Архивы за день : 02.04.2018

МУТОБИҚАТ

mutobikat

МУТОБИҚАТ, адаптатсия, қобилияти ба шароити гуногун мутобиқ гаштани мавҷудоти зинда; истилоҳи «мутобиқат»-ро инчунин барои ифодаи натиҷаи раванди мувофиқат низ истифода мекунанд. М. фаъолияти мӯътадили ҳаёти организм ва ба тағйироти омилҳои гуногуни муҳит, ҳарорат, иқлим, баландӣ, унсурҳои сироятӣ (ниг. Иммунитет) ва ғ. мувофиқ шудани онро таъмин менамояд. Шаклҳои гуногуни М. мавҷуданд: …

Муфассал »

МУФРАДОТ

mufrado

МУФРАДОТ, дар тибби қадими тоҷик давоҳоеро номанд, ки аз як модда иборатанд. М. наботӣ, ҳайвонӣ ва ҷамодӣ мешавад. М.-и наботиро аз гул, барг, поя, реша, пӯстлох, самар, равған, шира ва шилми растаниҳо тайёр мекарданд. Мас., аз чормағз, тут, бед, зардолу, анҷир, газ, бобуна, бӯймодарон, сарсабил, оқирқирҳо, пудина, кунҷид, зарпечак ва …

Муфассал »

«МУФРАДОТИ МАЪСУМӣ»

masumi

«МУФРАДОТИ МАЪСУМӣ», асари ҳаким Маъсум ибни Сафоии Ҳусайнии Синдӣ дар боби тиб. Ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. Китоби мухтасар дар баёни доруҳои сода мебошад. Ад.: Абдулҳай ал-Ҳасанӣ, «Ас-Сақофату-л-исломия фӣ-л-Ҳинд», Димишқ, 1983. С. Шаҳобуддинов.

Муфассал »

«МУФРАДОТИ ҲИНДӣ»

mufradot

«МУФРАДОТИ ҲИНДӣ», асари ҳаким Шарафуддини Саҳоварӣ (ваф. 1810). Ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. Китоб дар як муҷаллади бузург ва дар баёни доруҳои содаи ҳиндӣ мебошад. Ад.: Абулҳай ал-Ҳасанӣ, «Ас-Сақофату-л-исломия фӣ-л-Ҳинд», Димишқ, 1983. С. Шаҳобуддинов.

Муфассал »

МУХАЛЛАС

muhallas

МУХАЛЛАС (Dianthus tetralepis), чӯпончой, чинигул, гиёҳест худрӯи бисёрсола. Пояаш рост, сершохча, 15 – 20 см қад мекашад. Баргаш дарозрӯя (дарозиаш 2 – 5 см, бараш 1 – 2 мм), гулаш гулобӣ, сафед ё арғувонӣ, дар нӯги поя ва шохча яктоӣ мешукуфад. Ғӯзааш сертухм, тухмаш майдаи сипаршакл, сиёҳ. Дар ҷойҳои санглох …

Муфассал »

Ҷавобгарии моддии тарафҳои шартномаи меҳнатӣ ҳангоми ҷуброни зарари расонидашуда

moddai-183-kodeksi-mehnat

Моддаи 183-и Кодекси Меҳнат. Ҷавобгарии моддии тарафҳои шартномаи меҳнатӣ ҳангоми ҷуброни зарари расонидашуда Тарафи шартномаи меҳнатӣ, ки ба тарафи дигар зарар расонидааст, ин зарарро мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн менамояд. Дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ мумкин аст ҷавобгарии моддии корфармо ва корманд …

Муфассал »

Ҷуброни хароҷоти истифодаи молу мулки шахсии корманд

moddai-182-kodeksi-mehnat

Моддаи 182-и Кодекси Меҳнат. Ҷуброни хароҷоти истифодаи молу мулки шахсии корманд Агар молу мулки шахсии корманд бо иҷозати корфармо ба манфиати ташкилот истифода шавад, бояд истифода ва фарсудашавии он ҷуброн карда шаванд. Андозаи ҷуброн бо мувофиқаи байни корфармо ва корманд муайян карда мешавад.

Муфассал »

Ҳолатҳои баргардонидани ҷубронҳо ҳангоми ба маҳалли дигар ба кор омадан

moddai-181-kodeksi-mehnat

Моддаи 181-и Кодекси Меҳнат. Ҳолатҳои баргардонидани ҷубронҳо ҳангоми ба маҳалли дигар ба кор омадан 1.Ҷубронҳое, ки пардохти онҳо дар моддаҳои 179 ва 180 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, мақсаднок буда, масъулиятро барои онҳо корфармое, ки корманд ба ў ба кор гузаронида, равона ё қабул карда мешавад, ба зимма дорад. Ҷубронҳое, ки …

Муфассал »

Ҷубронпулӣ барои рафтан ба кор бо мувофиқаи пешакӣ ба маҳалли дигар

moddai-180-kodeksi-mehnat

Моддаи 180-и Кодекси Меҳнат. Ҷубронпулӣ барои рафтан ба кор бо мувофиқаи пешакӣ ба маҳалли дигар Ҳангоми рафтани корманд ба кор бо мувофиқаи пешакӣ бо корфармо ба маҳалли дигар ба ў тибқи муқаррароти моддаи 179 Кодекси мазкур ҷубронпулӣ дода мешавад, ба истиснои кумакпулии яквақтае, ки фақат бо созиши тарафҳо пардохт карда …

Муфассал »

Ҷуброни хароҷоти корманд ҳангоми ба маҳалли дигар ба кор қабул намудан

moddai-179-kodeksi-mehnat

Моддаи 179-и Кодекси Меҳнат. Ҷуброни хароҷоти корманд ҳангоми ба маҳалли дигар ба кор қабул намудан, гузарондан ва ба кор фиристонидан 1.     Барои кормандон, шахсоне, ки таҳсилро хатм намуда, ба маҳалли дигар ба кор мегузаранд ё бо роҳхат аз ҷойи дигар ба кор омадаанд, бо тарзи муташаккилона ё бо мувофиқаи пешакӣ …

Муфассал »