Главная / Гуногун / Канизаки чини

Канизаки чини

Якеро аз мулук канизаке чини оварданд. Хост, дар ҳолати мастӣ ба вай ҷамъ ояд. Канизак мамониат кард. Малик дар хашм рафт ва мар ўро ба сиёҳе бахшид, ки лаби забаринаш аз параи гўшу бини даргузашта буд ва зеринаш ба гиребон фуру хишта. Ҳайкале, Сахри ҷиннӣ аз талъаташ бирамидию айн-ул-катар аз бағалаш бидамидӣ.

a18441511e3088c121cddfa07c649437Ту гуӣ, то қиёмат зиштрўй
Бар ў хатм асту бар Юсуф накуӣ.

***
Шахсе на чунон кареҳманзар,
К-аз зиштии ў хабар тавон дод.
Он гаҳ бағале наузу биллоҳ,
Мурдор ба офтоби мурдод.

Овардаанд, ки сиёҳро дар он муддат нафс толиб буду шавҳат ғолиб. Меҳраш биҷунбиду мўҳраш бардошт. Бомдодон, ки малик канизакро биҷусту наёфт, ҳикоят бигуфтанд, хашм гирифт ва фармуд, то сиёҳро бо канизак устувор бубанданд ва аз боми ҷавсақ ба қаъри хандак дарандозанд. Яке аз вузарои некмаҳзар рўи шафоат бар замин ниҳод ва гуфт:
– Сиёҳи бечораро дар ин хатое нест, ки соири бандагон ва хидматгузорон ба навозиши худованди матааввиданд. Гуфт:
Агар дар муфовазаи ў шабе таъхир кардӣ, чӣ шудӣ, ки ман ўро афзун аз киммати канизак дилдорӣ кардаме.
Гуфт:
– Эй худованди рўи замин, нашунидаӣ, ки:

Ташнаи сўхта дар чашмаи равшан чу рассад,
Ту мапиндор, ки аз пили дамон андешад.
Мулхиди гурусна дар хонаи холӣ барии хон,
Ақл бовар накунад, к-аз рамазон андешад.

Маликро ин латифа писанд омад ва гуфт:
– Сиёҳ туро бахшидам, канизакро чӣ кунам?
Гуфт:
– Канизак сиёҳро бахш, ки нимхўрдаи ў ҳам ўро шояд.
Ҳаргиз онро ба дўстӣ маписанд,
Ки равад ҷои нописандида.
Ташнаро дил нахоҳад оби зулол.
Нимхўрда даҳони гандида.

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …