Главная / 2018 / April (страница 105)

Архив Месяца: April 2018

Мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ

moddai-199-kodeksi-mehnat

Моддаи 199-и Кодекси Меҳнат. Мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ Баҳсҳои меҳнатии фардиро комиссияҳои созиш ва ё судҳо баррасӣ мекунанд. Комиссияҳои созиш баҳсҳои меҳнатии фардиро аз рўи муроҷиати тарафҳои баҳси меҳнатӣ баррасӣ менамоянд. Барои ҳалли баҳсҳои меҳнатии фардӣ тарафҳои шартномаи меҳнатӣ метавонанд бевосита ба суд муроҷиат намоянд.

Муфассал »

Баҳсҳои меҳнатии фардӣ

moddai-198-kodeksi-mehnat

Моддаи 198-и Кодекси Меҳнат. Баҳсҳои меҳнатии фардӣ Баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар натиҷаи ба мувофиқа нарасидани корфармо ва корманд ҳангоми мавҷудияти ихтилофот дар татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва шароити меҳнат ба миён омада, тартиби ҳалли онҳо дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ мегарданд.

Муфассал »

Кам кардани андозаи зараре, ки бояд аз корманд ситонида шавад

moddai-197-kodeksi-mehnat

Моддаи 197-и Кодекси Меҳнат. Кам кардани андозаи зараре, ки бояд аз корманд ситонида шавад Бо назардошти муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаи ҷуброни зарареро, ки бояд аз корманд ситонида шавад, мумкин аст кам карда шавад. Агар зарар дар натиҷаи ҷинояти бо мақсади ғаразнок содиршуда расонида шуда бошад, ба кам кардани ҷуброни …

Муфассал »

Ҷуброни зараре, ки роҳбар ба ташкилоти давлатӣ расонидааст

moddai-196-kodeksi-mehnat

Моддаи 196-и Кодекси Меҳнат. Ҷуброни зараре, ки роҳбар ба ташкилоти давлатӣ расонидааст Ҷуброни зараре, ки ба ташкилоти давлатӣ бо гуноҳи роҳбари он расидааст, бо риояи қоидаҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад. Қарори аз роҳбари ташкилоти давлатӣ ситонидани ҷуброни зарарро мақоме, ки ҳуқуқи соҳибмулкро дорад, …

Муфассал »

Тартиби ситонидани ҷуброни зарар

moddai-195-kodeksi-mehnat

Моддаи 195-и Кодекси Меҳнат. Тартиби ситонидани ҷуброни зарар Маблағи зараре, ки аз маоши якмоҳаи корманди гунаҳгор зиёд нест, бо фармоиши корфармо ситонида мешавад. Фармоиш на дертар аз ду ҳафтаи ошкор шудани зарар қабул карда мешавад. Дар сурати розӣ набудани корманд аз маблағи ситонидашудаи зарар, ў ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат …

Муфассал »

Ҷуброни зарарро ихтиёран додани корманд

moddai-194-kodeksi-mehnat

Моддаи 194-и Кодекси Меҳнат. Ҷуброни зарарро ихтиёран додани корманд Корманде, ки ба корфармо зарар расонидааст, метавонад ҷуброни онро ихтиёран пурра ё қисман диҳад. Ҷуброни ихтиёрии зарар дар доираи пешбиникардаи Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад. Бо мувофиқаи корманд ва корфармо ҷуброни зарарро дертар додан мумкин аст. Дар ин ҳолат корманд дар …

Муфассал »

Уҳдадории корфармо ҳангоми муқаррар намудани андозаи зарар ва сабаби сар задани он

moddai-193-kodeksi-mehnat

Моддаи 193-и Кодекси Меҳнат. Уҳдадории корфармо ҳангоми муқаррар намудани андозаи зарар ва сабаби сар задани он Корфармо уҳдадор аст, то қабул гардидани қарор дар бораи барқарор кардани ҷуброни зарар аз ҷониби корманди мушаххас ҷиҳати муқаррар намудани андозаи зарар ва сабабҳои сар задани он санҷиш гузаронад. Барои чунин санҷиш корфармо ҳуқуқ …

Муфассал »

Муайян кардани андозаи зарар

moddai-192-kodeksi-mehnat

Моддаи 192-и Кодекси Меҳнат. Муайян кардани андозаи зарар Андозаи зарари ба корфармо расонидашуда аз рўи талафоти воқеӣ дар асоси маълумоти ҳисобу китоби муҳосибӣ муайян карда мешавад. Ҳангоми камомад, қасдан несту нобуд ё хароб кардани мавод, маҳсулоти нимтайёр, маснуот (маҳсулот), аз ҷумла ҳангоми тайёр кардани онҳо, ҳамчунин асбобу анҷом, либосҳои махсус …

Муфассал »

Ҷавобгарии моддии коллективӣ барои расонидани зарар

moddai-191-kodeksi-mehnat

Моддаи 191-и Кодекси Меҳнат. Ҷавобгарии моддии коллективӣ барои расонидани зарар Ҳангоми аз ҷониби кормандон дастаҷамъона анҷом додани намудҳои алоҳидаи кор вобаста ба нигоҳдорӣ, коркард, фурўш (интиқол), боркашонӣ, қабул ё дигар истифодабарии дороиҳо, дар мавриди расонидани зарар муайян карда натавонистани ҷавобгарии ҳар яки онҳо ва бо онҳо бастани шартнома оид ба …

Муфассал »

Ҳолатҳои ҷавобгарии пурраи моддии корманд барои расонидани зарар ба корфармо

moddai-190-kodeksi-mehnat

Моддаи 190-и Кодекси Меҳнат. Ҳолатҳои ҷавобгарии пурраи моддии корманд барои расонидани зарар ба корфармо Ба зиммаи корманд ҷавобгарии пурраи моддӣ барои зарари ба корфармо расонидашуда дар ҳолатҳои зерин вогузор карда мешавад: – таъмин накардани ҳифзи молу мулк ва дигар дороиҳои дар асоси шартномаи хаттӣ оид ба ҷавобгарии пурраи моддии ба …

Муфассал »