Архивы за день : 22.04.2018

МИКРОЭЛЕМЕНТҲО

mikroelementho

МИКРОЭЛЕМЕНТҲО, элементҳои химиявие, ки дар организм ба миқдори кам ба андозаи 10–2 – 10–12 вуҷуд доранд. Истилоҳи «М.»-ро инчунин барои ифодаи баъзе элементҳои химиявие, ки дар хок, ҷинсҳои кӯҳӣ, минералҳо ва об ҳастанд, истифода мебаранд. Дар организмҳои зинда зиёда аз 60 М. ба таркиби пайвастҳои фаъоли биологӣ (ферментҳо, витаминҳо, гормонҳо …

Муфассал »

МИКСЕДЕМАИ ПӯСТ

miksedemai-pust

МИКСЕДЕМАИ ПӯСТ мухотварам, беморие, ки дар натиҷаи аз кор баромадан ё ниҳоят кам кор кардани ғадуди сипаршакл пайдо мешавад. М. нисбатан кам дучор омада, ба он бештар кӯдакон, солхӯрдагон ва занон (дар давраи климакс) дучор меоянд. Дар маҳалҳое, ки ҷоғар паҳн гардидаасту барои пешгирии он чорае надидаанд, одамон ба М. …

Муфассал »

МИЛЗАНИИ ДУВОЗДАҲА

milzanii-duvozdah

МИЛЗАНИИ ДУВОЗДАҲА, бо мақсади ташхис ва табобат ба рӯдаи дувоздаҳангушта фиристодани мил (зонд). Бо мақсади ба даст овардани муҳтавои рӯдаи дувоздаҳангушта (омехтаи талха, шира ва усораи ғадуди зери меъда) ба амал оварда мешавад. Тадқиқи муҳтаво имкон медиҳад, ки дар бораи ҳолату фаъолияти рӯдаи дувоздаҳангушта, ғадуди зери меъда, ҷигар, талхадон, маҷрои …

Муфассал »

МИЛЗАНИИ МЕЪДА

milzanii-meda

МИЛЗАНИИ МЕЪДА, ба тавассути мил (зонд) гирифтани муҳтавои меъда. Бо мақсади ташхис ҳангоми гумонбарӣ аз бемориҳои меъда ё рӯдаи дувоздаҳангушта, инчунин дар аснои баъзе бемориҳои дигар, ки боиси халал ёфтани фаъолияти меъда мегарданд, истифода мешавад. Милзаниро барои табобат (мас., шустани меъда зимни заҳролудии шадид, ҷаббида гирифтани муҳтавои меъда ҳангоми атонияи …

Муфассал »

МИЛЗАНӣ

mil

МИЛЗАНӣ, бо мақсади ташхис ва муолиҷа ба ҷавфи узвҳои найчашакл, роҳи носур, римхона ва ғ. ворид сохтани мил (зонд). Барои муайян кардани чуқурӣ ва самти роҳи носур, ҷайбҳои римхона, ошкор намудани ҷисмҳои бегона ва санг милҳои пластмассӣ ё филизиро кор мефармоянд. Милҳои филизӣ ё пластмассии қутрашон гуногунро баъзан бо мақсади …

Муфассал »