Главная / Ҷамъият / Ҷавобгарии моддии коллективӣ барои расонидани зарар

Ҷавобгарии моддии коллективӣ барои расонидани зарар

Моддаи 191-и Кодекси Меҳнат. Ҷавобгарии моддии коллективӣ барои расонидани зарар

  1. Ҳангоми аз ҷониби кормандон дастаҷамъона анҷом додани намудҳои алоҳидаи кор вобаста ба нигоҳдорӣ, коркард, фурўш (интиқол), боркашонӣ, қабул ё дигар истифодабарии дороиҳо, дар мавриди расонидани зарар муайян карда натавонистани ҷавобгарии ҳар яки онҳо ва бо онҳо бастани шартнома оид ба ҷуброни пурраи зарар, мумкин аст ҷавобгарии моддии коллективӣ ба расмият дароварда шавад.
  2. Байни корфармо ва ҳамаи аъзои коллектив дар бораи ҷавобгарии моддии коллективӣ шартномаи хаттӣ баста мешавад.
  3. Ҳангоми ихтиёран ҷуброн намудани зарар дараҷаи гуноҳи ҳар як аъзо бо розигии ҳамаи аъзои коллектив ва корфармо муайян карда мешавад.
  4. Ҳангоми ба тариқи судӣ ситонидани зарар дараҷаи гуноҳи аъзои коллектив аз ҷониби суд муайян карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …