Главная / Ҷамъият / Ҳолатҳои ҷавобгарии пурраи моддии корманд барои расонидани зарар ба корфармо

Ҳолатҳои ҷавобгарии пурраи моддии корманд барои расонидани зарар ба корфармо

Моддаи 190-и Кодекси Меҳнат. Ҳолатҳои ҷавобгарии пурраи моддии корманд барои расонидани зарар ба корфармо

  1. Ба зиммаи корманд ҷавобгарии пурраи моддӣ барои зарари ба корфармо расонидашуда дар ҳолатҳои зерин вогузор карда мешавад:

– таъмин накардани ҳифзи молу мулк ва дигар дороиҳои дар асоси шартномаи хаттӣ оид ба ҷавобгарии пурраи моддии ба корманд супоридашуда;

– таъмин накардани ҳифзи молу мулк ва дигар дороиҳои дар асоси ҳуҷҷатҳои якдафъагӣ ҳамчун зерҳисоб қабулкардаи корманд;

– расонидани зарар дар ҳолати мастӣ, бар асари истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда;

– камомад, қасдан несту нобуд ё хароб кардани мавод, маҳсулоти нимтайёр, маснуот (маҳсулот), аз ҷумла ҳангоми тайёр кардани онҳо, инчунин асбобу анҷом, либосҳои махсус ва дигар ашёи барои истифода ба корманд додашуда;

– расонидани зарар аз ҷониби корманд бо кирдорҳои ғайриқонунии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– расонидани зарар ҳангоми иҷро накардани уҳдадориҳои меҳнатӣ;

– қасдона фош намудани сирри хизматӣ ва тиҷоратӣ, агар шартҳои маҳфуз нигоҳ доштани он дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ шуда бошанд;

– дар ҳолатҳое, ки ҷавобгарии пурраи зарари ҳангоми иҷрои вазифа расонидашуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи корманд гузошта шуда бошад.

  1. Ҷавобгарии пурраи моддии корманд барои зарари ҳангоми иҷрои вазифа расондашуда дар шартномаи меҳнатӣ, ки бо роҳбари ташкилот, муовинони ў ва сармуҳосиб баста шудааст, муқаррар карда мешавад.
  2. Ҷавобгарии моддии корманд ҳамон вақт имконпазир аст, ки агар зарар бо гуноҳи ў ба корфармо расонида шуда бошад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …