набини ҳеҷ кас оҷизтар аз хеш.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …