КАХЕКСИЯ (юн. kachexia – ҳолати бад, бетобӣ), аз ҳад зиёд хароб шудани организм, ки дар натиҷа фаъолияти физиологӣ ва рӯҳии одам низ тағйир меёбад. Сабаби К. ихтилоли амиқи мубодилаи моддаҳо аст. К. бинобар гуруснагии бардавом, омосҳои саратонӣ, бемории ғадудҳои усораи дохилӣ ва майна, заҳролудии музмин (аз марги муш, сурб, симоб, фтор), амрози сироятӣ ва ангалӣ (сил, сифилис, вараҷа, амёбиаз), сиррози ҷигар, колити захмӣ, баъзе бемориҳои рӯҳӣ ва ғ. сар мезанад. Ҷараёни К., одатан, музмин аст. Фарҷоми К. ба бемориҳои асосӣ вобаста буда, онҳо бояд табобат карда шаванд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Литсейи Умари Хайём дар шаҳри Душанбе
31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон …